Чиро бояд ҳар мусалмон дар бораи моҳи мубораки Рамазон донад

© Sputnik / Стас ЭтвешПолумесяц, архивное фото
Полумесяц, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мафҳуми моҳи мубораки Рамазон чист ва ҳар мусалмон дар айёми рӯзаи шариф бояд дар чӣ бора фикр кунад

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik, Рубен Гарсия. Барои тамоми мусулмонони дунё моҳи мубораки Рамазон ва рӯзаи шариф оғоз меёбад. Ин на танҳо айёми худдорӣ аз хӯрдану нӯшидан ва алоқаи ҷинсӣ дар замони фаҷр то мағриб, балки давраи тарбияи бадан ва рӯҳ аст.

Зиёда аз ин, Рамазон беҳтарин вақт барои ёдовар шудани мабдаъҳои муҳимтарини таълимоти исломӣ, ки яке аз онҳо канорагирӣ аз мунфиқӣ мебошад, ба шумор меравад, зеро мунофиқ ҳеҷ гоҳ аз дарвозаҳои биҳишт гузашта наметавонад. 

Бинобар ин, барои мусулмон ниҳоят муҳим аст, ки эҳтиёт бошаду, тавассути тарафи расмии Рамазон маънии амиқи рӯзаро дар тафаккури тақводор мубҳам назанад.

Намози таровеҳ дар моҳи Рамазон - Sputnik Тоҷикистон
Фазилатҳои моҳи Рамазон
 

"Рамазон — қабл аз ҳама покии рӯҳ ва тозагии ҷисм аз ҳама чизҳои гуноҳовар ва хатоҳое аст, ки дар давоми сол ҷамъ мешаванд. Дар ин маврид рӯза метавонад моро беҳтар гардонида, ба самти мусбӣ барад, ба шарте, ки худи мо бо кумаки тавбаву салот ба тағйирёбӣ ва неккирдорӣ омода бошем. Чӣ тавре, ки дар Қуръони шариф меояд, Худованд аҳволи моро дигар намекунад то лаҳзае, ки худи мо ба тағйир додани он напардозем", — таъкид мекунад муовини раиси Идораи рӯҳонии мусулмонони Русия Рушан Аббясов.

Ӯ хотиррасон кард, ки дар рӯзҳои сиём Шаби лайлатулқадр — вақти махсусест, ки ба таърихи 26-ум ва 27-уми моҳи Рамазон рост меояд ва он хотиррасон аз ваҳйи аввалин сураи Қуръони шариф ба пайғамбар Муҳаммад аст.

Мувофиқи ақидаҳои дини ислом, маҳз дар ин шаб Худованд ба тақводорон кумак мекунад, ки онҳо рӯҳан обутоб ёбанд, ба шарте ки имондор самимона ба гуноҳҳои худ тавба кунад ва Қуръонро ботинан омӯзад. Аммо чунин поксозӣ ногаҳон аз боло намеояд. Ба омадани он аъмоли дурударозу пурмашаққатро бояд анҷом дод, ки ба ин дар моҳи Рамазон диққати махсус дода мешавад. 

"Муҳим он аст, ки аз фикру суханҳо, рафторҳои манфӣ, вақтгузаронии беҳуда, одатҳои ношоям канораҷӯӣ кард. Ба ҷои ин ҳама бояд тарзи ҳаёти солимро пеш гирифт, бештар машғули қироати кутуби муфид шуд, намозгузорӣ карду дар дил барои ҳамду санои Худованди бузург макон пайдо намуд", — шарҳ дод муфтии Маскав Илдар Аляутдинов.

Бесплатное маршрутное такси в честь месяца Рамазан - Sputnik Тоҷикистон
Роҳкиро ройгон: Иқдоми ронандаи душанбегӣ дар моҳи мубораки Рамазон

Ба гуфтаи вай, чунин "азнавсозии" рӯҳӣ ва ҷисмӣ барои имондор хеле фоиданок аст, зеро Худованд ба одамон танҳо некӣ мехоҳад, имкони беҳтаршавӣ медиҳаду, абдонашонро сиҳаттар мегардонадва дар ниҳоят, шароити тағйирёбии рӯҳӣ барояшон муҳайё месозад.

Вале, шояд, қисмати муҳимтарини моҳи шарифи Рамазон, ки бидуни он поксозии рӯҳӣ ғайриимкон аст, ҳатто агар мусалмон бо ҷидду ҷаҳд рӯза гираду самимона намоз хонад, меҳрубонӣ ва дилдорӣ нисбат ба ақрабояш аст. Тибқи иттилооти олимони исломшинос, рӯзаи муборак — беҳтарин имкон барои мусулмон аст, ки ба оламиён аълотарин сифатҳои одамӣ, бигзор меҳрубонӣ, некукорӣ, саховатмандӣ ва ғайраҳо бошанд ва ба дигарон намунаи ибрат будани ахлоқи худро нишон диҳад.  

Чӣ тавре, ки имом Аляутдинов меҳисобад, ин тарзи ҳаёт, ки дар давоми моҳи Рамазон ба амал меояд, тадриҷан усули зиндагии имондор мегардад ва ӯро ба муваффақият дар ин дунё ва оқибат роҳнамоӣ мекунад.

Ба ин фикр Рушан Аббясов, олими диншинос, куллан розӣ аст. "Албатта, рӯза ба мо имконият медиҳад то вазъияти нирёзмандонро бештар дарк намоем. Бино бар ин, мо садақаи махсус — Закоти фитрро ба нафароне медиҳем, ки дар вазъияти баддтаре аз мо, қарор доранд. Ин имконест, ки ҳарчи бештар мо ба корҳои нек машғул шавем ва сипосгузори Худованд бошем, ки метавонем моҳи мубораки Рамазонро бо тансиҳатӣ гузаронем", — тавзеҳ дод олими диншинос ба Sputnik Тоҷикистон. 

Рамазон яке аз панҷ рукнҳои Ислом аст, ки барои ҳамаи мусалмонон воҷиб мебошад. Дар давоми тамоми моҳ, аз тулӯъ то ғурӯби офтоб, нафари муъмин бояд аз хӯрдан, нӯшидан, тамокукашӣ ва наздикшавии шаҳвонӣ, дурӣ ҷӯяд. Моҳи мубораки Рамазон — вақти намоз, тавба кардан ва рӯй овардан ба сӯи Худованд аст.

Ҳар рӯзи худро мусулмон бояд аз ният оғоз кунад, ки таъйидкунандаи омодагии доштани рӯза аст. Барои беморон, пиронсолон, кӯдакон, занони ҳомиладор ва ҳамаи онҳое, ки шароити сангини доштани рӯза метавонад барои саломатӣ ва зидагияшон хатар эҷод кунад, каме сабукӣ пешбинӣ карда мешавад.   

Интиҳои моҳи Рамазон бо намозгузории умумӣ машҳур аст, ки пас аз он Иди Фитр, ё Иди Рӯза, ки се рӯз давом мекунад, шурӯъ мешавад. Одамон Худовандро шукр мегӯянд, хешовандон ва дӯстони худро меҳмондорӣ мекунанд. Саховатмандӣ, аниқтараш додани садақа, шарти ҳатмии Иди Фитр аст.

Лентаи хабарҳо
0