Рамазон дар луғати араб аз "рамазо" ба маънои шиддати ҳарорат гирифта шуда ва ба маънои сузонидан мебошад, омадааст дар сомонаи илмӣ-иҷтимоии Тоҷикон.
Сомона аз ҳадиси Пайғамбар мисол меорад, ки гуфта шудааст, "Моҳи Рамазон ба ин ном хонад шуда аст, зеро гуноҳонро месузонад."
Рамазон номи яке аз моҳҳои қамарӣ ва танҳо моҳи қамарӣ аст, ки номаш дар Қуръон омада аст ва яке аз чаҳор моҳе аст, ки Худованд ҷангро дар он ҳаром карда аст.
Фазилати дигари ин моҳ дар он аст, ки ҳар чаҳор китобҳои осмонӣ: Қуръони Карим, Инҷили ҳазрати Мусо, Тавроти ҳазрати Исо ва Забури ҳазрати Довуд дар ин моҳ нозил шудаанд.
Дар ин моҳ дар ҳадисҳои исломи моҳи Худо ва меҳмонии уммати Паёмбари Акрам (с) хонда шуда ва Худованди Мутаол аз бандагони худ дар ин моҳ дар ниҳояти каромат ва меҳрубони пазирои мекунад, менависад муаллифи матлаби Фазилати моҳи Рамазон.
"Ҳар кас ҳамаи ин моҳро рӯза бигирад, бар Худо воҷиб аст, ки ҳамаи гуноҳонашро бибахшад, бақияи умрашро тазмин кунад ва ӯро аз ташнагии дардноки рӯзи қиёмат амон диҳад", — омадааст дар ҳадиси пайғамбар.
Аз ин ҷиҳат ин моҳ дар миёни мусумонон аз эҳтиром, аҳамият ва ҷойгоҳи вижае бархурдор ва моҳи сулуки руҳии онон аст. Мусалмонон бо ҳулули ин моҳ бо шуру иштиёқ ва додани таъом ва ифтор ба ниёзмандон, шабзиндадорӣ ва ибодат, тиловати Қуръон, дуо, ифтиғфор ва тавба, додани садақа ва рӯзадорӣ руҳу ҷони худро аз сарчашмаи файзи илоҳӣ сероб мекунанд.
Гарчи зикри тамоми фазилатҳои моҳи мубораки Рамазон аз доираи ин мақола хориҷ аст, вале пардохтан ва зикри баъзе аз фазилатҳои он аз назари Қуръон ва ҳадисҳои исломи холӣ аз фоида нест.
Бартарии ин моҳи сол
Моҳи Рамазон ба ҷиҳати нозил шудани Қуръони Карим дар он ва вижагиҳои мунҳасире, ки дорад дар миёни моҳҳои соли қамарӣ бартарин аст.
"Моҳи Рамазон моҳе аст, ки Қуръон барои ҳидояти инсонҳо дар он нозил шуда аст", — омадааст дар Қуръони Карим.
Инсон илова бар ҷанбаи моддӣ ва ҷисмӣ, дорои буъди маънавӣ ва руҳӣ ҳам ҳаст ва ҳар кадом дар расидан ба камоли матлуби худ, барномаҳои вижаеро ниёз доранд. Яке аз барномаҳо барои тақвият ва рушди буъди маънавӣ, тақво ва парҳезгорӣ аст. Яъне агар инсон бихоҳад худашро аз ҷанбаи маънавӣ рушд ва парвариш диҳад ва ба таҳорат ва камоли матлуб бирасонад, бояд ҳавои нафси худро маҳор кунад ва манеъҳои рушдро яке пас аз дигаре бар дорад ва худро саргарми лаззатҳо ва шаҳватҳи ҷинсӣ накунад. Яке аз аъмоле, ки дар ин росто муасиир ва муфид аст, бешубҳа, рӯзадорӣ аст.
"Эй афроде, ки имон овардаед! Рӯза бар шумо навишта шуд (фарз шуд), ҳамонгуна ки бар пешиниён аз шумо фарз шуда, то парҳезгор шавед", — омадааст дар ояти 183 сураи Бақараи Қуръони Карим.
Яке аз фазилатҳои Рамазон ин аст, ки рӯзадорӣ руҳ ва равон ва қалбу дилу ҷисмро оромиш дода ва боиси саломатии руҳ ва тандурустии ҷисм мешавад.
"Рӯза бигиред то солим бимонед", — омадааст дар ҳадиси пайғамбар.
Ошкор аст фазилатҳо ва савобҳое, ки барои моҳи мубораки Рамазон ва рӯзадорӣ зикр шуд ва ба бархе аз онҳо ишора шуд, аз они касоне аст, ки ҳақиқати онро дарк кунанд ва ба муҳтавои он амал ва дар гуфтор ва кирдор ба кор гиранд ва ба онҳо ҷомаи амал бипушонанд, навиштааст муаллифи матлаб.