Тарозу баҳона: гӯши таксиронҳои беинсофро кӣ мекашад?

© SputnikПлатный участок дороги дехмой, архивное фото
Платный участок дороги дехмой, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ронандагони мусофиркаши Душанбе – Суғд дар арафаи иди Наврӯзи оламафрӯз нархи роҳкироро ба осмони ҳафтум бардоштанд. Роҳкиро барои як нафар одам аз Душанбе то вилояти Суғд аз 100 сомонӣ то 150 сомонӣ боло бардошта шуд

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik, Шервони Умриддин. Бештари донишҷӯёне, ки дар шаҳрҳои дур аз зодгоҳашон таҳсил мекунанд, бо мошинҳои сабукрави мусофиркаш дар як сол 3 ё 4 маротиба ба зодгоҳашон рафта, падару модар ва хешу таборро дида меоянд.

Аммо тарозуҳое, ки дар шоҳроҳи Душанбе — Хуҷанд сохта шудаанд ба рафту омади донишҷӯён монеъа мешаванд. Зеро кормандони он чун хӯҷаини роҳ аз ҳар як мошини омада истода, новобаста чӣ гуна мошин аст маблағи барзиёде меситонанд. Бо ин сабаб ронандагони мошинҳои сабукрави мусофиркаш, ки донишҷӯёнро бурда меоранд, роҳкироро хеле гарон карда, ба осмони ҳафтум бардоштаанд.

Оё роҳбарияти ширкати хусусии Инновейтив Роуд Солюшнз (ИРС) ё ронандаҳои мошинҳои сабукрави мусофиркаш ба донишҷӯён раҳм надоранд? Оё фикр намекунанд, ки донишҷӯи бечора маблағ дорад ё на?

Пробка на дороге Душанбе - Худжанд. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ду корманди ширкати IRS дар Шаҳристон осеб диданд: яке аз онҳо ҷон бохт

Аксарияти падару модарон бошанд либосҳои нав ба нав напӯшида, хӯрок нахӯрда, шабу рӯз кор мекунанд, то ки фарзанди ҷигарбандашон хонад ва дар оянда шахси обурӯманд шаваду ба давлату миллати хеш содиқона хизмат кунад. Маблағи гарони роҳкирои Душанбе — Суғд зиндагии бе ин ҳам душвори онҳоро душвортар кардааст.

Бисёри донишҷӯёни суғдӣ, ки дар пойтахт таҳсил мекунанд бо сабаби гарон будани роҳкиро ба зодгоҳашон намераванд ва маҷбур дар шаҳри бегона бо ёди падару модарашон бесаброна, бо ғаму пазмонӣ менишинанд. Дур аз зодгоҳу оила будан барои донишҷӯён чӣ гуна мушкил аст.

Чаро ва барои чӣ нархҳои мошинҳои мусофиркаши Айнӣ, Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд ва Исфара дар рӯзҳои истироҳати донишҷӯён — фарз кардем дар моҳҳои июн, август ё январ феврал ё дар шабу рӯзи Соли нав, ҷашни Наврӯз, иди Рамазону Қурбон нархи роҳкиро барои як нафар одам аз Душанбе то ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз 100 то 150 сомонӣ мебарояд?

Чаро баъзе ронандагони мусофиркаши Душанбе — Суғд аз рӯи мақоли "худам шоҳу табъам вазир" амал карда, нархномаи роҳкироро ба осмони ҳафтум баровардаанд? Ишками сер кай парвои ишками гушнаро дорад!

Замоне, ки нақбҳо бунёд нашуда буданд ва роҳ вазнин буд, мошинҳо бо ағба мерафтанд, роҳкиро аз 100 то 130 сомонӣ буд. Ҳоло бошад роҳи Душанбе — Хуҷанд ба ширкати хусусии ИРС на ба иҷора, балки ба мӯҳлати 30 сол ба таври ройгон супорида шуд ва ин кор дар давлате сурат гирифт, ки зиёда аз 45% аҳолиаш дар ҳолати камбизоатӣ қарор дорад. Роҳи Душанбе — Хуҷанд нахустин роҳи пулакии Тоҷикистон дар шимоли ҷумҳурӣ аст, ки 10 соли расо шуд фаъолият дорад.

Дарозии умумии роҳи автомобилгарди Душанбе — Хуҷанд, 355 км. буда, 3 нақб бо дарозии 11 км. ва 33 галерея дорад, ки ҳоло ҳам роҳкиро ба мисли пешин ҳамин миқдор буду боқӣ мондааст.

Дар шоҳрои Душанбе — Суғд дар як сол қариб 100 садамаи нақлиётӣ мешавад ва 100 нафар аз олам чаш мепӯшанд. Чаро ширкати хусусии ИРС, ки барои нигоҳдории роҳ муваззаф асту аз ронандаҳо маблағ меситонад ва чаро дар паҳлӯҳои ин шоҳроҳ садд намесозад, ки агар нақлиёт ба садама дучор шавад ба ҷарӣ нафурояд? На танҳо ширкати хусусии ИРС, бо битону сангу хок қодир аст, ки пули ҷамъ мекардааш бо хамба — хамба садд бисозад?

Гӯед: Кӣ ғами маро мехӯрад?

На дороге Душанбе-Чанак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Осон кардем: IRS арзиши роҳи Душанбе-Чаноқро гарон кард

Гӯед: Кӣ ба ҳоли ман дилсӯзӣ мекунад? Кӣ ба ободии ман саъю талош менамояд?

Агар донишҷӯён аз ронандагони мошинҳои сабукрави мусофирбар суол кунанд, ки чаро арзиши роҳкиро баланд аст, ҷавоб медиҳанд, ки сабаб ҳамин тарозуҳои сабилмонда аст — мегӯянд ронандагон.

Сӯҳбате доштам бо як чанд тан ронандагони мошинҳои сабукрави мусофиркаши вилояти Суғд.

Як ронандаи мусофиркаши Душанбе — Исфара, ки аз гуфтани номи худ худдори намуда, иброз дошт, мо ронандагон ба он хотир роҳкироро аз донишҷӯён қиммат мегирем, ки агар ГАИҳои вилояти Суғд аз мо ронандагон 1 сомонӣ талаб карда гиранд, ГАИҳои Душанбе бошанд 1, 3, 5 сомониро назарашон умуман намегирад.

Мебинанд, ки шумораи мошини мо дар қайди вилояти Суғд ("02") аст аз 10, 20, 50 сомонӣ ҳарф зада, боз шарм накарда тамаъ карда, ситонида мегиранд.

Ронандаи дигари мусофиркаши Душанбе — Истаравшан Ҷаҳонгир мегӯяд, ки донишҷӯён як маротиба ба роҳбарияти ширкати хусусии ИРС муроҷиат кунанд, ки чаро роҳкирои вилояти Суғд қиммат асту роҳкирои вилояти Хатлон арзон аст?

Масалан шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳам масофаи мисли шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд барин аст? лекин роҳкирош арзон аст? зеро дар роҳҳояш тарузу умуман вуҷуд надорад. Боз мо ронандагон барои як нафар клент аз стаянкаи Симинзавод гирифтан ба роҳбарияти стаянка аз 15 то 20 сомонӣ барои як нафар одам пул медиҳем — мугӯяд ронандаи истаравшанӣ.

Бинои ВКД ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВКД: боздошти ронанда барои напардохтани пули IRS ва зӯроварӣ

Амриддин Солеҳов, ронандаи мусофиркаши Душанбе — Панҷакент иброз дошт, ки ҳастанд ронандагони беинсофу Худонотарс, ки аз донишҷӯёни бечора нархи роҳкироро гарон ситонида мегиранд. Лекин ман то ҳол аз ягон донишҷӯён нархи гарон пул нагирифтаам ва гирифтан ҳам намехоҳам.

Ман аз тамоми ронандаҳое, ки бо мусофирбарӣ машғуланд, хоҳиш мекунам, ки лаҳзае ҳам бошад фикр кунанд, ки оё ин рафторашон аз рӯи инсоф аст? Агар фарзандони ронандагон донишҷӯй мебуду азоби бепулию мусофирӣ мекашид, чӣ гуна ронандагон муомила мекарданд?

Аз мақомотҳои дахлдор пурсиданиам, ки чаро нархи роҳкироро назорат ва танзим намекунанд? Бояд ҳадди ақал нархи роҳкиро муқаррар карда шавад ва мутассаддиён ронандаҳои беинсофу нафсашон ба осмонҳои ҳафтуми дакказадаро ба худ оварда, гӯянд, ки дигарон ҳам монанди Шумо бо карру фару савлату давлат набошад ҳам, серу пур зиндагӣ кардан мехоҳанд. Ҳалли дурусти қазия ягона роҳи халосӣ аз мушкилот аст.

Лентаи хабарҳо
0