ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Филиали Ширкати саҳомии "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" (IRS) дар Тоҷикистон роҳкирои гузаштан аз як плазаро аз 20 то 60 дирам боло бурд.
Дар ин бора дар торномаи ин ширкат гузориш дода шудааст.
"Филиали ширкат ин нархномаҳоро яклухт кардааст, то пардохт барои мусофирон осонтар шавад, — омадааст дар хабарнома.
Дар ин росто манбаъ афзуда, ки овозаҳо бобати боло бурдани нархи тарофаҳо воқеият надорад, ҳарчанд барои боло рафтанашон асос вуҷуд дорад.
Дар ҳамин ҳол зикр мешавад, ки таъмири куллии роҳ масрафи зиёд дошта, дар ин замина роҳ пурра аз нав таъмир мешавад.
"Дар заминаи ҷорӣ намудани низоми навсозишудаи толлингӣ теъдоди плазаҳои филиали Ширкат, ки он замон 7-то буд, ба 6-то расида, дар натиҷа, плазаи воқеъ дар Майхура аз байн бардошта шуд ва маблағе, ки пеш дар Майхура пардохт мешуд, мутаносибан ба плазаҳои Варзоб ва Ҳушёрӣ тақсим шуданд", — шарҳ дода мешавад дар хабарнома.
Айни замон дар ин роҳ плазаҳои Варзоб, Ҳушёрӣ, Шаҳристон, Истаравшан, Деҳмой ва Чорух амал мекунанд.
Пештар раҳбарияти филиали ширкат гуфта буд, ки дар заминаи ҷорӣ намудани низоми навсозишудаи толлингӣ теъдоди плазаҳои филиали ширкат, аз 7 ба 6 расонида мешавад.
Дар натиҷа, плазаи воқеъ дар Майхура аз байн бардошта шуд ва маблағе, ки дар Майхура пардохт мешуд, мутаносибан ба плазаҳои Варзоб ва Ҳушёрӣ тақсим шуданд.