Ду корманди ширкати IRS дар Шаҳристон осеб диданд: яке аз онҳо ҷон бохт

© Sputnik / Амир ИсаевПробка на дороге Душанбе - Худжанд. Архивное фото
Пробка на дороге Душанбе - Худжанд. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як корманди ширкати IRS дар паи бархӯрди худравҳо дар бузургроҳи Душанбе – Хуҷанд ҷонашро бохта ва яке аз ҳамкоронаш сахт захмӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Як корманди ширкати IRS дар паи бархӯрди худравҳо дар бузургроҳи Душанбе – Хуҷанд ҷонашро бохта ва яке аз ҳамкоронаш сахт захмӣ шудааст.

Ба гузориши хабаргузории ТоҷикТА, ин тасодуф имрӯз бомдод дар 205-ум километри бузургроҳ дар қаламрави ноҳияи Шаҳристон рух додааст.

“Дар ин тасодуф, ки имрӯз бомдод дар бузургроҳи Душанбе – Хуҷанд рух дод, Зафар Ғоибов ном яке аз кормандони ширкати IRS ҷонашро аз даст дода ва яке дигар аз ҳамкоронаш сахт захмӣ шудааст”, — гуфтовард кардааст ин хабаргузорӣ сухангӯи он ширкатро.

Гуфта мешавад, ки дар ин тасодуф, ки ба далели меғолуд будани ҳаво ва душвор будани диди роҳ рух додааст, 8 худрав ба якдигар бархӯрд кардаанд. Тасодуф аз он сар зада, ки боркашоне дар канори роҳ боз истода ва дигар худравҳо ба он бар хӯрдаанд.

Сухангӯи ширкати IRS ба хабаргузорӣ гуфтааст, ки Зафар Ғоибов ҳангоми рух додани ин тасодуф машғули пошидани моддаҳои яхшикан будааст.

Лентаи хабарҳо
0