ВКД: боздошти ронанда барои напардохтани пули IRS ва зӯроварӣ

© SputnikБинои ВКД ҶТ. Акс аз бойгонӣ
Бинои ВКД ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҳоли ҳозир алайҳи ронанда, ки худ низ гирифтори бемории нашъамандӣ аст, барои зӯроварӣ нисбати намояндаи мақомоти қудратӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Дар нуқтаи пулҷамъкунии ширкати IRS дар ноҳияи Шаҳристон як ронанда аз додани маблағ саркашӣ ва ба масъулини ширкат носазо гуфта, мавриди боздошт қарор гирифт, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ВКД ҶТ.

Нақлиёти хидматии БДА ВКД ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
БДА ба ронандаҳои тоҷик ҳушдор медиҳад

"Ронандаи автомашинаи "Опел", ки аз самти ноҳияи Айнӣ ба Шаҳристон ҳаракат мекард, аз пардохти маблағи саркашӣ карда, сӯи ходимони амниятии посгоҳ, ки аз пешаш омадаанд, ҳаракат кардааст. Сержант Ҷавҳар Носиров, ки дар хизмат қарор доштаст, бо мушоҳидаи ҳолати мазкур барои ҳалли қазия ҳозир шудаст. Аммо ронанда ба талаботи ӯ итоат накарда, бо зӯроварӣ яроқи сержантро гирифта, фирор намудаст",- омадааст дар хабари сарчашма.

Дар пайи таъқиб, ронанда аз уҳдаи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурие сарозер гардида, аснои боздошт муайян шуд, ки нақлиёт таҳти идораи Аҳмадалиев Ренат Ғолибовичи 32-сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Спитамен қарор доштааст.

Ӯ қаблан барои муомилоти ғайриқонунии воситаи нашъадор дар Русия суд шудааст.

ВКД мегӯяд, айни замон алайҳи ин ронанда, ки худ низ гирифтори бемории нашъамандӣ аст, барои зӯроварӣ ва муқовимат бо корманди хадамоти муҳофиза парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.   

Лентаи хабарҳо
0