Обистанӣ дар муҳоҷират: агар муҳоҷире дар Маскав ҳомила шавад, куҷо бояд муроҷиат кунад

CC0 / Pixabay / Беременная женщина, архивное фото
Беременная женщина, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Sputnik Тоҷикистон пайгирӣ кард, ки агар шаҳрванди обистани Тоҷикистон хоста бошад дар Маскав кӯдак ба дунё оварад, аз кадом ниҳодҳо метавонад кумаки пизишкӣ дарёфт кунад

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik, Дмитрий Матвеев. Аз Тоҷикистон дар баробари ҷавонону мардон бисёр духтарону занон низ барои кор ё донишомӯзӣ ба Русия меоянд ва бисёре аз онҳо Маскавро ихтиёр мекунанд. Бо гузашти замон бархе аз духтарон инҷо шавҳар мекунанд ва фарзанддор мешаванд.

Вале бисёре аз занҳои тоҷик, ки дар муҳоҷират обистан ё ҳомила мешаванд, намедонанд, ки агарчанде шаҳрванди Русия нестанд, вале ҳаққ доранд ёрии пизишкӣ дарёфт кунанд, агар иқоматашон дар ин кишвар қонунӣ бошад. Яъне агар онҳо сабти иқомати муваққат (регистрасия) ва муҷаввизи кор (патент) дар Русия дошта бошанд, метавонанд ҳангоми обистанӣ аз ниҳодҳои пизишкии давлатӣ ёрӣ дарёфт кунанд.

Sputnik Тоҷикистон пайгирӣ кард, ки агар шаҳрванди обистани Тоҷикистон хоста бошад дар Маскав кӯдак ба дунё оварад, аз кадом ниҳодҳо метавонад кумаки пизишкӣ дарёфт кунад.

Ёрии пизишкиро бояд ба ҳар обистане бирасонанд

Нахустин донистание, ки ҳар зани обистане бояд бидонад, ин аст, ки вай ҳаққи дарёфти ёрии пизишкӣ дорад. Ҳар касе ҳаққи муроҷиат ба бемористонро дорад, хоҳ шаҳрванди Русия бошад ва хоҳ набошад, хоҳ сабти иқомат дошта бошад ва хоҳ надошта бошад, хоҳ бимаи пизишкӣ дошта бошад ва хоҳ надошта бошад.

Ҳаққи шаҳрвандони хориҷӣ ба дарёфти ёрии пизишкӣ дар қаламрави Русия бо қонунгузории ин кишвар ва қарордодҳои байналмилалии он муқаррар шудааст.

Дар Русия ҳар касе ҳаққ дорад:

Пизишк ё бунгоҳи дармониро худ интихоб кунад;

Дарду бемориҳояшро дар бунгоҳҳои дармонӣ (аз дармонгоҳ то бемористонҳо) ва дар шароити муносиби беҳдоштиву дармонӣ пешгирӣ, ташхис, дармон ва тавонбахшӣ кунад;

Аз коршиносони пизишкӣ мушовира ва роҳнамоӣ дарёфт кунад;

Дарду ранҷҳоеро, ки аз бемориҳо ва ё амалиёти пизишкӣ мекашад, бо равишҳои муносиб ва доруҳо кам кунад ё ором бахшад;

Иттилоъоти дуруст дар бораи ҳуқуқ ва масъулиятҳо ва вазъи саломатии худ дарёфт кунад, ҳамчунин касонеро интихоб кунад, ки пизишкон метавонанд иттилоъот дар бораи вазъи саломатии дармонҷӯро ба ӯ бидиҳанд;

Хӯроки дармонӣ дарёфт кунад, агар дар бемористон бистарӣ бошад;

Иттилоъотеро, ки асрори пизишкӣ ҳастанд, маҳфуз нигаҳ дорад;

Аз мудохилоти пизишкӣ даст кашад;

Ҷуброни осебҳоеро, ки аз дасти пизишкон дидааст, бихоҳад;

Барои дифоъ аз ҳуқуқи худ аз вакил ё намояндаи қонунӣ кумак бигирад;

Руҳониро назди худ фаро хонад ва агар дар бемористон бистарӣ бошад, маросиму маносики диниву мазҳабияшро дар макони муносиб ва дар сурати вуҷуди шароити муносиб ба ҷо оварад.

Женщины Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Бе калӯш ва доманҳои кӯтоҳ: барои либоспӯшии занон дастурамал мунташир шуд

Ба дигар сухан, ҳар зани обистане ҳаққ дорад ба бемористон муроҷиат кунад ва ройгон (бепул) ёрии пизишкӣ дарёфт кунад.

Албатта кам нестанд мавридҳое, ки пизишкони ёрии таъҷилӣ аз муҳоҷирон ҳуҷҷату санад хостаанд пеш аз он ки онҳоро ба бемористон баранд. Ба гуфти Даврон Муҳаммадиев, ҳамозангсози умури пизишкии Дафтари урупоии Федеросюни байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Будапешт, дар бархе аз маворид пизишкҳо аз муҳоҷирон пул ҳам талаб мекунанд ва баҳона меоранд, ки гӯё онҳо танҳо се рӯз ҳаққ доранд дар зоишгоҳ ё бемористон ройгон бистарӣ шаванд.

"Куҷо чунин навишта шудааст? Чунин қонуне нест, балки ҳамаҷо гуфта мешавад, ки давлат муваззаф аст дармонҷӯёнро то замоне ройгон дармон кунад, ки дигар хатаре ба ҷонашон таҳдид накунад. Мо бо чунин маворид дар мубориза ҳастем ва ҳар боре, ки бо чунин бархӯрде дуҷор мешавем ва қазияро рӯшан мекунем, масъала зуд ҳалл мешавад ва бемористонҳо розӣ мешаванд шаҳрвандони хориҷиро доруву дармон кунанд", — мегӯяд Муҳаммадиев.

Вай тавсия мекунад, ки агар муҳоҷирон бо чунин бархӯрде дучор шуданд, бедиранг аз Салиби Сурх кумак бихоҳанд. Зеро пизишк муваззаф аст ба ҳама, ва пеш аз ҳама ба занҳои ҳомила, ёрӣ бирасонад.

Дардат гирифт? Зоишгоҳ бидав!

Ҳар хориҷии обистане бояд бидонад, ки агар хатаре ҷонашро таҳдид кунад, пизишкон ҳаққ надоранд аз ёрирасонӣ ба ӯ сар бипечанд. Яъне агар замони зоиданаш наздик шуда, ҳаққ дорад ба наздиктарин бемористон ё зоишгоҳи Маскав биравад, ҳатто агар регистрасия ва полис ҳам надошта бошад.

"Агар ҳангоми расидан ба бемористон ё зоишгоҳ дармонҷӯи обистан регистрасия ё бимаи пизишкӣ надошта бошад, мо ӯро мепазирем ва ёрияш мерасонем то фарзандашро таваллуд кунад. Сипас ин зан то беҳбуд ёфтани вазъаш дар бунгоҳи дармонӣ мемонад. Агар хатаре ба саломати модару кӯдак таҳдид кунад, онҳо то пурра беҳбуд ёфтан дар бунгоҳи дармонӣ мемонанд. Вале агар вазъи саломати модару кӯдак хуб бошад, онҳоро дар дувум ё севум рӯз пас аз таваллуд аз зоишгоҳ гусел мекунанд", — тавзеҳ дод Камол Мақсадов, сарпизишки Бемористони № 33 дар шаҳри Санкт-Петербург.

Вай афзуд, ки агар зане ё хешовандонаш бихоҳанд, ки ӯ бештар дар дармонгоҳ ё зоишгоҳ бимонад, пас бояд ҳазинаи ҳар рӯзи дармонгирияшро ҷудогона пардохт кунанд.

Ҳуқуқдон Руслан Трофимов, ки коршиноси умури пизишкӣ ва хонаводагӣ аст, тавсия мекунад, ки агар зани обистанро дар зоишгоҳ напазиранд, бояд ба Бунёди федеролии бимаи пизишкӣ (Федеральный фонд обязательного медицинского страхования) занг бизананд.

Ғунучини пахта. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Хатлон занони ҳомиларо аз кор дар гармо ҳушдор доданд

Вай ҳамчунин гуфт, ки занҳои обистан ҳамчунин метавонанд худро дар бунгоҳи роҳнамоиҳои пизишкии занона (женская консультация) номнавис кунанд. Барои номнависӣ дар ин бунгоҳ бонувон бояд шиноснома, баргаи муҳоҷират, санади сабти иқомати муваққат ва бимаи пизишкии худро пешниҳод кунанд.

Ҳар обистане бимаи пизишкӣ дорад

Бояд донист, ки муҳоҷире, ки бимаи пизишкӣ надошта бошад, имрӯз дар Маскав бисёр камшумор аст. Зеро дар соли 2018 бимаи пизишкии довталабона яке аз санадҳои зарурӣ барои иқомати қонунии муҳоҷирон дар қаламрави Русия шудааст.

Бино бар қонунгузории ҷории кишвар, ҳар хориҷие, ки вориди Русия мешавад, бояд дар нахустин рӯз аз иқоматаш бимаи пизишкӣ дарёфт кунад.

Муҳоҷирфиребҳое, ки ин қонунро медонанд, кӯшиш мекунанд дар фурӯдгоҳ ин бимаро ба муҳоҷирон бифурӯшанд. Вале шаҳрвандони Тоҷикистон бояд дар ёд дошта бошанд, ки бимаи пизишкиро метавонанд дар нахустин рӯзи вурудашон ба Русия дар ҳар ширкати бима харид кунанд. Агар муҳоҷир бо даъвати ширкате ба Маскав сафар кардаву бо он қарордоди корӣ дорад, ин бимаро бояд ҳамон ширкат барояш таҳия кунад.

Камтарин маблағи бимаи пизишкӣ ҳамакнун 100 ҳазор рубл аст. Бимаи пизишкӣ аз 600 то 6 000 рубл арзиш дорад ва нархаш ба теъдоди рӯзҳое вобаста аст, ки муҳоҷир худро бима мекунад.

Мигрантка из Таджикистана рассказала, как осталась без документов и жилья с маленьким ребенком на руках - Sputnik Тоҷикистон
Зани муҳоҷир: тифлонамро ёд кардам, нони қоқ мехӯрам, дар Ватани худам мехӯрам (НАВОР)

Муҳоҷире, ки бимаи пизишкӣ надошта бошад, аз 2 ҳазор то 7 ҳазор рубл ҷарима карда мешавад. Агар ин қонуншиканӣ дувумин ҷурмаш дар як сол бошад, ӯро аз Русия ихроҷ хоҳанд кард.

Ҳазинаи таваллудро кӣ пардохт мекунад?

Касе намедонад, ки раванди зоиш чигуна сурат хоҳад гирифт. Агар таваллуд бе душворие бигзарад, модару кӯдакро пас аз чанд рӯз аз зоишгоҳ ҷавоб медиҳанд. Вале чунин ҳам пеш меояд, ки модар ба сахтӣ таваллуд карда ва ниёз ба замон дорад то ба худ ояд.

Агар зане пас аз таваллуд кардан ниёз ба дармони норойгон дошта бошад, вале бимаи пизишкӣ надорад, дар ин сурат бояд ба сафорат ё консулгарии Тоҷикистон муроҷиат кунад.

"Вай бояд ҳама санаду мадракҳояшро, аз ҷумла қарордоди корияшро ба сафорат ироя диҳад ва то ҷое ки ман медонам, сафорат муваззаф мешавад ҳазинаашро пардохт кунад. Зеро агар ин обистан дар Тоҷикистон фарзандашро мезод, зоимонаш бо бимаи пизишкӣ пӯшиш меёфт", — мегӯяд дар ин бора Руслан Трофимов.

Ҳамчунин муҳоҷири тоҷик метавонад аз бунёдҳои хайрия ва ё мадание дастгирӣ бихоҳад, ки муҳоҷиронро дар дарёфти кумаки пулии пизишкӣ ёрӣ мерасонанд.

Трофимов мегӯяд, ки дар бархе аз кишварҳои Африкои Шимолӣ занҳои хориҷиеро, ки пули дармонашонро ба бунгоҳҳои пизишкӣ намепардохтаанд, то ин ҳазинаро ҷуброн намекарданд, иҷоза намедодаанд аз кишвар хориҷ шаванд. Вале дар Русия чунин мавриде ҳануз пеш наомадааст.

Просмотр на экране судебного заседание подозреваемой - Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд як зани обистанро аз боздошт раҳо кард

"Набояд аз чунин пешомаде тарсиду беҳуда ғам хӯрд, зеро дар Русия чунин бархӯрди пизишкҳо бо дармонҷӯён қонуншиканӣ дониста мешавад ва муҷозот дорад, чунки монеъ аз гашту гузори озоди шаҳрванд дар қаламрави кишвар мешаванд", — тавзеҳ медиҳад ин ҳуқуқдон.

Мурахассии давраи обистанӣ ва кӯдакдорӣ барои шаҳрванди Тоҷикистон

Агар шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав ва ё ҳар шаҳри дигаре қонунану расман ва бар асоси қарордоди корӣ истихдом шуда бошад, вай ҳаққи мураххасии давраи обистанӣ ва пас аз зоимон дорад. Аммо ин мураххасиро бояд дар оғози давраи обистанӣ расмӣ кард.

Ин мурахассиро барои шаҳрвандони хориҷӣ Қонуни кори Русия муқаррар мекунанд, ки бино бар он, шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия аз замонатҳои яксон бо шаҳрвандони бумӣ бархӯрдор ҳастанд.

Бино бар моддаи 256 Қонуни кори Русия, занҳо ҳаққи мураххасӣ барои кӯдакдорӣ то се солро доранд. ин муқаррарот на танҳо шаҳрвандони Русияро, балки муҳоҷиронеро низ дар бар мегирад, ки дар ин кишвар қонунан ва расман кор мекунанд.

Ба дигар сухан, ин модда аз қонун дарёфти мураххасии давраи обистанӣ ва пас аз зоиданро барои муҳоҷироне тазмин мекунад, ки бар асоси қарордоди расмии кор дар Русия истихдом шудаву кор мекунанд.

Барои дарёфти ин мурахассӣ кофӣ аст, ки муҳоҷир онро расман аз корфармояш дархост кунад, яъне ариза бинависад.

Мураххасии давраи обистанӣ ва кӯдакдорӣ барои кормадони хориҷӣ низ бахше аз пешинаи корашон шумурда мешавад, аз ин рӯ будубоши муҳоҷир дар ин давра дар Русия қонуншиканӣ дониста намешавад.

Коршинос: бимаи тиббӣ бо нархи 10 ҳазор рубл барои муҳоҷир ҷабр аст

Агар шаҳрванди Тоҷикистон дар мураххасии давраи обистанӣ қарор дошта бошад, бояд сари ҳар замоне ҳаизнаи патенташро пардохт кунанд, зеро дар ин давра низ корманди ширкати корфармо аст ва равобити кориаш бо корфармо қатъ нашудаанд.

Муҳоҷирон дубора дар Русия фарзанд зоидан гирифтаанд

Дар солҳои ахир шумори занҳои муҳоҷире, ки дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия фарзанд ба дунё овардаанд, якбора коҳиш ёфт.

"Чанд сол пеш зодувалад дар миёни занҳое, ки аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ба Русия дар ҷустуҷӯи кор меоянд, якбора коҳиш ёфта буд. Эҳтимолан, ин раванд бо вазъи умумии иқтисодии Русия пайванд дошт. Вале акнун вазъ рӯ ба беҳбуд ниҳода ва шумори муҳоҷирон ва дар паи он шумори зодувалад дар миёни онҳо рӯ ба афзоиш хоҳад гузошт", — мегӯяд пизишк Мақсадов.

Лентаи хабарҳо
0