ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Хатлон ба занони ҳомила ҳушдор додааст, ки дар рӯзҳои гарми тобистон, ки ҳарорат аз 47 дараҷа болост, аз эҳтиёт кор бигиранд, иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ.
Ба ин сабаб, қайд мегардад дар хабар, кормандони раёсати тандурустӣ ба корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни занони ҳомила дар вилояти Хатлон шурӯъ кардаанд.
Сардори маркази солимии репродуктивии вилояти Хатлон Парвина Убайдуллоева гуфтааст, ки аз беш аз 70 ҳазор зани ҳомила, ки дар қайди марказҳои саломатӣ ҳастанд, 40 дар садашон аз камхунӣ ранҷ мебаранд.
"Камхунӣ ба лоғарӣ ва дар натиҷа нуқсонҳои модарзодӣ мебарад. Дар ҳавои гарм аз ҳуш рафтан ва бештар шудани бемадориии занони ҳормила имкон дорад. Ин ба ҷони кӯдаки дар батнаш буда низ хатари ҷиддӣ дорад",- иброз доштааст номбурда аснои сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.
Тибқи иттилои раёсати кишоварзии вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон 47 ҳазор хоҷагии кишоварзӣ фаъолият мекунад, ки 90%-и кормандонашон аз ҷумлаи занону духтаронанд.
Моҳиниссо Шоназарова, роҳбари созмони иҷтимоии "Ахтари бахт" дар Хатлон мегӯяд, аз сабабе ки мардҳо дар муҳоҷират ҳастанд, ба ин далел бештар занону духтарон дар саҳро кор мекунад.
Зимнан, тибқи иттилои расмӣ дар вилояти Хатлон дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ беш аз 45 ҳазор кӯдак таваллуд шудааст ва дар ин муддат 9 мавриди фавти модар ба ҳангоми таваллуд сабт шуда ва сабаби аслии ин амр низ камхунӣ онҳо будааст.