Додгоҳи шаҳри Хуҷанд як зани обистанро аз боздошт раҳо кард

© SputnikПросмотр на экране судебного заседание подозреваемой
Просмотр на экране судебного заседание подозреваемой - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд занеро ба далели обистан буданаш аз боздошт раҳо карду барояш муҷозоти сабуктаре муқаррар намуд

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Хуҷанд муҷозоти як занро, ки муттаҳам ба қаллобӣ мешуд, ба далели обистан буданаш сабук кардаст.

Бино ба иттилоъи хабаргузории Симои мустақили 1-уми шаҳри Хуҷанд, Дилафрӯз Дадоҷоноваи 36-сола се моҳ пештар ба иттиҳоми қаллобӣ аз ҷониби милисаи шаҳри Хуҷанд боздошт шуда буд.

Гуфта мешавад, ин зан бо роҳи фиреб беш аз 26 ҳазор сомонии як сокини шаҳри Панҷикандро аз худ карда, бар нагардондааст.

Ҳарчанд Дилафрӯз Дадоҷонова пештар ҳам ду бор зиндонӣ шуда, ки як бор пас аз поёни муддати ҳукм ва дигар бор бо қонуни авф озод гашта, вале ҳамчунон даст ба табаҳкорӣ задааст.

"Ин бор додгоҳи шаҳри Хуҷанд Дадоҷоноваро дар содир намудани қаллобӣ муҷрим дониста, ба далели обистан буданаш, ӯро ҷарима мебандад ва аз боздошт озод мекунад", — афзудааст хабаргузорӣ.

Лентаи хабарҳо
0