Мактуби як ҷавон: ҳамсаромро дигар дӯст намедорам, аз ин рӯ хиёнат мекунам, вале бадбахтам

© Sputnik / Михаил Мордасов / Гузариш ба медиабонкВлюбленные, архивное фото
Влюбленные, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар бахши "Муоҳиба бо равоншинос" Sputnik Қирғизистон дар бораи саргузаштҳои мушкили одамон нақл мекунад. Дар посух равоншинос маслиҳат медиҳад,ки дар ин ҳолат одам бояд чӣ кор кунад

Аз нафароне маъзарат мехоҳам, ки бештар аз ман мушкил доранд. Агар ин мактуб шуморо хашмгин кунад, маъзарат мехоҳам, маро бубахшед, аммо ман мехоҳам бидонам, ки дар ин ҳолат бояд чӣ кор кунам.

Ман 30-сола ва оиладор ҳастам.  Бо ҳамсарам як фарзанд дорем. Ҳар чӣ ки ҳоло дорем, дукаса ба даст овардаем. Вазифаи хуб дорем ва мушкилии молие надорем. Албатта бой нестем, вале шукрона мекунем, ки ҳама чӣ дорем ва гурусна нестем.

Аммо… Моҳҳои охир худро бадбахт ҳис мекунам. Маро фикре озор медиҳад, ки гӯё зиндагӣ намекунам, балки рӯз мегузаронам. Ҳамаи ин рӯзҳо якранганд ва ман метарсам, ки ҳаёти ман ҳамин тавр ба поён мерасад.

Рӯзе ҳатто ба хулоса омадам, ки аз ҳамсарам ҷудо мешавам, аммо дарҳол аз ин фикрам гаштам, зеро он хиёнате аз ҷониби ман хоҳад буд. Намехоҳам, ки занамро бадбахт кунам, афзун бар ин кӯдакамро бепадар созам, зеро худам ҳам бепадар калон шудаам.

Мусульманка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Як қадам пеш аз ҳамсар: 5 далели беҳудаи талоқ дар Арабистони Саудӣ

Маро касе ба хонадор шудан маҷбур накарда буд. Ман худам ин қарорро қабул карда будам, ҳарчанд ҷавон ҳам будам. Аммо, мутаассифона занамро дигар дӯст намедорам ва ҳеҷ коре карда наметавонам. Намехоҳам маъшуқае дошта бошам, аммо барои хушбахт шудан  чӣ кор бояд кард? Хело мехоҳам ба гузашта бар гардам ва бо одамони нав, бо духтарон дубора шинос шавам. Мехоҳам ҳаётамро рангин кунам, лекин дар ин ҳол ҳамсарамро озор додан ва ба ҳамсарам хиёнат кардан ҳам намехоҳам. Чанде пеш барои рангин кардани зиндагиям пеши фоҳишае рафта будам.

Намехоҳам, ки ҳеҷ гоҳ бо ҳамсарам ҷудо шавам. Аммо бо вай дар ин бора гап зада ҳам наметавонам. Метарсам, ки ӯро ноумед мекунам ва меранҷонам. Аммо ин бадбахтиро дар худ нигоҳ дошта ҳам наметавонам, метарсам, ки рӯзе аз ин фикрҳо мекафам.

Хоҳишмандам, ба ман маслиҳат диҳед, ки чӣ кор кунам? Чӣ хел ба ҳамсарам ва зиндагӣ шавқ пайдо кунам?

Илдар Акбутин, равоншинос

Ин хуб аст, ки шумо бунбасти рушди шахсиятӣ ва мушкилии муносибати шахсиатонро бо ҳамсаратон фарқ мекунед. Биёед гӯё Чархи комёбиеро тасаввур мекунем, ки дар он ҳар як парраи чархро пул, саломатӣ, волидон, дӯстон, кӯдак, истироҳат, муҳаббат (оила) пешрафт ифода мекунад.

Вазъи кунунии худро дар ҳар як парраи чарх то ҷадвалӣ даҳхолӣ арзишёбӣ  кунед. Нишондодҳоро ҷамъбаст кунед ва ба худ ба як савол ҷавоб диҳед: мумкин аст, ки дар чунин чарх ба сӯи хушбахтӣ ва муваффақият рафт?

Зеро калимаи "муваффақият" аз калимаи "мувофиқа" гирифта шудааст. Шумо барои муваффақ шудан, дар ҳамо ҷо бояд мувофиқ бошед.

Хушбахтӣ-ин маҳсулоти ғайриасосии пешрафт аст. Агар нишондоди яке ба 10 ва дигаре ба 1 баробар бошад, он чунин маъноро дорад, ки Шумо ба як ҷузъи муҳими ҳаёти худ беаҳамиятӣ мекунед. Дар ин гуна чарх пеш рафтан мушкил аст. Ҳамин тавр ба чархи худ нигоҳ карда, шумо хело хуб мушоҳида мекунед, ки ба кадом ҷиҳати ҳаёт бояд диққати бештар дод ва онҳоро бояд такмил дод.

Студентка Умеда Ошурбекова - Sputnik Тоҷикистон
Ошурбекова: духтарони Бадахшон дар интихоби ҳамсар озод ҳастанд

Шуморо аз он ҷиҳат эҳтиром мекунам, ки хонаводаи худро тарк кардан намехоҳед. Агар чархи худро мустаҳкам кунед, муносибатҳоятон бо ҳамсаратон низ беҳтар мешавад.

Эҳтимол меравад, ки он чиро ки шумо ҳис мекунед, ҳамсаратон ҳам пинҳонӣ ҳамонро ҳис мекунад.

Бояд гуфт, ки барои беҳтар кардани муносибатҳои оилавӣ бояд ҳамеша кор кард. Агар кӯшише накардед, ҳама гуна муносибат вайрон мешавад. Муносибатҳои ҳамсарӣ ба оташе монанд аст, ки бояд доим ба он ҳезум партофт.

Аммо корро аз чӣ сар мекунед? Шумо бояд пеш аз ҳама дили худро дар назди ҳамсаратон кушоед. Агар қарор карда бошед, ки бо вай ҷудо намешавед, пас бояд ҳамроҳ кӯшиш кунед, ки ҳиссиётатон зинда шаванд.

Зеро солҳо мераванд ва Шумову ҳамсаратон дигар шудаед, аллакай ҳамоне нестед, ки чанд сол пештар будед. Шояд Шумо бояд ҳамдигарро аз нав омӯзед.  Пас дарди дил кардан, барои якдигарро бештар омӯхтан, мусоидат мекунад.  Баъзе ҳамсарон дар кӯҳҳо ва соҳилҳо дур аз фарзандон ва гиру дори зиндагӣ хилват мекунанд.  Ин ба онҳо имконят медиҳад, ки ҳама диққаташонро ба якдигар сарф кунанд. Ҳамаи он гармиву муҳаббатро, ки ба он ниёз доранд, байни ҳам тақсим кунанд. Маҳз дар ҳамон ҷо бояд маслиҳат кард, ки ҳар нафаре алоҳида барои фурӯзон кардани оташи муҳаббат чӣ коре карда метавонад.

Лентаи хабарҳо
0