Як қадам пеш аз ҳамсар: 5 далели беҳудаи талоқ дар Арабистони Саудӣ

© AFP 2023 / MUSTAFA OZERМусульманка, архивное фото
Мусульманка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як зан дар Арабистони Саудӣ ба хотири дар рӯи миз нагузоштани сари гусфанд аз шавҳараш талоқ гирифт

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Чанде пеш саргузашти зане расонаӣ шуд, ки дар Арабистони Саудӣ ба сар мебараду ҳангоми қабули меҳмонон гузоштани сари гусфандро дар рӯи миз фаромӯш карда, аз ҳамсараш талоқ гирифтааст.

Рӯзномаи арабии "Ал-Ватан" чанд ҳолати ғайримаъмулии талоқро мунташир кардааст.

Девушки в индийской национальной одежде, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳи Ҳиндустон "талоқи телефони"-ро барои мусулмонон мамнуъ кард

Манбаъ дар бораи зане менависад, ки дар кӯча аз шавҳараш як қадам пеш қадам монда ва ин боиси ҷудо шудан аз ҳамсараш шудааст.

Сокини дигари Арабистони Саудӣ барои истифодаи ҳалқаи ороишӣ барои пой аз шавҳараш талоқ гирифтааст.

Зани дигареро шавҳараш барои беиҷозати ӯ ба хонаи хешовандон рафтан, талоқ додааст.

Дар сархати феҳристи ҳолатҳои талоқи ғайримаъмулӣ саргузашти зане ҷой дода шудааст, ки барои аз дасти шавҳараш доштан, хонавайрон шудаасст.

Бино ба додаҳои сарчашмаҳои расмӣ дар давоми солҳои охир шумораи хонавайроншавӣ дар Саудӣ то 20 дарсад афзоиш ёфтааст.

Лентаи хабарҳо
0