Ошурбекова: духтарони Бадахшон дар интихоби ҳамсар озод ҳастанд

© SputnikСтудентка Умеда Ошурбекова
Студентка Умеда Ошурбекова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Умеда Ошурбекова донишҷӯи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ дар бораи арзишҳои хонаводагӣ нақл кард

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik.  Донишгоҳи таҳқиқотии Русия дар Маскав ҳамоиши "Арзишҳои Уросиё: хонавода ва ботиният" баргузор кард.

Ин ҳамоиш ба рушди арзишҳои анъанавӣ, дастгирии фарҳанги ҷавонони кишварҳои Уросиё бахшида шуд. Дар ҳамоиш беш аз 100 ҳайъат аз кишварҳои узви ИДМ ва Гурҷистон ширкат карданд.

Салима Худобердиева. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Dolce-и помирӣ: либосҳои Салима барои арӯсу домоди тоҷик дар Маскав

Дар бораи арзишҳои хонаводагӣ дар Тоҷикистон иштирокчии ҳамоиш донишҷӯи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ Умеда Ошурбекова нақл кард.

Ба гуфти ӯ дар Тоҷикистон Кодекси оилавӣ решаҳои мустаҳкам дорад. Нақши мард дар хонавода муҳим аст. Ӯ сардори оила аст. Писаронро аз хурдӣ ба зиндагии мустақилона омода мекунанду духтаронро ошпазҳои моҳир мегардонанд.

"Дар Помир, арзишҳои хонаводагӣ нақши бузург доранд. Духтарони мо дар қиёс бо ҳамсолони худ аз дигар манотиқи ҷумҳурӣ дар масъалаи хонадоршавӣ интихоби озод доранду волидон дар ин роҳ садди роҳашон намешаванд", — гуфт Умеда Ошурбекова дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ошурбекова: опыт предков помогает сделать правильный выбор супруга

Аксари мардуми Бадахшон, ки солҳост дар Русия ба сар мебаранд ҳамин ҷо оиладор мешаванд.

"Тибқи омор аксари хонаводаҳое, ки дар Русия барпо шуданд, ҷудо шудаанд. Хуб аст, ки оилаҳои ҷавон то тавлиди фарзанд ҷудо мешаванд. Баръакс хонаводаҳое, ки дар Бадахшон барпо шуданд, бо риояи фарҳанги миллӣ мустаҳкам ҳастанд", — гуфт ӯ.

Умеда Ошурбекова ҳамчунин қайд кард, ки дар ВМКБ занон назар ба бонувони дигар минтақаҳои Тоҷикистон дар соҳаи сиёсӣ ҳам фаъол ҳастанд, вале дар баробари ин аз фарҳанги миллӣ дур намешаванд ва калонсолонро ҳурмат мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0