ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Сиёсатмадорон, фаъолони иҷтимоӣ ва намояндагони созмонҳои муҳоҷиратӣ қавонини муҳоҷират дар Русияро баррасӣ карданд. Ҳамоиши "Муоширати озоди байналмилалӣ" дар хонаи миллатҳои Маскав баргузор шуд.
Дар давоми се соат ширкаткунандагон масоили зиёдеро баррасӣ карданд: оғоз аз бекор кардани барномаи шаҳрвандӣ барои муҳоҷирон ва депорт то базмҳои якҷо ва таҷлили Наврӯз.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон талош кард муайян кунад, ки оё мизи гирд мушкилоти муҳоҷиратро каме ҳал кард ё на?
Русия ба муҳоҷирон ниёз дорад?
Ба фикри профессори Донишгоҳи давлатии идоракунӣ Владимир Волох, яке аз масоили муҳимтарини имрӯз ислоҳи қонуни муҳоҷират ва вогузор кардани он ба сохтори салоҳиятнок аст.
"Агар дар бораи сиёсати давлатии муҳоҷират гӯем, имрӯзҳо вазъият тағйир меёбад, таҳдидҳои берунӣ пайдо мешаванд. Ва бе чуну чаро он дигар мешавад. Шояд ин дуруст бошад", — гуфт профессор.
Вале на ҳама бо коршинос ҳамовоз шуданд. Чунончӣ, вакил Матвей Тсзен каме роҳи дигарро пеш гирифта ба коршиносн суол дод, ки умуман Русия ба муҳоҷирон ниёз дорад?
"Саволи усулӣ-оё муҳоҷирон ба мо лозиманд? Шояд монанди Ҷопон кунем? Ҷопон кишвари пӯшида аст, соли гузашта ҳукумат танҳо 2700 муҷаввизи иқомати муваққатӣ ҷудо кард. Ва сатҳи ҷиноятӣ дар ин кишвар ду баробар пасттар аз Русия аст. Шояд мо ҳам аз ин намуна истифода кунем?".
Тсзен бар ин аст, ки имрӯз ҳар касе ки хост метавонад ба Русия биёяд, барои вуруди ӯ ягон монеаи ҳуқуқӣ ё физикӣ вуҷуд надорад, вале муҳоҷирон бояд ба ҷомеаи Русия чунин одат кунанд, ки ба нафъи сокинони маҳаллӣ ба давлат бошад.
Дар навбати худ президенти Федеросюни муҳоҷирон Вадим Коженов чанд далели ниёзи Русияро ба муҳоҷирон номбар кард.
Ба гуфти Коженов нахуст-муҳоҷирон қувваи кории боэътимод аст.
"Кайҳо боз маълум аст, ки кори муҳоҷирон арзон нест. Онҳо ба монанди мардуми маҳаллӣ музд мегиранд, вале дар баробари ин хубтар кор мекунанд. Дар Русия ба вижа дар манотиқи аҳлоҳида талафоти зиёди қобилияти корӣ вуҷуд дорад. Ва ниёз ба муҳоҷирон, маноъи устуворӣ ва осоиштагиро дорад", — қайд кард коршинос.
Дар баробир ин Коженов илова кард, ки имрӯз кишварҳои ИДМ аллакай муҳоҷирфирист нестанд: ҳамаи онҳое, ки мехост ба Русия кӯч бандад, аллакай ҳамин ҷост.
"Мо дигар мардуме, надорем, ки аз ягон ҷиҳате ба халқи рус наздик бошад. Мо наметавонем ними мардуми Чинро ба кишварамон биёрем-чиниён миллате нестанд, ки ба осонӣ бо дигар халқ омехта шавнд. Барои ман саволи оё муҳоҷирон лозиманд ё на, вуҷуд надорад. Суол ин аст, ки чӣ гуна бояд бо онҳо кор кард?", — хулоса кард Коженов.
Шаҳрвандӣ лозим нест
Сиёсатшинос Алексей Абанин масъалаи марказиро матраҳ кард. Ӯ зидди шаҳрвандӣ гирифтани муҳоҷироне, ки барои кор ба Русия меоянд, аст.
"Дар кадом асос мо барои муҳоҷире, ки ба хотири кор ба Русия меояд шаҳрвандӣ медиҳем? Ман фикр мекунам, ки лозим нест, ки ба ин тарз муҳоҷиронро ба зиндагии сиёсии кишвар наздик кунем. Одамро на шиноснома балки интегратсия ба фарҳанге, ки инсон мехоҳад қабул кунад, шаҳрванди ин ё он кишвар месозад", —гуфт коршинос.
Ба фикри Абанин бояд шаҳрвандии ҳамаи муҳоҷироне, ки 20 сол пеш онро гирифтаанд, бекор карда шавад. Бояд ба онҳо муҷаввизи иқомати муваққатӣ дод, то дар ҳудуди Русия окр кунад.
Раҳбари маркази иттилоотӣ-ҳуқуқии "Муҳоҷират ва қонун" Гавҳар Ҷураева бо Абанин розӣ шуда гуфт, ки гирифтани шаҳрвандӣ бояд интихоби ҷиддӣ бошад, на раванде барои корёбӣ.
"Шаҳрвандиро набояд муҳоҷирон барои корёбӣ гиранд. Ин бояд интихоби ҷиддӣ бошад. "Русия-Ватан", он замон миллат дигар фарқе надорад. Ва бояд бо тиҷорат кор карданро омӯхт, ин нуқтае ҳаст, ки намегузорад то инсони дар муҳоҷират буда, худро аз ҷиҳате паст эҳсос кунад", — гуфт Ҷураева.
Ӯ илова кард, ки агар муҳоҷир Русияро чун хонаи худ қабул кунад бояд қисме аз фарҳанги ин кишвар бошад.
Дар баробаи ин Коженов ёдоварӣ кард, ки барои гирифтани шаҳрвандии Русия муҳоҷир бояд аз шаҳрвандии худ даст кашад.
"Яъне ӯ ба Ватани худ чун ба ҷои бегона боз мегардад. Ман наметаавонам бигӯям, ки ҳамаи муҳоҷирон орзуи шаҳрвандӣ гирифтанро доранд",-гуфт Коженов.
Наврӯз ва футбол
Дар тӯли се соат коршиносон дар мавриди чӣ гуна одат кунонидани муҳоҷирон ба Русия фикрҳои гуногун пешниҳод мекарданд: нафаре мегуфт, ки девори бузурге сохта шавад, нафаре тарафдори ҷорӣ карлдани низоми раводид шуд ва дигаре ҳам баръакс даъват мекард, ки бояд якҷо бо баргузории сабқатҳои варзишӣ аз ҷумла футбол ва таҷлили Наврӯзу Маслинитса ба муҳоҷирон дар одат кардан ба ҷомеаи Русия кумак кард.