Сарсониҳои як муҳоҷир дар паи эъломи авф: “наздик буд ихроҷам мекарданд...”

© Фото : Из личного архива Шодимурода АзизкуловаШодимурод Азизкулов, архивное фото
Шодимурод Азизкулов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Иштибоҳан ба қабулгоҳи шуъбаи ВКД рафтам. Ба ҷойи он ки номамро аз “феҳристи сиёҳ” пок кунанд, наздик буд ки аз кишвар ихроҷам кунанд

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Пас аз сафари кории раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон қарор шуд, ки аз 25-уми март то 24-уми апрел Русия шуморе аз муҳоҷиронро авф кунад.

Чуноне ки Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Русия ба Sputnik Тоҷикистон хабар дода буд, дар ин муддат 102 ҳазор муҳоҷири тоҷикистонӣ дар қаламрави Русия авф шудаст. Аммо яке аз муҳоҷирони авфшуда ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки дар раванди дарёфти иҷозаи будубош дар Русия пас аз эъломи авф бо мушкилоте дучор шуд.

Шодимурод Азизқулов, муҳоҷири 33-солаи тоҷик, нахустин бор соли 2003 аз шаҳри Панҷиканд ба Маскав омад. Вай кори тамомвақте надошт ва ҳар кореро анҷом медод, то хонаводаашро таъмин кунад. Соле як бор ва ё ду сол як бор Тоҷикистон мерафту бар мегашт Охирин бор дар соли 2015 Русия омад, вале ин бор бахт ёраш нашуд.

Боре дар яке аз хиёбонҳои Маскав пулис Шодимуродро боз истонд то аснодашро бозрасӣ кунад. Дар паи ин бозрасӣ маълум шуд, ки вуруди Шодимурод ба Русия мамнуъ шуда ва ӯ дигар ҳаққ надорад дар ин кишвар буду бош кунад.

"Ман сабаби манъи вурудамро надонистам. Ба кадом ҷурме вурудамро манъ карда бошанд? Пай бурдам, ки ин иқдоми онҳо дар ҳаққи ман ғайриқонунӣ аст", — гуфт вай дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Барзу Абдураззоқов, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Барзу Абдураззоқов пас аз боздошт дар фурудгоҳи Русия: аз муҳоҷирон бузи қурбонӣ насозед

Ба гуфтаи ин муҳоҷир, кормандони пулис яке ду бори дигар ӯро боз истонда, талаб карданд аснодашро нишон диҳад. Аммо пас аз бозрасии аснод ӯро раҳо кардаанд.

Шодимурод мутмаин буд, ки қонуншиканӣ накардааст. Аз ин рӯ, аз ҳуқуқдонҳо ёрӣ хост.

"Ҳуқуқдонҳо ба ман фаҳмонданд, ки ду бор қонуни маъмурии Русияро нақз кардаам ва аз ҳамин сабаб вуруди ман ба Русия манъ шудааст", — тавзеҳ дод Шодимурод.

Вай Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русияро ба додгоҳ кашид. Намояндагони ин ниҳод санадҳоеро ба додгоҳ ироя доданд, ки ду бор қонуншиканӣ кардани Шодимурод Азизқуловро таъйид мекард.

"Бино бар яке аз он санадҳо гӯё ман дар макони умумӣ арақ хӯрдаву ҷарима шудаам. Вале ман аслан машрубот истеъмол намекунам", — таъкид кард Азизқулов.

"Чун додгоҳи ноҳия додхости маро қонеъ накард, ман ба Додгоҳи вилояти Маскав муроҷиат кардам ва талаб намудам протоколеро ба ман нишон диҳанд, ки ҷурмамро сабт карда ва имзоямро дошта бошад", — мегӯяд Шодимурод.

Ба гуфтаи вай, ин протоколро барояш нишон доданд ва маълум шуд дар рӯзе, ки дар ин санад сабт шудааст, пулис воқеъан ӯро боз истонда, аммо чун аснодаш дуруст будаанд, раҳояш кардааст.

"Вале дар протокол пулисҳо ба ҷои ман имзо гузоштаанд", — афзуд ӯ.

Шодимурод пас аз шунидани хабари авфи муҳоҷирон дар Русия зуд ба Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Маскав муроҷиат карда, дархости ёрӣ мекунад.

Бо роҳнамоии кормандони ин ниҳод Шодимурод иштибоҳан на ба Хадамоти федеролии муҳоҷират, балки ба шуъбаи ВКД муроҷиат мекунад.

"Иштибоҳан ба қабулгоҳи шуъбаи ВКД рафтам. Ба ҷойи он ки номамро аз “феҳристи сиёҳ” пок кунанд, наздик буд ки аз кишвар ихроҷам кунанд", — мегӯяд муҳоҷир.

Бозор дар Душанбе, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дод аз дасти муҳоҷират: сарнавишти занони талоқшуда

"Бо сад мушкил ба кормандони пулис фаҳмонидам, ки ҳоло маъракаи авфи муҳоҷирон дар Русия давом дорад ва ба воситаи Намояндагии вазорат аз он ҷо озод шуда баромадам", — шарҳ дод Шодимурод.

Сипас вай ба ФМС рафта корти нави муҳоҷират мегирад ва онҷо мегӯянд номашро аз "феҳристи сиёҳ" пок кардаанд, аммо…

Пас аз супурдани аснод барои дарёфти иҷозаи кор — патент, ӯро мегӯянд, ки наметавонад муҷаввиз дарёфт кунад, зеро вурудаш ба Русия манъ шудааст.

"Пас аз камубеш даҳ рӯзи саргардонӣ миёни Хадомоти федеролии муҳоҷирати Русия дар Маскав ва вилояти Маскав масъалаи додани иҷозатнома ба ман дубора баррасӣ шуд ва саранҷом буду бошам дар Русия қонунӣ гардид", — таъкид мекунад вай.

Шодимурод Азизқулов мегӯяд, барои аз феҳристи сиёҳи Русия баромадан ва будубоши худро қонунӣ гардонидан,  бисёр кӯшишу талош кард ва дар ин робита ба вай кормандони Намояндагии вазорати кор ёрии ҳуқуқӣ расонидаанд.

Муҳоҷири тоҷик дар охир иҷозатномаи корӣ ба даст меорад ва ҳоло дар Маскав фаъолияти худро давом медиҳад.

"Ин ҷо ки кишвари бегона аст, мо ҳуқуқҳои худро намедонем ва аз ин рӯ бо мушкилоти бисёре дучор мешавем",-  гуфт дар охир муҳоҷири тоҷик.

Лентаи хабарҳо
0