Ситоиши Коженов аз фаъолияти созмонҳои "Нур" ва "Помир" дар Русия

© Sputnik / Ситдиков РамильВадим Коженов, Дмитрий Утлик и Алимамад Боймамадов на спартакиаде
Вадим Коженов,  Дмитрий Утлик и Алимамад Боймамадов на спартакиаде - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Федеросюни муҳоҷирони Русия Вадим Коженов аз фаъолияти созмонҳои "Нур" ва "Помир" ситоиш кард

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Вадим Коженов мегӯяд, ки 10 дарсади аҳолии Русияро муҳоҷирон ташкил медиҳанд.

"Муҳоҷирони меҳнатӣ қисми фаъоли ҷомеъаи Русия ҳастанд. Барои ҳамин ба кор бо муҳоҷирон бояд диққати ҷиддӣ дод. Муҳоҷирон қишри ҷомеъае ҳастанд, ки барои рушди Русия кумак мекунанд, онҳо кор мекунанд, истеҳсол мекунанд, хизмат мерасонанд. Дар баробари ин дар миёни муҳоҷирон экстремизм ва терруризм ҳам рушд дорад. Агар имрӯз бо муҳоҷирон кор накунем, ин барои 5-10-солаи оянда мушкилоти зиёдеро ба бор хоҳад овард", — гуфт Вадим Коженов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Президент: ман зидди имтиёзҳои иҷтимоӣ барои муҳоҷирон ҳастам

Ба гуфти ӯ хуб аст, ки ҳукумати Русия ба муҳоҷирон диққати зиёд медиҳад.

Дар давоми суҳбат раиси Федеросюни муҳоҷирони Русия дар бораи фаъолияти созмонҳои муҳоҷиратӣ дар қаламрави Русия нақл кард.

"Шумораи бештарини муҳоҷирон аз Узбакистон ҳастанд. Мушкили аслӣ бо онҳо набуди раҳбар-лидер ҳаст. Нестанд одамоне, ки муҳоҷиронро аз паси худ баранд. Дар ин росто бо тоҷикон осонтар аст. Созмонҳое ҳастанд, ки дар воқеъ фаъолияти хуб доранд. Масалан созмонҳои "Нур" ва "Помир". Ин созмонҳо ба кӯдакон дарс медиҳанду муҳоҷиронро ба варзиш даъват мекунанд. Ҳастанд ҳомиёни алоҳидаи ҳуқуқ, масалан Гавҳар Ҷӯравеа, ки барои пуштибонӣ аз муҳоҷирон кори зиёде мекунанд. Тоҷикон созмонёфтатарин муҳоҷиронанд", — гуфт Вадим Коженов.

Вай афзуд, ки созмонҳои муҳоҷирон аз Қирғизистон ҳам фаъолияти хуб доранд.

Коженов: диаспора мигрантов из Таджикистана лучше всего организована
Лентаи хабарҳо
0