Роҳбари маркази ҳуқуқии "Муҳоҷират ва қонун" Гавҳар Ҷӯраева гуфтааст, дар пешомаде ки бо мусофирони тоҷик рух додааст, бояд дар чорчӯби қонун амал кард.
"Бояд муҳоҷирон ва масъулине, ки бо онҳо сару кор доранд, дар чаҳорчӯбаи қонун амал кунанд. Муҳоҷире, ки ҳуҷҷатҳои лозимаро надорад, бояд дар хотир дошта бошад, ки дар роҳи бозгашт ба Ватан метавонанд дар фурудгоҳ ӯро боздошт кунанд ва ҷарима ситонанд",- гуфт вай ба Sputnik Тоҷикистон.
Джураева о мигрантах, снятых с поезда Москва-Душанбе
Гавҳар Ҷӯраева афзуд, муҳоҷирон бояд барои омода кардани ҳуҷҷат ба мақомотҳои расмӣ муроҷиат кунанд ва ба доми фиребгарон наафтанд.