ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Бино бар иттилои сомонаи равобити умуми Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, Сафорати ИМА ба Хадамоти гумрук бинои нав тақдим намуд.
Гуфта мешавад, калиди сохтмони нави хадамотро Кордори Сафорати ИМА Кевин Коверт ба Сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб супорид.
"Бинои нав дар гузаргоҳи сарҳадии "Қизил-Арт" воқеъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирқизистон дар Мурғоб қарор дорад. Илова бар ин, бино утоқҳои хобӣ, ошпазхона ва утоқҳои кориро дар бар мегирад", — гуфта мешавад дар иттилоия.
Кевин Коверт фаъолияти муҳими Хадамоти гумрукро эътироф намуда ва такроран итминони эҳтироми Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро нисбат ба мустақилияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амнияти сарҳадоти худ изҳор намуд. Идораи муборизаи байналмиллалӣ алайҳи маводи мухаддир ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи (INL) Департаменти Давлатии ИМА барои сохтмон 767000 доллари ИМА-ро ҷудо намуд. Соли оянда, бо мақсади бо барқ таъмин намудани бино, INL маблағгузории насби турбинаҳои шамолӣ ва батареяҳои офтобиро ба нақша гирифтааст.
Дар давоми 10 соли охир INL тақрибан 9 млн. доллари ИМА-ро барои кўмак ба таъмини амнияти марзҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон равон намуд. Ин маблағ асосан барои сохтмони иншоот, омодасозии кадрҳо ва интиқоли таҷҳизоти зарурӣ масраф гардид. Тоҷикистон шарики муҳим дар чорчўбаи Стратегияи ИМА оиди Осиёи Ҷанубӣ маҳсуб меёбад. Ҳадаф аз Стратегияи мазкур таҳкими амният, субот ва шукуфоӣ дар саросари минтақа мебошад. Дар доираи муносибатҳои шарикӣ байни ИМА ва Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидани кўмак ҷиҳати таъмини амният ва субот дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ идома дорад.