Раҳмон ба Лойтҳард: мо Швейтсарияро шарики боэътимод ва муҳим медонем

© Пресс-служба президента РТПрезидент РТ Эмомали Рахмон в Сочи
Президент РТ Эмомали Рахмон в Сочи - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон ва Дорис Лойтҳард ҳамдигарро ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани ровобити сиёсии ду кишвар муборакбод гуфтанд

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Дар ин бора хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.  

Ҳамин тавр, дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Дорис Лойтҳард, аз ҷумла, омадааст:

"Хонуми Олиҷоҳ с,арфарозам Шуморо ба муносибати 25-мин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария самимона табрику таҳният гӯям.

Хатти нерӯи барқ. акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
$600 ҳазори Швейтсария барои бунёди хатҳои интиқоли барқи Бадахшон

Боиси қаноатмандист, ки тайи давраи сипаришуда байни кишварҳои ба ҳам дӯсти мо дар пояи ҳусни тафоҳум, баробарҳуқуқӣ ва эҳтироми ҳамдигар муносиботи ҳамкориҳои дар воқеъ ҳам ҳасанаи байнидавлатӣ ташаккул ёфта, хислати рушди зина ба зинаро касб кардаанд ва имрӯз дар марҳалаи тавсеаи минбаъдаи худ қарор доранд.

Мо кишвари Швейтсарияро шарики боэътимод ва муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ дониста, аз дастгириву мусоидати пайвастаи ҳукумати он дар таҳкими пояҳои соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон сидқан сипосгузорем.

Ҷониби Тоҷикистон густариши бемайлони ҳамкориҳои гуногунарсаи судманди худро бо Швейтсария ҷавобгӯ ба манфиатҳои олии хеш медонад ва мо ҳамеша омодаем, ки баҳри таҳкими минбаъдаи онҳо дар ҳамаи сатҳҳо саъйю талошҳои зарурӣ ба харҷ диҳем.

Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ба Хонуми Олиҷоҳ сиҳатии комилу саодатмандӣ ва пирӯзиҳои навин, ба мардуми дӯсти Швейтсария  хушрӯзиҳои минбаъда ва пешрафту шукуфоӣ хоҳонам".

Дар барқияи табрикии Дорис Лойтҳард ба Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:

"Ҷаноби Олӣ, ба муносибати 25-умин солгарди муносибатҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария, мехоҳам барои робитаҳои дӯстии босубот байни халқҳоямон изҳори сипос  кунам.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон: мо ба ҳамкорӣ бо Швейтсария омодаем

Дар баробари рушди мусбии робитаҳои дуҷониба дар 25 соли сипаригардида мехоҳам ҳамчунин ба ҳамкориҳои бомуваффақиятамон дар доираи муассисаҳои Бретон-Вудс ишора намоям.

Швейтсария ва Тоҷикистон ҳамчун кишварҳои кӯҳӣ, ки новобаста аз захираҳои бойи об ба роҳҳои баҳрӣ дастрасӣ надоранд, ба идоракунии босуботи захираи обҳои фаромарзӣ ва истифодаи он баҳри некӯаҳволии ҳамагон, ҳамчунин ба сатҳи ҳамкориҳои зичи худ дар ин ҷода баҳои баланд медиҳанд.

Изҳори умедворӣ менамоем, ки ҷаҳду талошҳои муштараки мо баҳри татбиқи ташаббуси «Сулҳи нилгун дар Осиёи Марказӣ» ба рушди муколамаи ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ дар масоили марбут ба об ва чолишҳои муҳити зист мусоидат хоҳанд кард.

Дар рӯҳияи дӯстӣ ба Шумо ва халки тоҷик тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам.

Иҷозат фармоед, ҷаноби Олӣ, ғояти эҳтироми худро таҷдид намоям".

Лентаи хабарҳо
0