ДУШАНБЕ, 30 сентября — Sputnik. Ҳукумати Швейтсария барои барқарор сохтани хатти интиқоли қувваи барқи Помир, ки бар асари офати табиӣ фаъолияти он тобистони соли равон халалдор шуда буд, маблағи иловагиеро дар ҳаҷми 625 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо кард, менависад сомонаи Вазорати молияи Тоҷикистон.
Маблағи иловагӣ дар доираи Лоиҳаи хусусии энержии Помир (Pamir Energy) ҷудо шудааст, ки мақсад аз он зудтар ба роҳ мондани корҳои истифодабарӣ дар хатти интиқоли қувваи барқ мебошад.
"Ин сармоягузорӣ барои бунёди хатти интиқоли нерӯи барқ миёни неругоҳи "Помир-1" ва шаҳри Хоруғу тадбирҳои тақвият додани иқтидори ширкати "Помир Энержӣ" дар соҳаи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ равона мешавад", афзудааст манбаъ.
Маросими имзои санади иловаӣ дар Созишномаи Лоиҳаи хусусии энержии Помир (Pamir Energy) дар бинои Вазорати молияи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, зери он аз ҷониби Тоҷикистон вазири молияи кишвар Абсудалом Қурбониён ва аз ҷониби Идораи Швейтсария оид ба ҳамкорӣ роҳбари департаменти амалгарӣ Иво Герман имзо кардаанд.
Ин лоиҳа бояд то охири соли 2015 пурра амалӣ шавад.
Дар пайи гарм омадани дамои ҳавои тобистони соли равон дар Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон сатҳи оби дарёҳо баланд шуда, боиси омадани селоб гардид, ки дар натиҷа аксари роҳҳои мошингузару пул ва хатти интиқоли нерӯи барқ ба аҳолӣ хароб гаштанд.
Мақомоти Тоҷикистон хисороти ин офати табиро наздик ба 100 миллон доллари амрикоӣ хонданд. Бори охир ин гуна гармӣ 70 соли қабл, соли 1944 қайд шудааст.