Раҳмон: мо ба ҳамкорӣ бо Швейтсария омодаем

© Фотохост-агентство / Гузариш ба медиабонкЭмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамасола Конфедератсияи Швейтсария – як кишвари аврупои шимолӣ – 1-уми августро ҳамчун рӯзи ҷашни миллии худ таҷлил мекунанд. Тибқи бархе аз боварҳои омехта ба муболиға, таъсиси конфедератсияи ин давлат ба соли 1291 рост меояд.

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати солгарди ҷашни миллии Конфедератсияи Швейтсария президенти он кишвар Симонетта Соммаругаро табрик гуфтааст, менависад сомонаи президент.

"Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳои густурда дар арсаҳои мавриди таваҷҷуҳ бо Конфедератсияи Швейтсария назари бисёр нек дорад", — омадааст дар мактуби табрикотии раисҷумҳур.

Дар идомаи мактуб омадааст, ки "мо омодаю ҳавасманд ҳастем, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои гуногун бо кишвари Шумо қадамҳои нав ба нави устувор гузорем".

"Бо ибрози орзӯҳои беҳтарин ба Хонуми Олиҷоҳ сиҳҳатии комил ва комёбиҳои рӯзафзун ва ба мардуми дӯсти Швейтсария — хушрӯзӣ ва дастовардҳои ҷадид таманно дорам", — тазаккур додааст Эмомалӣ Раҳмон.

Конфедератсияи Шветсария ҳамасола аввали августро ҳамчун рӯзи таъсисёбии худ таҷлил мекунад. Тибқи бархе аз боварҳои омехта ба муболиға, Конфедератсияи Шветсария — як кишвари аврупои шимолӣ — аз соли 1291 сарчашма мегирад. Дар ин рӯз дар шаҳрҳои он кишвар барномаҳои мусиқӣ барпо мегардад ва сокинон ба сайру гашт мепардозанд.

Лентаи хабарҳо
0