Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Бонки тавсеъаи Осиёӣ мулоқот кард

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳур аз дастгирии молии Бонки тавсеъаи Осиёӣ аз Тоҷикистон дар иҷрои тарҳҳо дар соҳаҳои маориф, энержӣ, нақлиёт, гумрук, обёрӣ, пешгирии офатҳои табиӣ ва сармоягузории хурд хушнудӣ кард

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Ба гузориши дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Бонки тавсеъаи Осиёӣ Такехико Накао мулоқот кардааст.

Бино бар иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор Бонки тавсеъаи Осиёиро яке аз шарикони боэътимод ва роҳбурдии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, таъкид доштааст, ки аз соли 1998 то имрӯз ҳаҷми сармоягузории ин бонк дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии кишвари мо қариб 1,6 милёрд дулори амрикоиро ташкил медиҳад.

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз дастгирии молии БТО дар татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои маориф, энержӣ, нақлиёт, гумрук, обёрӣ, пешгирии офатҳои табиӣ ва сармоягузории хурд хушнудӣ намуда, ба роҳбарияти бонк барои ҳамкорӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон арзи сипос кард.

Гуфта мешавад, доир ба идомаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки тавсеъаи Осиёӣ дар доираи татбиқи Роҳбурди шарикӣ барои солҳои 2016-2020, Барномаи Ҳамкориҳои минтақаии иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Роҳбурди миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и генсек ОДКБ Юрий Хачатуров - Sputnik Тоҷикистон
Эмомали Раҳмон бо дабири кулли СААД мулоқот кард

Изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон бо БТО дар доираи ин ҳадафҳо, алалхусус, дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, амнияти озуқаворӣ ва таъмини шуғл тақвият ёфта, амалишавии барномаи шарикии БТО бо Тоҷикистон ба беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусӣ мусоидат менамоянд ва ҳамкориҳои минтақавӣ дар бахшҳои энергетика ва нақлиёт беҳтару хубтар мегарданд.

Идомаи ҳамкории дуҷониба тавассути иштироки фаъол дар татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи роҳу нақлиёт, таҷдиду барқарорсозии неругоҳҳои амалкунандаи барқи обӣ, маориф, хусусан омӯзиши касбҳои техникӣ, тандурустӣ, рушди шаҳрҳо, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва дигар бахшҳои афзалиятнок барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ гардид.

Дар мулоқот дигар мавзуҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ шуд.

Лентаи хабарҳо
0