Эмомали Раҳмон бо дабири кулли СААД мулоқот кард

© Фото : пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и генсек ОДКБ Юрий Хачатуров
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и генсек ОДКБ Юрий Хачатуров - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷонибҳо оид ба мавқеи ягонаи кишварҳои аъзои созмон доир ба авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, мустаҳкам кардани сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистону Афғонистон, тақвияти муборизаи муштарак терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳо табодули назар карданд

ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Имрӯз дар Қасри миллат раисҷумҳури Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Юрий Хачатуровро, ки ҳамчун роҳбари ин ниҳод нахустин маротиба ба Тоҷикистон омадааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти раиҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқот масоили вобаста ба омодагӣ ба ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои созмон, ки моҳи ноябри соли равон дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус баргузор мегардад, инчунин дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Корманди илмӣ дар МГИМО, адвокат Шарбатулло Содиқов - Sputnik Тоҷикистон
Шарбат Содиқов: барои чӣ сомонаи СААД ба тоҷикӣ нашр намешавад

Эмомалӣ Раҳмон аз иҷрои корҳо ҷиҳати таъсиси системаи ягонаи ҳамкорӣ байни давлатҳои иштироккунанда дар соҳаи мудофиа ва амният, ки давоми 25 соли имзои Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 15 соли таъсисёбии Созмон, амалӣ шудаанд, изҳори қаноатмандӣ кард.

Ҷонибҳо оид ба мавқеи ягонаи кишварҳои аъзои созмон доир ба авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, мустаҳкам кардани сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистону Афғонистон барои таъмини амнияти ҳудуди давлатҳо ва дигар минтақаҳои доғи ҷаҳон, тақвияти муборизаи муштарак бо густариши терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои минтақавию ҷаҳонӣ табодули назар карданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ҳамкории дастаҷамъии сохторҳои марбутаи кишварҳои аъзо дар самти баланд бардоштани самаранокии кори амалиётҳои муштараки фаврӣ ҷустуҷуӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Лентаи хабарҳо
0