ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Дар 2 — 3 соли ахир муносибати муҳоҷирон ба вазъи ҳуқуқиашон дар Русия ба куллӣ дигар шудааст.
Чунин натиҷа ҳам аз таҳлилҳои ҷомеъашиносон бар меояду ҳам аз мушоҳидаҳои фаъолони иҷтимоъие, ки аз ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия дифоъ мекунанд.
Бархе аз муҳоҷирон бо ҳушёрии бештар қавонини муҳоҷиратии Русияро риоят кардан гирифтаанд: онҳо ҳама санаду мадорики даркориро ҷамъ овардаву муҷаввизи кор (патент) мегиранд.
Дар миёни онҳо коргарони одие, ки корфармоёнашон ё ширкатҳои хусусӣ ё давлатӣ мебошад, бисёр ҳастанд. Дар чунин ширкатҳо риояи қонун аз ҷониби мақомоти назоратӣ санҷида мешавад ва доштани ҳуҷҷат — муҳимтарин қоида аст.
Дар баъзе мавридҳо дар чунин ширкатҳо мутахассисони дорои маълумоти олӣ, ки музди корашон нисбат ба коргарони сохтмону фурӯшандаҳо бештар аст, кор мекунанд. Барои ҳамин андози патент барои онҳо сангин нест.
Коргари "бепатент"
Аксари муҳоҷирон ба "соя" мераванду қарордоди нонавиштаро бо корфармо ихтиёр мекунанд. Гарчанде ингуна қарордод эътимоде надорад, вале бе даводаву пардохти пули зиёдатӣ. Музди кори якмоҳаи ин гурӯҳи муҳоҷирон бештар аз 27-30 ҳазор рубл нест. Ҳазинаи дарёфтии патент бештари ин маболиғро "мехӯрад" ва аз ҳамин рӯ муҳоҷирон кори ғайриқонуниро ихтиёр мекунанд.
"Сабаби аввал — гаронии андози патент аст. Дуюмаш — муҷавввизи кор кафолат намедиҳад ки ҳамаи ҳуқуқҳои муҳоҷир бо доштани он ҳимоя мешавад. Ҳуҷҷатҳоро месупорӣ вале коркарди онҳо ҳафтае тӯл мекашаду дар охир мегӯянд, ки бахшиш мо наметавонем, вақт гузашт шумо бояд сарҳад рафта биёед. Ё ки 10 ҳазор рубли русӣ пардохт куну ҳамааш нағз мешавад", — гуфт раҳбари фонди хайриявии "Муҳоҷирати асри 21" ва мудири пешини Созмони федеролии муҳоҷират Владимир Поставнин.
Ба фикри ӯ нархи андози патент монанди аҳволи хиёбонҳои дурдасти Русия аст. Андози патент барои муҳоҷирони шаҳри Маскав 4200 рубли русӣ нарх дошта дар дигар манотиқи Русия масалан Ёқутистон ду баробар қиматтар-8400 рубл нарх дорад.
"Мантиқ оддист: айни замон хариди патент ва буду боши қонунӣ барои ҳар муҳоҷир арзон нест", — тавзеҳ дод корманди Донишгоҳи демографии мактаби иқтисодии Русия Никита Мкртчян дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Ва аксари муҳоҷирон кори ғайриқонуниро аз пардохти қисмате аз мудзи худ ба давлати Русияро фоидатар медонанд.
Ваъда ба ҷои музд
Натиҷаи чунин қарорҳо дар аксар ҳолат бисёр ғамгинона аст: дар ҳолати фиреб хӯрдан аз корфармо, қонун ба ин муҳоҷирон кумак нахоҳад кард. Дар баробари ин ҳатто агар муҳоҷир патент доштаву вале бидуни шартномаи корӣ меҳнат кардааст, кӯмаки ҳуқуқшиносонро набояд интизор шавад.
"Ба назари ман мушкилот сари ин аст, ки муҳоҷирон то охирон ба таъхир меандозанду пас аз 3-4 моҳ дар ҳолати вазнин қарор мегиранд. Корфармои беимон бошад аз содадилии муҳоҷир истифода кардаву пагоҳ пагоҳ гуфта онҳоро фиреб медиҳад. Вале ақли солим бояд ба муҳоҷирон бигӯяд, ки агар ду се бор пагоҳ шуд, бояд аз паси ҳалли мушкилот шуд", — гуфт прездиенти Федеросюни муҳоҷирати Русия Вадим Коженов.
Мисоли рӯшани чунин ҳодисот — қазияи моҳи феврали соли 2017 буд, ки наздики 600 коргарони хориҷӣ, ки аксарияташон аз Тоҷикистону Узбакистон буданд, бе музди меҳнат ва бе паноҳгоҳ монданд.
Наздики се моҳ ин муҳоҷирон бар ивази "қарз" кор карданд. Пас аз се моҳ корфармояшон тангае ҳам баҳрашон надода ғайб зад. Аз набуди шартномаи корӣ муҳоҷирон базӯр тавонистанд музди худро баргардонанд. Фақат пас аз се моҳи кашокашӣ ва танҳо бо дахолати прокуратура.
Вале ба чунин муносибат нисбати қавонини кор ва ҳуқуқи шахсӣ на танҳо таъсири дониши ҳуқуқӣ ё набудаи он балки тағйирри бозори меҳнат таъсиргузор аст.
Соли 2014 пас аз роҳандозии таҳримот нисбати Русия ва пастшави қурби пули русӣ муҳоҷирати меҳнатӣ барои аксари бошандагони Осиёи Марказӣ коре бефоида шуд.
"Замоне, ки мӯҳлати қайди муҳоҷир ба итмом мерасад, ӯ аллакай аз Русия беруншуда ҳисобида мешавад. Дар солҳои 2012-2013 мо нишондодҳои калон доштем. Баъд бӯҳрон, таҳримҳо ва беқурбшавии пул сар шуд. Пештар ҳатто камшавии муҳоҷирон аз Узбакистону Тоҷикистон аз тасаввур берун буд. Вале соли 2015 мо бо чунин вазъ рӯ ба рӯ шудем", — гуфт Никита Мкртчян.
Он замон муҳити холишударо украиниҳо пур карданд. Соли 2016 бошад ҳамааш ҷои пештараи худро гирифт. Қисми бештарини муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ омаданд.
Омори думавзӯъа
Ҳамкори Мкртчян, Юлия Флоринская дар гузориши "Мониторинги вазъи иқтисодӣ дар Русия" мегӯяд, ки аксари муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ қонунан бо муҷаввизи кор ва ҳуҷҷатҳои лозима кор мекунанд.
Вячеслав Поставнин бо чунин шарҳи ҳодиса розӣ нест. Ӯ бар ин аст, ки нишондодҳои патент ҳаводиси ҳаққонии бозори меҳнатро нишон дода наметавонад.
"То соли 2014 замоне, ки патенти нав рӯи кор омад, дар Маскав чунин дар як сол то 800 ҳазор муҷаввизи кор медоданд. Пасон соле то 400 ҳазор патент роҳандозӣ шуд. Вале агар ба омор назар андозем, шумораи муҳоҷирон дар баробари камшавии шумораи патент кам нашудааст", — қайд мекунад мутахассис.
Соли 2014 — 3,7 милюн иҷозатномаи кор ва муҷаввизи кор ба қайд гирифта шудааст. Дар соли 2016 бошад — 1,7 милюн.
Ба қавли Поставнин аксари муҳоҷирон намехоҳанд бо патент кор кунанд, чун бовар доранд, ки доштани ҳуҷҷату патент афзалияте дар пеши мақомоти Русия барояшон намедиҳад.
"Айни замон вазъ чунин аст: на патент на иҷозатномаи қайд, ба муҳоҷирон кафолати амнияти ҳуқуқӣ намедиҳад. Муҳоҷир метавонад бо доштани патенту иҷозатномаи қайд ҳам бо осонӣ ба дасти кормандони ҳифзи ҳуқуқ афтида ва муҷозоти маъмурӣ гираду ба ватанаш бадарға шавад", — гуфт коршинос.
Чунин ҳолатҳо аллакай соли 2010 рух дода буд, вақте пас аз дастгирии ду халабони Русия дар Тоҷикистон мақомоти Русия шаҳрвндони ин кишварро бидуни ҳиҷ асосе депорт кардаву ба Тоҷикистон фиристонид. Ва ҳодисаро чун нақзи қонунҳои муҳоҷират вонамуд.
Ба бӯҳрони иқтисодӣ нигоҳ накарда, имрӯзҳо ҷараёни муҳоҷират кам нашудааст. Бино ба додаҳои Мактаби олии иқтисодии Русия дар давоми шаш моҳи соли 2017 — 122 ҳазор муҳоҷир ба Русия омадааст, ки ин нишондод то 8 дарсад аз шумораи соли 2016 камтар мебошад.