Чигуна муҳоҷир метавонад дар се моҳ гувоҳиномаи ронандагии нав бигирад?

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкРонанда. Акс аз бойгонӣ
Ронанда. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрвандони хориҷие, ки то кунун гувоҳиномаи ронандагии русӣ нагирифтаанд, барои дарёфти он ночоранд ё вақти зиёдеро талаф кунанд, ё пули зиёдеро ва ё ҳар дуро

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik, Рубен Гарсия. Се моҳ пас аксари муҳоҷиронеро ки токсиронӣ ё мусофирбарӣ мекунанд, боз аз як имкони ба даст овардани пул маҳрум мешаванд.

Аз 1 июни соли 2017 дар Русия "Қонуни эминии ҳаракат дар роҳ" иҷроӣ меашвад, ки бино бар он шаҳрвандони хориҷие, ки то он замон гувоҳиномаи ронандагии русӣ дарёфт накарда бошанд, аз ҳаққи мусофирбарӣ маҳрум мешаванд.

Ин масъала ҳамакнун яке аз мушкилтарин масоъил ҳам барои ронандагон, ки аксарашон муҳоҷирони тоҷику узбаку қирғиз ҳастанд, ва ҳам барои ширкатҳои мусофирбарӣ ва боркашонӣ аст. Ин ширкатҳо эҳтимолан аз моҳи июн ронандагони навро истихдом мекунанд.

Вале ронандагое, ки дар ёфтаанд ки вақти кофӣ барои дарёфти гувоҳиномаи русӣ надоранд, як роҳи бурунрафт аз ин мушкилро доранд.

Раиси Иттиҳодияи байнулминтақаии токсиронҳо "Таксист" Ярослав Шербинин дар ин бора мегӯяд: "Мо ин масъаларо имрӯз дар Утоқи бозаргониву саноъеи Маскав баррасӣ мекунем. Созмони мо ҳамроҳ бо Иттиҳодияи омӯзишгоҳҳои ронандагӣ пешниҳодҳоеро таҳия карда, ки агар тасвиб шаванд, ронандаҳоро имкон медиҳанд дар якуним то ду моҳ гувоҳиномаҳояшонро русӣ кунанд. Албатта агар хоҳиш дошта бошанд. Агар бихоҳанд, метавонанд гувоҳиномаҳояшонро дар кӯтоҳ замоне иваз кунанд. Агар нахоҳанд — ихтиёр бо худашон аст".

Ин пешниҳод дар назар дорад, ки ронандагон як бори дигар аз имтиҳони қоидаҳои ронандагӣ бигзаранд ва сипас якҷоя барои дарёфти гувоҳинома аз озмун бигзаранд. Ин равиш на бозомӯзӣ, балки афзоиши ҳунари ронандагӣ хоҳад буд.

"Як давраи назарӣ хоҳем дошт ва майдони омӯзиши ронандагӣ ва давраи омодасозӣ дар хиёбонҳои шаҳр. Ба дигар сухан метавон гуфт ин як давраи кӯтоҳмуддат аст, вале замони он ба ҳунари худи ронанда вобаста аст. Ростиро гӯем, аксари ронандагон қоидаҳои роҳу ронандагиро фаромӯш ҳам кардаанд", — гуфт Шербинин дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.

Ба қавли ӯ аз оне, ки ронандагон дар ватани худ супорида ва вақти тӯлонӣ интизори ҷавоб мемонанд, хуб мешавад агар онро дар худи Русия бигиранд.

Асли қазия ин аст, ки агар ронанда бихоҳад мустақилона гувоҳиномаи худро иваз кунад, вақти зиёдеро аз даст хоҳад дод. То пулиси Русия дурустии гувоҳиномаи ӯро аз пулиси кишвараш бипурсаду посух бигирад ки замони дарозе мегузарад. Ин пурсупос дар бештари маворид бештар аз яке ду моҳ замон мебарад. Натиҷа ин ки иваз кардани гувоҳинома дар ниҳодҳои расмии Русия осонтар аст.

Бояд гуфт, ки Қонуни эмании роҳу ронандагӣ дар Русия ҳанӯз соли 2013 ислоҳ шуда буд. Вале он замон ҳам муаллифони қонун ба хотири заҳмати зиёди ронандагон ва созмонҳои корфармо, ки гуё дар муҳлати муайян наметавонанд гувоҳиномаҳои ронандагиро иваз кунанд, иҷрои онро ба таъхир андохтанд. Соли 2015 иҷроии шудани ислоҳотро боз то соли 2017 тамдид карда буданд.

Ба қавли бахре аз коршиносони соҳа, маҳз ба таъхир андохтани иҷрои қонун сабаб шуд, ки аксари ронадагони сабукрав ва боркаш имсол ҳам ба иҷрои он ҷиддӣ муносибат намекунанд.

"Ронандагон чаҳор сол дар ихтиёр доштанд, то гувоҳиномаҳои худро иваз кунанд. Чаро онҳо то кунун ин коррро анҷом надоданд", — мепурсад бо таъаҷҷуб сухангӯи Кумитаи таробариву сохтусозии Думаи кишварии Русия Евгения Москвичёва.

Александр Ачкасов, раиси Иттиҳодияи омӯзишгоҳҳои ронандагии Маскав, бо Евгения Москвичёва ҳамфикр аст.

"Мо на дар омӯзишгоҳҳои ронандагӣ ва на дар Бозрасии давлатии автомобилӣ ҷамъшавии ронандагони муҳоҷирро мушоҳида  накардем. Онҳоро "нозпарвард" карданд. Як бор муҳлатро тамдид доданду акнун ронандагон фикр мекунанд, ки ин дафъа ҳам чунин мешавад",-мегӯяд Ачкасов.

Ба қавли ӯ ронандагони хориҷӣ бояд дар баробари шаҳрвандони Русия гувоҳинома гиранд. Пеш аз муҳлат гирифтнаи санад ба хилофи таҷрибаи ҳуқуқии байнулмилалӣ буда, ба пиёдагардон, мусофирон ва дигар ронандагон хатар хоҳад дошт.

"Аксари муҳоҷирон ба хотири ҳар чӣ зудтар дарёфти ҷои кор дар Русия, дар ватани худ санади ронандагиро на бо роҳи ғайриқонунӣ мегиранд. Дар чунин вазъият натанҳо бояд санадҳои ронандагӣ аз нав гиритфа шавад, балки ҳар се моҳ аз имтиҳони қоидаҳои ҳаракат дар роҳ бояд гузаранд",-изҳор дошт Ачкасов.

Худи ронандагони муҳоҷир чунин талаботро беақлона ва беадолатона мешуморанд.

"Ман санади ронандагиро бо роҳи қонунӣ баъди супоридани имтиҳон дар ватанам гирифтам. 12-соли таҷрибаи корӣ дррам. 5 сол боз дар Маскав ронанда шуда кор мекунам. Чаро ман бояд аз сари нав ҳам вақт ва ҳам маблағ сарф кунам, дар ҳоле, ки аллакай аз ин амалиёт гузаштаам",-мегӯяд бо тааҷҷуб Шермат Нуриддинов, ки дар ширркати бузурги нақлиёти шаҳрӣ фаъолият мекунад.

Бояд қайд кард, ки ронандагоне, ки худравро на ба сифати нақлиёти ҷамъиятӣ истифода мекунанд, қарори мазкур ба онҳо дахолат намекунад.

Аз ҳама бори вазнин дар гардани ташкилотҳои кирокунанда меафтад. Онҳоро ҷарима ба қадри 50 ҳазор рубли русӣ интизор аст.

Дар сурати дар мӯҳлати муқарраршуда, иваз накардани санади ронандагӣ, ташкилотҳои кирокунанда низ ба мушкилоти кадрӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Ҳамин тавр тибқи ҳисоботи миёна 20 дарсади ронандагони Русияро муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ташкил медиҳанд.

Вале ба қавли Ачкасов ташкилотҳо ин мушкилотро бо киро кардани ронандагон аз дигарткишварҳо зуд ҳал мекунанд. Ё муҳоҷиронеро ба кор мегиранд, ки санади худро дар мӯҳлати муқарраршуда иваз карданд.

Ёдовар мешавем, ки барои гирифтани санади ронандагии русӣ, муҳоҷирон бояд ба маркази имтиҳонсупории Бозрасии давлатии автомобили Русия бо ариза муроҷиат кунанд. Дар баробари ин ивази санади ронандагӣ дар замоне сурат мегирад, ки агар ронанда аз имтиҳонот ба хубӣ гузарад.

Лентаи хабарҳо
0