ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Тоҷикистон барои шаҳрвандони худ маконҳои нави муҳоҷиратӣ мекобад. Дар ин бора Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон хабар дод. Аслан Тоҷикистон ба кишварҳои мухталиф таваҷҷӯҳ дорад.
Бо бархе аз кишварҳои хориҷ аз ҷумла Қувейт, Қатар ва АМА аллакай шамрномаҳо ҳам омода шудаанд.
Ба гуфти коршиносони рус кӯшиши васеъ кардани миқёси муҳоҷиратии Тоҷикистон тааҷҷубовар нест. Чунин масъалаҳо ҳар замоне пайдо мешаванд, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон дарёфти ҷои кор дар Русия мушкил мешавад ё музди меҳнаташон кам мешавад. Айни замон чунин давра аст.
Вале чун пештара дар амал татбиқ кардани тарҳҳо аз эҳтимол дур аст. Ва ин ҳам шаҳри худро дорад, мегӯяд коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Дмитрий Попов.
"Муҳоҷирати меҳнатӣ бар омилҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ асос ёфтааст. Дигар кардани самтҳои он аз рӯи баъзе дастурҳои ҳукумат коре мушикл менамояд, агар умуман имконпазир бошад. Мардум барои он ба Русия меоянд, ки ин ҷо заминаи бунёдии иқтисодӣ-иҷтимоӣ мавҷуд аст: дар Русия низоми муносиби раводид ҷорӣ аст, Русия муҳоҷират талабот дорад, дар Русия созмони бузурги тоҷикон аст, байни Тоҷикистону Русия алоқаи нақлиётӣ рушд кардааст, — изҳор дошт Попов дар суҳбат бо радои Sputnik.
Тоҷикистон солҳои охир кӯшиш кард, то дигар кишварҳои ҳамсӯдро ҳам барои коргаронаш кушояд. Дар ин росто таваҷҷуҳ ба Белорус буд. Дар Минск ҳам гуфта буданд, ки 20 ҳазор тоҷикистониро барои кор дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷалб хоҳанд кард. Вале дар таҷриба чизе нашуд.
Бино ба додаҳои расмӣ то имрӯз 97 дарсади муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Русия мераванд. Тибқи иттилоъи бахзе маъхазҳо дар Русия аз 600 то як милюн тоҷикистонӣ кор мекунад.