ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Раҳбари шуъбаи озмоишгоҳи иқтисодӣ ва демографии Донишгоҳи Ломоносов (МГУ) Олга Чудиновских бар ин аст, ки нархи муҷаввизи кор ё патент барои муҳоҷирон дар аксари манотиқи Русия ба нархи раводиди Шенген баробар аст.
Аз ин рӯ, нархи гарони муҷаввизи кор яке аз омилҳои аслии муҳоҷирати ғайриқонунӣ мегардад.
Чудиновских дар суҳбат бо РИА Новости гуфт, ки соли 2015 нархи муҷаввизи кор дар Русия гарон шуд. Барои пардохти андози яксолаи муҷаввизи кор муҳоҷир бояд музди думоҳаи худро бидиҳад.
"Дар шароите, ки арзиши рубл нисбати дулор боло намешавад, муҳоҷирон наметавонанд пуле ба хонаводаҳояшон бифиристанд. Аз ин рӯ, барои муҳоҷирон кори қонунӣ дар Русия бефоида мешавад. Барои онҳо осонтар аст, ки ба кори мавсимӣ биёянду бе ҳуҷҷат кор карда, ҳама даромадашонро бо худ ба кишварашон бибараднд, — гуфт коршинос.
Вай афзуд, ки ин раволи кор барои шаҳру вилояти Маскав, ки "нархи муҷаввизи кордар аз музди муҳоҷирон гаронтар аст" хос аст.
"Кӯшиши қонунӣ кардани буду боши муҳоҷирон дар Русия, ки мо соли 2015 пеш гирифтем, баръакси ҳол шуд. Эҳтимолан ҷамъоварии молиёт каме беҳтар шудааст, вале фақат аз он муҳоҷироне, ки қонунан дар Русия зиндагиву кор мекунанд", — гуфт таҳлилгар.
Дар баробари ин аксари муҳоҷирон патент намехаранд ва мо дар баробари ин ягон кор карда наметавонем.
Ба ҳисоби коршинос нархи навои патенти муҳоҷирон имрӯз дар Маскав ба нархи раводиди Шенген баробар шудааст. Агар пештар муҳоҷир барои дарёфти патент 1,2 ҳазор рубли русӣ пардохт мекард, пас ҳозир фақат барои гирифтани патент бояд 15 ҳазор рубл пардохт кунад: имтиҳон супоранд, аз духтар гузаранд, бимаи тиббӣ гирад.
"Ман намегӯям, ки гирифтани бимаи тиббӣ нодуруст аст. Албатта ин дуруст аст, вале нарх бояд муносиб бошад. Ҳукумати Маскав аз ҳар муҳоҷир барои дарёфти муҷаввизи кор баробари раводиди шенгенӣ пул мегирад. Ва зиёда аз ин ҳар моҳ муҳоҷир бояд 4,5 ҳазор рубли русӣ (тақрибан 600 сомонӣ) пардохт кунад", — гуфт коршинос.
Ҳамин тавр барои муҳоҷир дигар ангезаи молие барои ба Русия омадан, боқӣ намемонад. Барои ҳамин имрӯзҳо дар Русия муҳоҷирати ғайриқонуннӣ рушд кардаву муҳоҷирати қонунӣ коҳиш меёбад.
Ба қавли ӯ чун қавонони Русия барои муҳоҷирони Осиёи Марказӣ муносиб нест, онҳо чун "солҳои 2000-ум бидуни ҳуҷҷати мувофиқ омада кор мекунанду мераванд".
Рӯзи душанбе Раиси Шӯрои амнияти Федератсия Русия Николай Патрушев гуфт, ки то ҳол даст надодааст, сатҳи муҳоҷирати ғайриқонунӣ коҳиш дода шавад.
Вай ҳангоми суханронӣ дар ҷаласае оид ба амнияти миллӣ дар Ёқутистон гуфт, ки ин замон барои буду боши шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия шароит фароҳам оварда шуда, шароити дарёфти кор содда гардонида шудааст.
"Вале то ҳол паст кардани сатҳи муҳоҷиртаи ғайриқонунӣ, ки ба амнияти ҷомеа таҳдид мекунад ва майдони рушди теруризм, ҷинояткории фаромарзӣ мебошад, даст надодааст", гуфт Патрушев.
Ӯ қайд кард, ки миқёси истифодаи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ барои қайд дар ҷои истиқомат аз ҷониби муҳоҷирон ташвишовар аст.
Тоҷикистон ягона кишвари Иттиҳодияи давлатҳои ҳамсуд аст, ки муҳоҷиронаш дар авоили соли 2017 бештар аз дигарон ба Русия сафар кардаанд.
Бино ба иттилоъи рӯзномаи "Ведомости" дар кулл муҳоҷират ба Русия коҳиш ёфтааст. Бар асоси пажӯҳиши Фарҳангистони улуми Русия шумораи муҳоҷирони қонунӣ дар авоили соли 2017 нисбат ба авоили соли 2016 то 26,8 дарсад коҳиш ёфтааст.
Шумораи муҳоҷирон аз Қазоқистону Арманистон, Озарбойҷон ва Қирғизистон низ кам шудааст ва дар сатҳи солҳои 2012-2013 қарор дорад.
Аммо Тоҷикистон ҳамчунон дар муҳоҷират пешсаф аст ва дар шаш моҳи аввали соли 2017 нисбат ба порсол муҳоҷират бештар шудааст. Чунончи, агар дар шаш моҳи аввали соли 2016 ба Русия 5,6 ҳазор кас омада бошад, имсол 6,3 ҳазор тоҷикистонӣ барои кор ба Русия сафар кардааст.
Коршиносон далоили аслии коҳиши муҳоҷират ба Русияро шадидтар шудани қавонини муҳоҷиратӣ, коҳиши музди кору даромадҳо медонанд. Вале ин далелҳо пеши роҳ муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистонро намегиранд.