ДУШАНБЕ, 15 мая — Sputnik. Ҳар як ҳодисае, ки дар гирду атрофи кӯли Сарез ба вуҷӯъ мепайвандад, инсонро ба таҳлука меандозад, чӣ мешавад, агар ногаҳон саргаҳи он кушода шавад? Оё ин хатар дар ҳақиқат вуҷуд дорад?
Коршиносон дар ин бора ақидаҳои гуногун доранд. Бархе бар онанд, ки ин кор номумкин аст, гурӯҳи дигар бонги хатар мезананду роҳҳои ҳалли онро пешниҳод мекунанд.
Сарез- яке аз ҷавонтарин нуқтаи ҷуғрофии сайёраамон ба шумор меравад. Кӯл шаби 18 феврали соли 1911, дар натиҷаи баста шудани маҷрои рӯди куҳии Мурғоб пайдо шудааст.. Он шаб, зиёда аз ду мукааб километр ҷинсҳои куҳӣ сарбанди дарёро бастаанд.
Сатҳи чуқуртарини кӯл то 500 метр мерасад. Ҳаҷми умумии об айни ҳол 90%-и ҷараён ва гардиши солонаи Амударёро ташкил медиҳад. Дарозии обанбори табиӣ аз 50 километр зиёд буда, бараш 3,5 километр мебошад.
Роҳбари бахши геофизикии Фарҳангистони Тоҷикистон Собит Неъматуллоев қайд мекунад, ки кушода шудани сарҳаги Сарез воқеъият надорад. Олим мегӯяд, ки ақидаи бархе аз коршиносон оиди кушода шудани саргаҳ, ки метавонад Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Афғонистонро ба хисороти бузург дучор кунад, беасос аст. Ба гуфти Неъматуллоев ин ақидаҳо хоманд.
Ӯ мегӯяд, ки гирду атрофи кӯли Сарез зери назорати қатъӣ аст ва барои ба таҳлука афтодан асосе вуҷуд надорад.
Роҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон Рустам Нзарзода низ аз безарар будани Сарез пуштибонӣ кард.
Ӯ қайд намуд, ки кӯли Сарез ҳамеша зери назорати қатъии коршиносони соҳа қарор дорад.
"Оромона хобед. Дар Сарез ягон дигаргунӣ мушоҳида намешавад",-гуфт Назарзода.
Ӯ хотиррасон кард, ки гирду атрофи Сарез бо таҷҳизоти муосири хабаркунӣ, дурбинҳои мушоҳидавӣ муҷаҳҳаз аст, ки дарҳол ҳама гуна тағйиротро дар минтақа ва ҳатто дар дохили об ба қайд мегирад.
Хатар ба шаш миллион нафар
Дар баробари ин гурӯҳе аз коршиносон хатари Сарезро бузург баҳогузорӣ карда, ҳушдор медиҳанд, ки дар сурати кушода шудани саргаҳи он тананҳо ба манотиқи наздики кғл, балки тамоми минтақаи осиёи Марказӣ хатар ба бор хоҳад овард.
Назаре ҳаст, ки мувофиқи он дар сурати кушода шудани саргаги кӯл миқдори бузурги об то баҳри Арал рафта мерасад… 30 сол қабл гурӯҳе аз коршиносон модели математикии ин гипотезаро бо истифода аз муосиртарин компютерҳо ҳисоб карда баромаданд. Вале вақте олимон натиҷаҳои аввалро ба даст оварданд, онҳо дарҳол махфӣ карда шуданд.
Ин нишондодҳо танҳо соли 2001 кушода шуданд, вале на ба пуррагӣ.
Тибқи ин бовар дар минтақаи эҳтимолан хавфноки Тоҷикистон, Туркманистон, Афғонистон ва Узбакистон зиёда аз 6 миллион кас ба сар мебарад.
Вале агар кушодашавии онро тасаввур кунӣ пас барои Помир ва водии Панҷ ин тасвири нодиданиеро хоҳад монд. Мувофиқи ҳисоботҳо дар ин манотиқ оби аз кӯл сарозершуда, бо баландии 80 метр ва суръати 100 килуметр дар як соат ҳаракат хоҳад кард. Сели об натанҳо манзилҳо балки, иншооти бузурги гирроэнергетикӣ ва низ дар роҳи худ мешӯяд.
Коршисонон дар таҳлука афтодаанд
Юрий Севенард-коршинос, роҳбари нерӯгоҳи Норак дар солҳои 60-80 қарни гузашта.
Александр Рябикин- собиқ роҳбари сохтмони негоҳи "Сангтуда-1" ва номзади илҳои дақиқ.
Андрей Захватов роҳбари гурӯҳи ҳисобкунии математикии вайроншавии саргаҳи Сарез дар солҳои 1986-1989.
Ҳамаи ин олимон ақида доранд, ки саргаҳ аз яху ҷар таркиб ёфтааст. Вале об тадриҷан онро шуста мебарад ва ҷар мешинад.
Номуайянии сатҳи яху барф дар бадани саргаҳ имкон намедиҳад, ки қарорҳои дақиқи муҳандисӣ қабул шаванд. Дар умум олимон бар онанд, ки сол то сол аҳволи саргаҳ бад шуда истодааст ва ин ҳодиса онҳоро ба таҳлука афтонидааст.
Ҳалли ягонаи ин мушкилотро онҳо дар паст кардани стаҳи оби кӯли Сарез мебинанд. Олимон пешниҳод доранд, ки оби кғли Сарез бояд то 100-150 метр паст карда шавад.
Аз тарафи дигар ярч
Устоди Донишкадаи сохтмон ва меъмории Тошканд, Равшан Қодиров кушодашавии саргаҳи кғлро хатари ягона намедонад.
Тибқи ҳисоботи дигар олимон хатари бузургро ярчи калоне, ки дар қисми рости кӯл ҷамъ шудааст ба бор меорад. Агар ярч ба косаи обанбор афтад, ҷараёни об албатта ҳамаи минтақаҳои дар роҳаш бударо шуста мебарад.
"Барои ҳамин ярч низ таҳти назорат қарор дорад. Дар бробари назораткунандагони тоҷик ҳамтоёни МЧС-и "Узгидромет" низ ба назорати минтақа машғуланд. Дар баробари ин низоми иттилоотӣ бо ҳамаи кишварҳое, ки дар саргаҳи кӯл қарор доранд, барқарор карда шудааст. Илова бар ин мардуми минтақаҳои хавфнок ба дигар ҷойҳо кӯчонида мешаванд. Кай ва чӣ шуданаш ба касе маълум нест, вале мо бояд омода бошем",-қайд кард Қодиров.
Ба қавли ӯ солҳои қабл масъалаи истифодаи оби кӯл баррасӣ гардида буд. Вале барои татбиқи чунин лоиҳа маблағи зиёд лозим аст. Замоне, ки соли 1980-ум лоиҳаҳои истифодаи оби кӯл рӯи кор меомаданд, ҳодисаи ба ҳама маълум ба вуқӯъ пайваст ва ҳамааш чуноне ки буд, боқӣ монд.
"Мушкилотҳое чун Сарез имрӯз хеле зиёданд. Мо бояд онҳоро аз нуқтаи назари умумибашарӣ ҳал намоем. Ин масъалаҳо моҳияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва умумибашарӣ доранд. Хатар вуҷуд дорад, вале чи шуданаш ноаён аст. Ғайр аз ҳисоботҳои математикӣ дигар чизе маълум нест",-хулоса кард коршинос.