ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Музаффар, ки то ҳол дар бисёри минтақаҳои вилояти Хатлон, Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сайёҳат кардааст, изҳор медорад, ки сафар ба кӯли Сарез тайёрии махсус мехоҳад.
Кӯли Сарезро бо умқи 500 метр ва дарозии беш аз 70 километр бисёриҳо хатарзою "аждаҳои хуфта" унвон кардаанд, аммо Музаффари Имомдод мегӯяд, баъди боздид аз ин кӯл муътақид шудааст, ки Сарез муъҷизаи безарари табиат аст: "Овозаҳои ташвишоварро атрофи Сарез зиёд шунидам, аммо баъде, ки бо чашмони худам дидам, ором шудам. Ба фикрам ҳеч хатаре надорад".
Музаффари Имомдод таассуроти дигарашро аз ҷумла дар мавриди маҳдудиятҳои сафар ба Сарез ва чаро мардуми водии Бартанг вақти пешниҳоди пул ба онҳо хафа мешаванд, дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон муфассал нақл кард.
— Суҳбатро аз интихоби вақт барои сафар оғоз кардем, ки чаро маҳз фасли тирамоҳро барои сайёҳат интихоб намудед?
— Дар фасли тирамоҳ донишҷӯён, макбаббачагон ва дигар табақаҳои ҷомеа, ки одатан тобистон ба деҳот мераванд, ба кору зиндагӣ ба шаҳр бармегарданд ва маҳз дар ҳамин фасл имкон аст, ки инсон аз зебогии табиат ва оромии он ба пуррагӣ ҳаловат барад. Ман аз ноҳияҳои гуногуни вилояти Суғд, Хатлон ва Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дидан кардаам. Имсол бошад сайёҳатамро аз ноҳияи Дарвоз шурӯъ карда то кӯли Сарез идома додам. Мутасссифона ҳангоме, ки аз ноҳияи Дарвоз мегузаштем аллакай торик шуда буд ва ман натавонистам табиати зебои ин диёрро аксбардорӣ кунам, вале ният дорам, ки дар роҳи бозгашт албатта ин корро анҷом диҳам. Пасон ман ба водии Бартанг барои дидани кӯли Сарез рафтам.
-Чи гуна мушкилиҳо дошт роҳи сафар?
— Баромадан ба кӯли Сарез кори осон нест. Одам бояд ҳангоми сафар кардан ба ин ҷо омода бошад, донад, кадом пойафзол пӯшидан лозим, кадом намуди хӯрокро истеъмол бояд кард, аз чи навъи нӯшокӣ бояд истифода бурд. Ростии гап худам ҳам аз ин ҷизҳо огоҳии комил надоштам, барои ҳамин ҳангоми боло баромадан ва ба кӯли Сарез расидан, хаста шудам. Вале барои дидани манзараи афсонавии Сарез ҳеҷ гуна хастагӣ боис намешавад, хастагиро як тараф гузошта то қуллаи баландтарин баромадам.
-Як сайёҳи хориҷӣ дар мусоҳиба бо Sputnik гуфт, ки "ӯро дар Тоҷикистон бепул савор кардаанд ва ройгон хӯрок додаанд", оё нисбати сайёҳони маҳаллӣ низ чунин муносибат ҳаст?
— Албатта чунин муносибат натанҳо нисбати сайёҳони хориҷӣ балки нисбати ҳар як роҳгузар аст. Моро дар водии Бартанг ҳам бепул савор карданд, ҳам хӯрок доданд, ин хислати неки мардуми тоҷик аст. Меҳмоннавозӣ дар хуни мо ҷойгир аст. Аҷибаш ин ки агар ба ивази чунин меҳрубониҳои мардуми ин минтақа маблағи пулӣ пешниҳод кунӣ онҳо натанҳо аз гирифтани он даст мекашанд, балки хафа мешаванд.
-Дар роҳи сафар буданд ҳодисаҳое, ки дер боз фаромӯш нахоҳанд шуд?
— Меҳмоннавозии мардуми Бартанг. Ин хоси мардуми мо аст, одамони ношинос сайёҳон ва натанҳо сайёҳон балки ҳама гуна роҳгузаронро барои як пиёла чой албатта даъват мекунанд. Ҳеҷ гоҳ меҳмоннавозиии халқамон фаромӯш нахоҳад шуд. Ва чун ман худ зодаи бадахшонзаминам дигар ҳодисаҳо ба назарам содда менамоянд.
— То ҳол дар бисёре аз навоҳии кишвар сайёҳат доштаед, ҷои дӯстдоштаи шумо дар Тоҷикистон кадом аст?
— Ман Рушонзаминро бисёр дӯст медорам. Ҳар замоне, ки вилояти Бадахшон сафар мекунам, агар аз ин ноҳия дидан накунам, худро дар Помир ҳис намекунам. Аслан бошад ҳамаи ҷойҳои Тоҷикистон бароям як хел менамояд, табиати зебо, ҳавои тоза, мардуми меҳмоннавоз. Ва умуман ман Тоҷикистони азизамонро хеле дӯст медорам.
-Оё сайёҳони хориҷӣ низ дар роҳи сафар дучоратон шуданд?
— Бале, бисёр. Чанде пиёда, дигарон савори мошин ва бархе бо дучарха. Вале ба фикри ман бояд тамошои кӯли Сарез ба ҳама иҷозат дода шавад. Чун хоҳишмандони тамошои ин манзараи мафтункунанда бисёранд. Кушодани роҳ ба сӯи кӯли Сарез, ки бузургтарин кӯл дар минтақа аст, ба манфиати буҷаи давлат ва ҳам боиси баланд шудани сатҳи зиндагии мардуми водии Бартанг хоҳад шуд. Хуб мешуд агар аз ҷониби ҳукумати кишвар роҳи кӯли Сарез кушода шавад.
— Сайёҳони хориҷиро дар баробари табиати зинда ва кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Тоҷикистон, хӯрокҳои миллӣ ҷалб менамоянд, шуморо чӣ?
— Сайёҳони хориҷиро кӯҳҳо, ҳавои тоза, мардуме, ки дар иҳотаи кӯҳҳо умр ба сар мебаранд ва албатта кӯлҳои Тоҷикистон ба худ ҷалб менамояд. Маро низ табиати биҳиштосои Тоҷикистон бо ҳавои тозааш, кӯли Сарез, осмони софу беғубор, ситораҳои дурахшони шаби тор, бо офтоби нурафшонаш тасхир кардааст. Чун ман дар ин минтақа ба дунё омадаам, ин замин маро бештар ба худ мекашад. Вале агар вақти дароз ба ин ҷо наомада бошам, ҳангоми баргашт худро чун сайёҳи хориҷӣ ҳис мекунам.
-Ба фикри шумо барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар чӣ чиз намерасад?
— Хуб мешуд агар низоми гирифтани литсензия аз ҷониби ҳукумати кишвар соддатар карда мешуд. Ҳастанд хоҳишмандони зиёде, ки мехоҳанд дар рушди соҳаи сайёҳии кишвар саҳмгузор бошанд…меҳмонхонаҳо созанд, ки дар роҳи дарози Душанбе-Хоруғ ё худ роҳи Душанбе-Хуҷанд хеле заруранд. Хеле мушкил аст то ҳол дар Тоҷикистон гирифтани иҷозатномаҳо, ба фикри ман кам шудани ҳолатҳои коорупсионӣ метавонад ба рушди сайёҳии кишвар таъсири мусбат расонад.
-Дар рафти сайёҳататон чанд сум харҷ кардед?
— Сайёҳат дар Тоҷикистон дар қиёс бо дигар мамолики хориҷ наонқадар гарон аст. Ман дар тӯли сафарам анча сум харҷ кардам, он ҳам бошад танҳо барои бензин.
Сӯҳбати Музаффари Имомдод дар мавриди бурду бохти соҳаи саёҳӣ дар ҳолест, ки тайи нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 163,9 ҳазор сайёҳи хориҷӣ сафар кардааст. Тоҷикистон аз ҷумла бо Помир- яке аз бузургтарин минтақаи кӯҳӣ дар ҷаҳон, ки бо қуллаи Исмоили Сомонӣ (қаблан пик. Коммунизм), "Роҳи Абрешим", ёдгориҳои тамаддуни аҳди зардуштӣ, чашмаҳои гарми шифобахш ва ғизоҳои ниҳоят гуногуни болаззат машҳур аст.