ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Чуноне ки аз Институти геология ва сейсмологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон Мустафо Гадоев ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, имрӯз дар ҳудуди кишвар заминларҳаза бо қувваи 3- 4 балл ба қайд гирифта шуд.
Бино бар гузориши манбаъ, маркази заминларза дар километри 357-уми самти ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе ва километри 23-юми самти шарқӣ аз кўли Сарез ҷойгир шудааст.
Қувваи заминларза дар марказаш 4 балл ва дар кўли Сарез 3 баллро ташкил дод.
Ёдовар мешавем,ки дар як маҳи охир дар Тоҷикистон бори чандум аст, ки заминларза рух медиҳад.
Ахиран пас аз осеб дидани манзилҳо баъди заминларза раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супориш дода буд, ки хисороти заминларзаро ҳисоб карда, чораҳои зурурӣ андешанд.