ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Нерӯгоҳи Роғун монанди кӯли Сарез сохта мешавад, изҳор дошт муовини аввали раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон Рустам Шоҳиён.
Ба қавли ӯ сарбанди табиии кӯли Сарез баъди ҳар як заминҷунбӣ мустаҳкамтар мешавад ва қодири тоб овардани заминларзаи то 9 балиро дорад.
Ин хусусияти нодирро меъморон зимни сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Норак таҷриба карда, акнун барои сохтмони Роғун истифода мекунанд.
Сарбанди дарёи Вахш охири моҳи октябри соли 2016 баста шуд. Дар бастани ҷараёни дарёи Вахш президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шахсан ширкат кард.
Сарез- яке аз ҷавонтарин нуқтаи ҷуғрофии сайёраамон ба шумор меравад. Кӯл шаби 18 феврали соли 1911, дар натиҷаи баста шудани маҷрои рӯди куҳии Мурғоб пайдо шудааст. Он шаб, зиёда аз ду мукааб километр ҷинсҳои куҳӣ сарбанди дарёро бастанд.
Сатҳи чуқуртарини кӯл то 500 метр мерасад. Ҳаҷми умумии об айни ҳол 90%-и ҷараён ва гардиши солонаи Амударёро ташкил медиҳад. Дарозии обанбори табиӣ аз 50 километр зиёд буда, бараш 3,5 километр мебошад.
Аксари коршиносон бар онанд, ки кушодашавии кӯл натанҳо барои минтақа балки ба манотиқи аҳолинишини кишварҳои ҳамсоя низ метавонад зарар расонад.
Вале намояндагони КҲФ-и Тоҷикистон борҳо гуфта буданд, ки кӯли Сарез безарар аст. Сатҳи оби кӯл шабонарӯзӣ назорат карда мешавад.