ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik, Рубен Гарсия. Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони Ширкати исломии тасеъаи бахши хусусӣ (ICD) баргузор гардид, ки дар он масоили марбут ба рушди бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар ин мулоқот аз раванди омодасозии қонунгузории Тоҷикистон барои роҳандозиву густариши низоми бонкдории исломӣ дар кишвар гузориш дод.
Вале то кунун заминае барои ин намуди бонкдорӣ дар кишвар фароҳам нашуда ва муштариён, ҳуқуқшиносон ва бонкдорон аз шароиту вижагиҳои он чандон огоҳ нестанд.
Sputnik Тоҷикистон аз коршиносони бахши бонкдорӣ шарту шароити роҳандозии низоми бонкдории исломӣ дар Тоҷикистонро ҷӯё шуд. Мудири Бунгоҳи "Амал" Рашид Низомиев дар ин бора гуфт: "Таҷриба нишон медиҳад, ки роҳандозии бонкдории исломӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба иродаи сиёсиву тасмимигирии давлатҳо вобаста аст. Чунончи, низоми бонкдории исломӣ дар Қазоқистон ва Қирғизистон пеш аз ҳама бо тасмиму қарори ҳукумат роҳандозӣ шуд. Маълум аст ки тақозои шаҳрвандон низ дар назар буд, вале агар давлатҳо чунин тасмим намегирифтанд, ин намуд бонкдорӣ дар он кишварҳо роҳандозӣ намешуд".
Вай ёдоварӣ мекунад ки "дар ин кишварҳо то дар "боло" тасмим нагиранд, заминаи қонунӣ барои роҳандозии низоми бонкдории исломӣ фароҳам оварда нахоҳад шуд".
Раиси Бунёди тавсеъаи тиҷорати исломӣ Линар Яъқубов низ дар ин бора аз таҷрибаи Қазоқистон ва Қирғизистон ёдовар шуд. Вай бар ин назар аст, ки Тоҷикистон метавонад қонунгузории ин кишварҳоро барои роҳандозии низоми бонкдории исломӣ дар қаламраваш сармашқ қарор диҳад.
Вай гуфт: "Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин замина Қазоқистон аст. Бар асоси қароре ки раисҷумҳури Қазоқистон тасвиб кардааст, дар ин кишвар як бонки хориҷӣ ва чанд бонки қазоқистонӣ дар заминаи бонкдории исломӣ фаъолият доранд".
Вай Қирғизистонро низ намуна овард ва гуфт: "Дар ин кишвар ЭкоИсламикБанк аз соли 2006, пас аз тасвиби қарори марбут, фаъолият дорад ки то кунун 60 то 70 ҳазор амалиёти бонкӣ анҷом додааст".
Ӯ ҳамчунин гуфт, ки давлати Узбакистон дар замони раёсати Ислом Каримов бо муассисаҳои исломӣ ҳамкорӣ намекард, вале давлати кунунӣ роҳи ҳамкорӣ бо бонкҳои исломиро пеш гирифтааст.
Низоми бонкдории исломӣ чи вижагиҳое дорад? Нахуст ин ки бонкдории исломӣ бар қавонини исломӣ бунёд ёфтааст ки судхӯриро ҳаром мешуморад. Яъне бонки исломӣ аз вомгиранда баҳраи вом намегирад ва ё тиҷорати "ҳаром", масалан, тавлиду фурӯши алкул ва сигорро, сармоягузорӣ намекунад.
Дигар ин ки бонк ба ҷои вом ё эътибор додан ба ашхоси ҳақиқӣ ва ҳуқуқӣ, бар асоси таҳлилу баррасии вазъи моливу барномаҳои иқтисодии онҳо ва мусбат будани таҷрибаву тарозашон, дар иҷрои тарҳҳои онҳо мушорикат ва ё сармоягузорӣ мекунад.
Рашид Низомиев мегӯяд: "Агар дар бораи имтиёзҳое, ки бонкдории исломӣ ба муштариён медиҳад, сухан гӯем, ин бонкдорӣ боадолатонатар аст. Масалан, яке аз имтиёзҳои бонкдории исломӣ ин аст, ки масъулияти бархе аз рискҳоеро, ки дар низоми бонкдории маъмулӣ бо вомгиранда аст, бонк бар уҳда мегирад. Агар аз таҷрибаи Русия намуна биёрем, то ҷое ки ман медонам, бунгоҳҳои пулии исломӣ, аз он ҷумла муассисаи мо низ, дар сурати деркард дар пархоти вом аз вомгиранда ғаромат намеситонанд. Ғаромат рискест бузург ки агар вомгиранда вомашро сари вақт напардозад, бидеҳкор шуда ва дар бархе аз маворид ҳама дороиҳояшро аз даст медиҳад вале ҳамчунон аз бонк қарздор мемонад".
Вай афзуд: "Низоми иқтисодии исломӣ аз омӯзаҳои ислом реша мегирад, ки мафҳуми адолатро возеҳу рӯшан таъриф карда ва дар назар дорад ки рискҳо дар ҳар сурат бояд миёни тарафҳо баробар тақсим карда шаванд. Ногуфта пайдост ки чунин бархурде ба суди муштариён аст. Бонк низ бо чунин бархурду равиш муштарӣ ва супурдагузоронро ба худ ҷалб мекунад".
"Бонкдории исломӣ имрӯз чӣ пешниҳоде дорад?— мепурсад Линар Яъқубов. — Мардум аксаран судхӯриро ҳаром медоданд ва тарҷеҳ медиҳанд ки пулашонро зери болишт нигоҳ доранд, на дар бонкҳо. Бисёре дар Русия бар ин боваранд, ки хешкории аслии бонкдории исломӣ ҷалби сармояи хориҷӣ аз кишварҳои мусулмоннишин аст, вале дар асл ин ниҳод василаест барои корбурд аз сармояи хобидаи мардум".
Вай таҷрибаи кишварҳои ғайри исломӣ, аз он ҷумла Инглистонро, намуна меорад, ки тақозоҳои ақаллияти мусулмонро ба назар гирифтанд ва қонунгузории худро ислоҳ карда, барои роҳандозии бонкдории исломӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварданд. Ҳамин сиёсат Ланданро яке аз муҳимтарин марокизи ҷалби сармоя аз кишварҳои мусулмон гардондааст.
Бонкдории исломӣ ҳамакнун дар Арабистони Саудӣ, Амороти муттаҳидаи арабӣ, Индонезия, Миср, Малайзия, Қувайт, Қатар, Туркия ва Покистон густариш ёфтааст. Дар кишварҳои Ховари Миёна ҳаҷми хадамоти бонкдории исломӣ 25 дарсад аз кулли ин бозорро ташкил медиҳад.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамакнун узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ ва Бонки тавсеъаи исломӣ ҳастанд. Ногуфта намонад, ки бино бар баррасиҳои Сандуқи байнулмиллалии пул, бонкҳои исломӣ нисбат ба бонкҳои маъмулӣ дар баробари бӯҳрони иқтисодӣ тобовартар ҳастанд.