Қонуни нав шаҳрвандони Тоҷикистонро аз зӯроварии бонкдорон муҳофизат мекунад

© Sputnik / Амир ИсаевШаҳрвандони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Шаҳрвандони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон қабули қонун,ки ба ҳифзи мизоҷони бонкҳо аз амали ғайриқонунии бокдорон равона гардидааст, дар назар аст. Яке аз сабабҳои асосии роҳандозии меъёри нави ҳуқуқӣ зиёд намудани эътимоди мардум ба бонкҳо мебошад

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Дар "Стратегия ва нақшаи амал барои ҳимояи ҳуқуқи мизоҷони низоми бонкӣ барои солҳои 2017-2021", ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон роҳандозӣ шудаааст, дар бораи зарурати манъи истифодаи методҳои зӯроварӣ нисбати мизоҷон гуфта мешавад.

Агар аз ҷониби ҳукумати ҶТ қонуни мазкур қабул гардад, бонкдорон ҳуқуқи ба мизоҷон ва моликияти шахсии онҳо дахолат кардан, ё таъсири физикию равонӣ расонандро гум мекунанд.

Васоили кишоварзӣ - Sputnik Тоҷикистон
Имон Интернешнл барои сармоягузори кишоварзон $16,5 млн қарз гирифт

Рашид Ғанӣ Абдуллоҳ сиёсатшинос дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон қайд кард, ки ҳукумат намехоҳад дар кори ғайриқонунии бонкдорон айбдор шавад, барои ҳамин дурандешона механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи истеъхмолгаронро роҳандозӣ мекунад.

"Беҳтараш мушкилотро то сар задан ҳал кард. Қонун метавонад чун меъёри пешгирикунанда, қабул гардад. Чунки ҳодисаҳои монандро мо дар Русия мушоҳида мекунем. Дар ВАО на ҳамеша  дар бораи муносибати дағалонаи бонкдорон  нисбати истеъмолгарон, чуноне дар Русия ба вуқӯъ пайваст, менависад. Вале азбаски дар ҷумҳурӣ фаъолияти ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ низ ҷой дорад ва нисбати онҳо шикоят зиёд аст, ҳукумат метавонад барои ҳифзи симои сиёсии худ меъёрҳи пешгирикунандаро қабул кунад",-гуфт Ғанӣ Абдуллоҳ.

Ба қавли таҳлилгари масоили кишварҳои Осиёи Марказӣ Андрей Захватов дар Тоҷикистон якчанд ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ мавҷуд буда, онҳо тақрибан дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ фаъолият мекунанд. Меъёри фоизии чунин ташкилотҳо дар қиёс бо бонкҳо нисбатан баландтар аст.

"Дар Тоҷикистон меъёри фоизӣ нисбат ба таварруми солона се маротиба зиёдтар аст. Барои ҳамин шумораи шахсони воқеӣ, ки хоҳиши гирифтани қарзҳои хурдро доранд, зиёд нест. Ва аксари мизоҷони бонкҳо ва ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ-на қаллобон, балки одамони боадолатанд. Онҳоро набояд "тарсонид", барои онҳо бояд фазои мусоиди соҳибкориро фароҳам кард",-мегӯяд коршинос.

Дар рафти коркарди меъёри ҳуқуқӣ оиди  ҳифзи мизоҷон Тоҷикистон эҳтимолан аз таҷрибаи қонунгузории Русия истифода кунад. Дар баробари ин намояндагони Бонки миллӣ ташкили вазифаи ваколатдори молиявиро пешниҳод кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар давоми солҳои охир дар Тоҷикистон талабот ба қарзҳои хурд афзудааст. Мувофиқи маълумот соли гузашта ҳаҷми умумии қарзи ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ ба 426 миллион доллар баробар шуд.

Аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин ҷода Қазоқистон пешсаф буда, 30%-и бозори умумии минтақаро ташкил медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0