Коршинос: муҳоҷирони Осиёи Марказӣ тариқи бонкҳо маблағ намефиристанд

© Sputnik /  / Гузариш ба медиабонкМаоши муҳоҷир. Акс аз бойгонӣ
Маоши муҳоҷир. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коршинос Елена Кузмина дар мусоҳиба бо Sputnik изҳор дошт, ки интиқоли маблағ тавассути низоми “ҳавола” ва фарқияти мубодилаи асъор барои муайян намудани ҳаҷми воқеии маблағи аз Русия ба Осиёи Марказӣ интиқолёфта монеъ мешавад.

ДУШАНБЕ, 20 июн —Sputnik. Беқурбшавии пули миллӣ нисбат ба доллар дар давраи буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва кам шудани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Русия сабабҳои асосии кам шудани ҳаҷми интиқоли маблағ аз Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад, изҳор дошт, сардори бахши рушди иқтисодии давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравии донишкадаи иқтисодии Академияи илмҳои Русия, Елена Кузмина.

Муҳоҷирон дар интизории гирифтани санадҳои иҷозаи кор. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
БМР: интиқоли маблағ ба Тоҷикистон 66% коҳиш ёфт

Миқдори интиқоли маболиғ аз Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар нӯҳ моҳи аввали соли 2015 дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 2,5 маротиба паст шудааст. Дар умум ба мамлакатҳои Осиёи Марказӣ 2,2 миллиард доллар интиқол дода шудааст, ки ин шумора нисбати соли 2014-2,8 маротиба камтар мебошад. Тамоюли камшавии интиқоли маболиғро, ки соли 2015 шурӯъ гардида буд, метавон муътадил арзёбӣ кард.

Коршинос қайд намуд, ки дар асл ҳаҷми интиқоли  маблағ, чуноне, ки аз нигоҳи аввал менамояд наонқадар тағйир ёфтааст, чунки ҳисоботи оморӣ дар асоси доллар сурат мегирад, муҳоҷирони бошанд  музди меҳнаташонро бо рубл мегиранд.

Ба гуфти Кузмина ин ҳисоботро бояд бо беқурбшавӣ ва сатҳи таварруми пули миллии ин кишварҳо муқоиса кард.

"Агар ҳаҷми интиқоли маблағро бо асъори миллӣ ҳисоб кунем мебинем, ки вазъият наонқадар фоҷиабор аст. Дар баробари ин на ҳамаи маблағҳо тариқи низомҳои бонкҳо расмӣ фиристода мешаванд. Ҳаҷми асосии интиқоли маблағ тавассути низоми "ҳавола"-и бонкдории исломӣ интиқол дода мешаванд. Ҳаҷми интиқоли маблағ берун аз низомҳои бонки расмӣ зиёд шудааст",-гуфт Кузмина.

Низоми ҳисобдории "ҳавола" дар минтақаҳои мусулмоннишини Шарқ ва Африқо хеле машҳур аст. Муҳоҷирон маблағро ба кордори низоми "ҳавола" дода, наздикони ӯ дар ватан метавонанд онро аз дасти бонкдори дигари маҳаллӣ бигиранд. Комиссияи ин низом нисбат ба бонкҳои расмӣ албатта пасттар аст. Вале бояд дар ёд дошт, ки фаъолияти чунин бонкҳо расмӣ нест.

Ба қавли иқтисоддон вазъи душвори иқтисодии Русия ва Қазоқистон, ки бозорҳои асосии меҳнати кишварҳои дигари ИДМ мебошанд, ва ҳамчунин танг шудани бозори меҳнат ва кам шудани имконияти дарёфти ҷои кор низ ба ҳаҷми интиқоли маболиғ таъсир расонид.

Нуқтаи интиқоли маблағ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон 65% коҳиш ёфтааст

"Паст шудани даромади коргарони рус дар қаламрави Русия мувофиқи маълумоти Бонки марказӣ дар бораи даромади муҳоҷирон муқоисашанда аст. Агар ба бозори меҳнати Русия назар андозем, чи барои муҳоҷирони меҳнатӣ ба чи барои худи мардуми маҳаллӣ ҷои кор кам шудааст",-қайд кард коршинос.

Елена Кузмина бовар дорад, ки музди меҳнати муҳоҷирон баъди мӯътадил гаштани вазъи иқтисодии Русия баланд хоҳад шуд, вале пешгӯии вақти баромадан аз буҳрон мушкил аст.

"Ҳаҷми интиқоли маблағ каме баланд шуда, боз кам мешавад-тамоюли умумӣ дар ояндаи наздик тағйир намеёбад. Зиёд шудани ҳаҷми интиқоли маблағ танҳо баъди муътадил гаштани вазъи иқтисоди ҷаҳон мумкин аст",-гуфт ӯ.

Аз рӯи ҳаҷми интиқоли маблағ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Узбакистон дар ҷои аввал қарор дорад. Тоҷикистон, ки соли гузашта аз рӯи ин нишондод дар ҷои дуюм буд, акнун ду зина поён рафта дар мақоми чорум қарор дорад. Қирғизистон бошад баръакс аз ҷои чорум бо мақоми дуюм баромадааст. Коршинос зиёд шудани интиқоли маблағро дар Қирғизистон бо ҳамроҳ шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё вобаста медонад.

"Акнун барои шаҳрвандони Қирғизистон шароитҳои корӣ дар Федератсияи Русия дар қиёс бо дигар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ беҳтар гардид",-қайд кард Кузмина.

Дар сафи аввал қарор доштани Узбакистон бошад ба шумораи зиёдтарини муҳоҷирони меҳнатии ин кишвар дар қаламрави Русия вобаста мебошад.

Коршинос ҳамчунин қайд намуд, ки кам шудани ҳаҷми интиқоли маболиғ омили асосии  паст шудани  иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Лентаи хабарҳо
0