ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Зодагони Осиёи Марказӣ бори дуюм дар ҳамлаи террористӣ дар Туркия айбдор мешаванд. Ҳамлаи террористӣ ба фурӯдгоҳи байналмиллалии Отатурк аз ҷониби террористи чечен, қирғиз ва узбек, ки аз дарсҳои "Давлати Исломӣ" гузаштаанд, анҷом дода шуд.
Чанде қабл бошад, ҳукумати Туркия шаҳрванди Узбакистонро, ки дар ҳамлаи терористии шаби Соли нав ба яке аз клубҳои шабонаи Истамбул даст дорад, боздошт намуд.
"Айни ҳол шумораи қирғизҳо, узбекҳо ва дигар шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар сафи гурӯҳи ҷиноии "Давлати Исломӣ" хизмат мекунанд, номаълум аст. Асосан ин нафарон ба сифати террористи худкуш истифода мешаванд. Барои истифодаи узбекҳо ва қирғизон ба сифати террористи худкуш дар Туркия, ҷинояткорон аз забон ва фарҳанги умумии онҳо истифода мекунанд, ки дар қиёс бо арабҳо дар ҷомеи Туркия мувофиқати бештар доранд",-менависад ИноСМИ бо такя ба The National Interest.
Махсусан ҳамин хусусиятҳо ва мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказиро ба сафи гурӯҳи ҷиноии "Давлати Исломӣ" мекашанд.
Пошхӯрии ИҶШС сабаби шурӯъ шудани ҷанги нотамом дар Афғонистон ва ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон гардид. Амалиёти низомӣ дар навбати худ ба ташкили гурӯҳи радикалии "Толибон" ва ҳаракати Исломӣ дар Узбакистон (чанде қабл ба сафи "Давати Исломӣ" шомил шуд) оварда расонд. Соли 2000 қудратигурӯҳи радикалӣ паст шуд, вале аз байн нарафт.
Бо мақсади нигоҳдории субот, ҳукумати кишварҳои Осиёи Марказӣ нисбати мухолифони сиёсӣ ва гурӯҳҳои исломӣ фишор оварданд. Вале норозигии мардум аз сатҳи зиндагӣ, музди ками маош сабаби асосии пайвастани шаҳрвандони ин минтақа ба сафи гурӯҳҳои террористӣ шуд.
"Замоне, ки ташкилоти радикалии "Ҳизб ут-Таҳрир", ки мақсади ташкил намудани Хилофати Исломӣ дар Осиёи Марказиро пайгирӣ мекард, мамнӯъ эълон шуданд, шумораи зиёди ҷавонон ва гурӯҳҳои радикалии ҷойдоштаро ба оғӯши худ кашид", менависад нашриёти NI.
Муаллифи мақола қайд менамояд, ки набудани ислоҳоти сиёӣ ва иқтисодӣ дар якҷоягӣ бо набудани хоҳиши кам кардани қувваи идораи ташкилотҳои шубҳаноки сиёсию исломӣ танҳо ҳузури террористонро дар минтақа зиёд мекунад. Дар навбати худ ин омил метавонад сабаби бештар гардидани шумораи шаҳрвнадони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сафи "Давлати Исломӣ" ва худкушию ҳамлаҳои террористӣ шавад.
"Ҳамлаҳои террористӣ дар Туркия бори дигар нишон дод, ки шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ба сафи "Давлати Исломӣ" пайваста, дар Туркия ва Сурия меҷанганд",-омадааст дар мақола.
Чӣ бояд кард?
Барои ором нигоҳ доштани фазои кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳукумати давлатҳои ин минтақа бояд пеш аз ҳама аз низоми маориф шурӯъ кунанд. Муаллимони ғайри ихтисос, норасоии китобҳо, китобҳои кӯҳна, коррупсия ва сатҳи пасти ҳаҷми моҳона-мушкилоте ҳастанд, ки ҳукумат бояд бо онҳо мубориза барад. Ҷавононе, ки дониши мукаммал надоранд, ба осонӣ ҳадафи ҷалбкунандагони Давлати Исломӣ мегарданд.
"Чун натиҷа, ҷавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ чун қишри осебпазири ҷомеа, умед доранд, ки дар сафи ҷангиёни "Давлати Исломӣ", зиндагии худро аз ҷиҳати молиявӣ пеш мебарад",-менависад The National Interest.
Ёдовар мешавем, ки ҳукумати Тоҷикистон борҳо аз мушкилоти норасоии муаллимони забони русӣ ва адабиёт гуфта буд. Мувофиқи маълумоти вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар айни ҳол дар кишвар 340 муаллими дарсдиҳанда намерасад. Ҳамчунин бо мақсади ғанӣ кардани таҷрибаи кории муаллимон аз ноҳияҳои дурдасти кишвар аз курсҳои бозомӯзӣ мегузаранд, вале ин омилҳо низ бо пуррагӣ мушкилотро аз байн бурда наметавонад.
Қадами дигар ба фикри муаллифи мақола решакан кардани коррупсия дар минтақа мебошад.
"То замоне, ки ҳукумати кишварҳои Осиёи Марказӣ ба сатҳи зиндагии мардум муносибати хунукназарона мекунанд, шаҳрвандонашон сафи Давлати Исломиро пур кардан мегиранд. Имрӯз ин омили аввалин аст. Сокинони Истамбулро дар ин бора пурсон шавед",-менависад NI.
Ба фикри роҳбари маркази ҳуқуқӣ ва хабарии "Муҳоҷират ва қонун" Гавҳар Ҷураева шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо сабаби дар муҳоҷират қарор доштанашон осебпазиранд. Чун қоида нафароне, ки ба сафи Давлати Исломӣ мепайванданд ду мотиватсия доранд-ақида ё пул.
Вақте, орзуҳои муҳоҷир оиди кор кардан ва баргаштан ба ватан барбод меравад, онҳо даррав тӯъмаи ҷалбкунандагони Давлати Исломӣ мегарданд.