ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik.Тайи ду соли охир дар Сурия ва Ироқ, дар ҷониби ҷангиёни ташкилоти террористии "Давлати исломӣ" (ДИИШ- мамнӯъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои олам) қариб 47 ҳзр. шаҳрвандони хориҷӣ ҷанг мекунанд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба маълумотҳои Маркази тадқиқотии стратегии Мароккан(CMSE).
Аз ин нишондод наздики 6 ҳазор шаҳрвандони кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ озими ДИ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) гаштаанд- 1000 нафар аз Чиченистон. Ғайр аз ин қисми зиёди онҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд. Ин маълумотҳоро дар тадқиқоти худ CMSE дар Форуми мубориза бо терроризми глобалӣ овардааст, ки он аз ҷониби Донишкадаи шоҳии Elcano ташкил карда шуда, дар Мадрид мегузарад.
Ҳафт ҳазор шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла 1,7 ҳзр. фаронсавӣ, 850 белгӣ, 760 ҳолландӣ, 650 олмонӣ, 170 шведӣ озими ДИ гаштаанд, хабар медиҳад роҳбари CMSE Муҳаммад Бенҳаммоу. Мувофиқи ин тадқиқот то 450 шаҳрванди Испания дар ду соли охир дар лагерҳои машқии ДИ қарор доштанд. Бояд қайд кард, ки ин шумора ду маротиба аз маълумоти ВКД Испания, ки пештар баён карда буд, зиёдтар аст, ки он 190 нафарро ташкил мекард.
Бештар аз ҳама ба Ироқ ва Сурия барои иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ шаҳрвандони Тунис сафар кадаанд- 5,5 ҳазор нафар, истиқоматкунандагони Арабистони Саудӣ — 3,2ҳазор нафар, 1,63 ҳазор нафар шаҳрвандони Марокаш, 1,6 ҳазор нафар аз Урдун, 1,2 ҳазор нафар аз Миср ва 900 нафар аз Алҷазоир. Ба ғайр аз ин 497 нафар марокашиҳо дар ҷангҳо фавт карда, 274 нафари онҳо ба кишвари худ баргаштаанд ва боқимонда тахминан дар ДИ қарор доранд.
Дар Сурия ва Ироқ намояндагони 90 миллати дунё ҷанг мекунанд ва аз баъзе кишварҳо шумораи онҳо се чор нафар аст. Масъалан, мувофиқи маълумоти тадқиқот дар ДИ 9 нафар ҷопониҳо низ ҳастанд.
Президенти донишкадаи Elcano Эмилио Ламо де Эспиноса ҳангоми кушодашавии форум дар баромади хеш гуфт, ки кишварҳои аврупоӣ пас аз ба охир расонидани амалиётҳои ҷангӣ дар Сурия ва Ироқ, бо мушкилии зиёд шудани сатҳи таҳдидҳои таррористӣ дар кишварҳои худ, рӯ ба рӯ шуданд.
"Агар онҳо дар он ҷо ба ҳарба бароянд, дар ин ҷо ҳам ҷанг мекунанд",-гуфт коршинос. Ба фикри вай бояд бо масъалаи дерадикализатсияи пайравони террористон машғул шуд.