Пул, рӯҳафтодагӣ ё мушкилоти оилавӣ: чӣ мардуми Осиёро ба Сурия мебарад

© AFP 2023 / TAUSEEF MUSTAFAБайрақи Давлати Исломӣ. Акс аз бойгонӣ
Байрақи Давлати Исломӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коршиносон ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки чӣ гуна бӯҳрони оилавӣ ва набудани ҷойи кор шаҳрвандони Осиёи Марказиро ба сафи Давлати Исломӣ тела медиҳад

ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik, Рубен Гарсия. Қувваҳои ҳавоии Русия ва артиши миллии Сурия тадриҷан минтақаҳои ғасбнамудаи ДИ (Давлати Исломӣ-мамнӯъ дар Тоҷикистон)-ро аз чанголи ҷангиён озод мекунанд.

Ҷангиёни ДИ-ро мебояд аз як тараф  бо эътилофи ғарбӣ ва ҳарбиёни Ироқ, ки ба шаҳри Мосул ҳуҷум доранд ва  аз ҷониби дигар бо ҳарбиёни Туркия, ки дар шимоли кишвар амалиёти зидди террористӣ гузаронида истодаанд, ҷанг кунанд.  Дар баробари ин кӯмаки молиявии сарпарастон аз халиҷи Форс ҷиддан кам шудааст.

Виталий Наумкин, Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Наумкин: набояд “ДИИШ”- ро давлати исломӣ хонд

Дар чунин вазъият аксари ҷангиёни Давлати Исломӣ бахусус онҳое, ки шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд, ҷавобгарии ҷиноиро аз тирпарронию тирхӯрӣ  бартар шуморида ба ватан бармегарданд.

Бозгашти онҳо барои коршиносон даст дод, то дар асоси маводҳои муфаттишон ва омӯхтани тарҷумаи ҳоли собиқ ҷангиён портрети иҷтимоии террористонро тасвир кунанд.

Бар хилофи баъзе боварҳо, сабаби шомил шудани шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ба ДИ пул нест.

"Дар рафти омӯзиши тарҷумаи ҳоли аксари ҷангиён маълум шуд, ки сабаби молиявӣ барои аъзои ДИ шудан асос нест. Зимни гузаронидани тадқиқот ман боре ҳам бо ҳодисае, ки масалан шахс дар ҳақиқат барои қути лоямут ва таҳдиди гуруснагӣ ба худашу аҳли оилааш ба ДИ пайваста бошад, вонахӯрдам",-гуфт  ба Sputnik Тоҷикистон коршиноси  Шӯрои Русия оид ба муносибатҳои байналмилаллӣ Никита Мендкович.

Ба қавли ӯ дохил шудан ба сафи ДИ бо сабаби побанди қарз будан барои Ливия, Тунис, Миср ва дигар кишварҳои ба ин монанд хос аст.

Мушкилоти вазъи молиявӣ ё ки набудани заминаи иҷтимоӣ маъмул мебошад. Ба фикри Мендкович катализатори ба Сурия рафтан бештар рӯҳафтодагӣ аз ҳаёти ҳаррӯза, ки то авҷи бӯҳронӣ омада мерасад, шуда метавонад.

"Ман бо чанд ҳолате вохӯрдам, ки дар он сабаби ба сафи ДИ шомил шудан, низоъҳои шахсӣ шудаанд.  Аз ҷумлда дар худи Тоҷикистон ман шаш ҳолати рӯҳафтодагиро мушоҳида кардам, ки 4-тои онҳо бо мушкилоти оилавӣ бастагӣ доштанд. Аз ҳамрасаш ҷудо шуд-ба сафи ДИ шомил шуд! Бо волидон ҷанг шуд-ба сафи ДИ дохил шуд! Мисоли мушаххас: падар писари худро маҷбур кард, то аз идомаи таҳсил даст кашида ба хона баргардад. Ӯ дар курси аввали Донишгоҳи Давлатии Маскав таҳсил мекард, хулосаи кор ӯ дар нонпазхона ба кор даромад. Тасаввур карда метавонед, ки ин ҳодиса барои ӯ чӣ гуна фоҷиаи калон аст",-шарҳ дод коршинос.

WT: Русия ҳақ аст, ИМА ҳампаймони “Давлати исломӣ” мебошад

Дар умум барои шаҳрвандони ин минтақа ҳолатҳое хосанд, ки дар пайи онҳо ҷавонон дар соҳаи интихобкарда худро амалӣ карда натавониста, мехоҳанд дар "террор" муваффақ шаванд.

"Масалан дар Қазоқистон, зиёд будани мутахассисони кордон мушкилоти асосӣ аст. Ҳамин тавр донишҷӯ дар курси 3-юм аллакай дарк мекунад, ки ҳатто дар сурати бо медали тилло хатм кардани донишгоҳ ӯ ба ҷои кори мувофиқ намеёбад. Ҳолати дигар-ҷавоне мехост дар соҳаи ҳарбӣ фаъолият кунад ва ӯро аз донишкада пеш карданд",-нақл кард Никита Мендкович ба Sputnik Тоҷикистон.

Сухан дар бораи таҳқиқи тарҷумаи ҳоли зиёда аз 20 ҷавон, ки ба сафи ДИ дохил шудаанд меравад. Маълумот дар бораи онҳо тариқи пурсиш аз хешовандон, гузаронидани мусоҳибаи шахсӣ ва тафтишоти муфаттишон ҷамъоварӣ шудааст.

Орзуи барқарор кардани адолат

Боваре, ки гӯё аъзоёни Давлати Исломӣ ба воситаи мағзшӯӣ ҷавононро ба сафи худ ҷалб мекарда бошанд, низ ҳақиқат надорад.

Чунин ашхос метавонанд танҳо чун террористи худкуш истифода шаванд, вале барои дар сафи "қувваҳои Халифат" истодагарӣ кардан ба кор намеоянд.

Сӯҳбати президент бо донишҷӯён: дар бораи ваҳдат ва “Давлати исломӣ”

Ба қавли профессори донишгоҳи шаҳри София, коршиноси булғорӣ Татяна Дрознина  сабабҳои ҷалб шудан  ба сафи ДИ тарафдори  идеология будан аст. Шомили сафи ДИ шудан ин қарори бошуурона, қарори идеологӣ  аст,ки инсон барои қабули он солҳо омодагӣ мебинад.

"Сатҳи маълумотнокии ҷангиён ба сатҳи миёнаи маълумотнокӣ дар кишвар баробар аст. Ҳамин таар мо гуфта наметавонем, ки сафи ҷангиён танҳо аз ҳисоби шахсони бемаълумот пур мешавад. Аксари онҳо соҳиби маълумоти олӣ ҳастанд ва қариб ки миёни онҳо нафаре бекор нест. Аксари ҷангиён оиладор соҳиби 2 ва  ё 3 фарзанд ҳастанд. На ҳамаи онҳо хушунат доранд ва ҳатто аксари онҳо аз хизмати ҳарбӣ низ гузаштагӣ нестанд",-Дрознина номзад ба сафи  Давлати Исломиро чунин тасвир мекунад.

Мувофиқи маълумоти тадқиқоти ӯ ҷангиёни оянда ҳанӯз солҳлои 2006-2007 ба дин дода шудаанд, вале ягон аъзои оиларо ин дилбастагии онҳо хавотир накардааст. Дар натиҷа бо ғояҳои ташкили Халифати Исломӣ дар кишвари алоҳида онҳо худ дар кофтукови нафаре шуданд, ки барои ба кишвари ҷангзадаи Сурия равон кардани онҳо ёрӣ дода тавонад.

"Шахсони танҳо, ҳатто агар дилбастаи Давлати Исломӣ бошанд ҳам, хеле кам то ҷои муқарраршуда мерасанд. Дар ин кор доим миёнарав лозим аст. Шахсе, ки долони сабзро барои террорист омода намуда, ба ӯ 1000 доллари амрикоӣ, ки барои кишварҳои Осиёи Марказӣ на он қадар пули кам аст, диҳад",-қайд кард Дрознина.

Ҷангиёни ДИИШ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тадқиқот: 6 ҳозор зодаи Иттиҳоди Шӯравии пешин барои ДИ меҷанганд

Пас барои чӣ мардум ба сафи Давлати Исломӣ дохил мешаванд? Бовар кардан мушкил аст, ки шахсони маълумотнок бо шароити хуби молиявӣ гурӯҳ гурӯҳ ба сафи Давлати Исломӣ шомил шуда, ба нафароне табдил мегарданд, ки бе ягон чуну чаро ба куштори мардуми осоишта даст мезананд.

Сабаби асосии инро коршиносон дар идеологияи ягона доштани ҷангиён-яъне ташкили давлати ягонаи исломӣ мебинанд.

"Ин мубориза барои идеали сиёсӣ аст. Онҳо дар ҳақиқат  мехоҳанд давлати нав, ҷамъияти идеалии исломӣ ташкил диҳанд. Дар даврони Советӣ бо чунин шавқу рағбат комуннизм месохтанд",-мегӯяд таҳқиқгари булғорӣ.

Вале замоне, ки дилдодагони ислом ба ҷои давлати мусулмонӣ ба  Сурияи ҷангзада меафтанду худро миёни ҷанги шадид, (ки роҳи ягонаи он куштори шахсони муқобил аст) дармеёбанд, барои баргаштан аллакай дер мешавад.

Нафароне, ки хоҳиши баргаштан ба ватан мекунанд, онҳоро хатари кушта шудан аз ҷониби ҷангиёни ДИ, ё артиши Сурия таҳдид мекунад.

Мувофиқи маълумоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар сафи Давлати Исломӣ 1094 шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аксарияти онҳоро салафиҳо ташкил медиҳанд, ҷанг мекунанд. Ҳалокати 300 нафар расман маълум шудааст.

Дар гузориши СПАД оид ба терроризми байналмиллалӣ дар Осиёи Марказӣ гуфта шудааст, ки 85% шаҳрвандони Осиё, ки ба сафи ҷангиён шомил шудаанд, муҳоҷирони меҳнатӣ буда, дар ФР таҳти таъсири ҷалбкуннадагони Давлати Исломӣ қарор гирифтаанд.

Ба қавли Дабири кулли Созмон Николай Бордюжа 60 нафар бо хоҳиши худ ба ватан баргаштааст. Ӯ хабар дод, ки ҷангиёни собиқ самимона ба гуноҳи худ иқрор шуда, авф шуданд ва дар ҳоли ҳозир аз ҷониби мақомот пайргириӣ намешаванд.

Лентаи хабарҳо
0