ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik.Президент дар суханронии худ дар назди кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия фаъоляти оҷонсиро дар тайи даҳ соли ташкилёбӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дод.
Ҳамин тавр агентӣ аз солҳои 2007-2017 12 ҳазор тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида, ба маблағи умумии қариб 2 миллиард сомонӣ зарари молиявиро ошкор намудааст.
Агар соли 2007 — ум 130 миллион сомонӣ зарар ошкор шуда бошад, ин рақам соли 2016 — ум 386 миллион сомониро ташкил кард, меорад президент.
Аз ҷумла дар даҳ соли охир аз маблағи умумии зарарҳои молиявии ошкоргардида 529 миллион сомонӣ ё 27 фоиз изофанависии ҳаҷми корҳои таъмиру сохтмонро ташкил намудааст.
Боқимонда 26,6 фоиз маблағҳои кам ҳисобишуда ва рӯйпӯшшудаи андозҳо, 672 миллион сомонӣ ё 34 фоиз талаф, 151 миллион сомонӣ пардохти беасоси музди меҳнат, нафақа, ҷубронпуливу сафархарҷиҳо ва 85 миллион сомониро зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ ташкил медиҳад.
"Дар ин кор баъзе масъулини мақомоти давлатӣ низ даст дошта, маҳз мусоидат ё шарикии онҳо содиршавии ин ҷиноятҳоро имконпазир мегардонад",-қайд кард президент.
Ғайр аз ин аз ҳисоби истифодаи қарзҳои давлатии дохилӣ ва хориҷӣ, ки бо кафолати Ҳукумати Тоҷикистон ҷалб шудаанд, ба маблағи 120 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардидааст, ки 66 миллион сомонӣ ё 55 фоизи он ба ду соли охир рост меояд.
Оҷонсӣ аз ҳисоби моликияти давлатии ғайриқонунӣ хусусӣ гардонидашуда ба маблағи умумии зиёда аз 84 миллион сомонӣ ошкор намудааст.
Дар раванди хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ шаффофият таъмин нашуда, тасарруф намудани маблағҳои буҷетӣ то ҳол давом дорад, мегӯяд президент.
Ҳамин тавр маблағи зарари молиявӣ аз ҳисоби ҷиноятҳои ошкоргардида дар давраи таҳлилӣ 980 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки дар рафти санҷишу тафтишот 294 миллион сомонии он барқарор шудааст.
"Таҳлили омори даҳсола нишон медиҳад, ки ҳамасола содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ тамоюли зиёдшавӣ дорад. Аз ҷумла, агар соли 2007 ҳамагӣ 464 ҷиноят ошкор карда шуда бошад, ин рақам соли 2016 қариб ба 1900 адад расидааст"- меорад Эмомалӣ Раҳмон.
Бахусус, тайи 5 соли охир шумораи ин ҷиноятҳо хеле афзуда, аз 1320 ҷинояти дар соли 2012 содиршуда то 1900 ҷиноят дар соли 2016 афзудааст.
Аз рӯи маълумоти агентӣ шумораи ҷиноятҳои ошкоргардида дар даҳ соли охир дар мақомоти корҳои дохилӣ ва вазорати нақлиёт якуним баробар, мақомоти судӣ ва прокуратура зиёда аз ду баробар, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазоратҳои адлия, маориф ва илм, кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ зиёда аз чор баробар, вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ беш аз панҷ баробар афзоиш ёфтааст.
Дар соҳаи бонкӣ кирдорҳои хусусияти коррупсионидошта танҳо дар ду соли охир зиёда аз дуюним баробар ва нисбат ба соли 2007 беш аз 80 баробар афзудаанд.
Дар соли 2016 аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар 145 ҷинояти хусусияти коррупсионидошта содир гардидааст.
Аз ин шумора 45 ҷиноят аз тарафи кормандони Вазорати корҳои дохилӣ, 20 ҷиноят дар Вазорати адлия, 15 ҷиноят дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, 12 ҷиноят дар Вазорати мудофиа, 1 ҷиноят дар мақомоти прокуратура ва 5 ҷиноят аз тарафи кормандони мақомоти судӣ содир карда шудааст, изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.