Наумкин: набояд “ДИИШ”- ро давлати исломӣ хонд

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкВиталий Наумкин, Акс аз бойгонӣ
Виталий Наумкин, Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коршинисони соҳаи ислом бар онанд, ки ҳама гуна бадбахтӣ аз ҷаҳолат сар мезанад. Мисоли равшани он муаррифии нодурусти террористон дар ВАО мебошад. Онҳо аз рӯзноманигорон даъват меоранд, ки ҳангоми номбар намудани номи секта ва ё ташкилотҳои террористӣ аз истилоҳҳои дуруст истифода баранд

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik, Мария Шелудякова. Оё рӯзноманигорон ҳуқуқи муаррифи намудани  гурӯҳҳои террористиро, ки мухолифи ҷамъияти исломӣ мебошанд, ҳамчун "Давлати исломӣ" доранд? Ходимони дин ва олимони ислом боварӣ  доранд, ки одамонро ин  амали намояндагони ВАО танҳо аз ҳақиқат дур мекунад.

Дар замони муосир тамоми ҷаҳон ба таҳдидҳои радикалистон рӯ  ба рӯ шудааст. Онҳо ҳарчанд бо дини бузурге, чун ислом ягон иртибот надошта бошанд ҳам, бо пӯшидани либосҳои динӣ аз номи ислом баромад мекунанд.

Радикалистон аз истифодаи иборае, чун такфир(кофир эълон кардани касе- идора) мехоҳанд миёни мусалмонон исён андозанд. Аммо, чуноне ки коршинос қайд намуданд, ислом- намунаи эҳтироми дигар динҳо ва эътиқодҳо мебошад ва дар ин бора бояд дар ВАО ёдовар шуд.

"Имрӯзҳо муҷоҳидоне, ки дар Сурия ҷанг мекунанд, ҳам аз минтақаҳои гуногуни Русия мебошанд ва ҳам аз давлатҳои Осиёи Марказӣ- мегӯяд машваратчии калони намояндагии СММ оид ба Сурия, аъзои Академияи илмҳои Русия Виталий Наумкин- маҳз барои ҳамин бояд ваҳдати мусалмононро дастгирӣ намуд ва ба баҳсҳои дохилӣ мудохила накард. Ҳоло бояд онҳоеро рад намуд, қасдан арзишҳои исломӣ, дин, ҳаёт  ва шаъну шарафи инсонро халалдор мекунанд. Бояд онҳоеро рад кунем, ки даъват аз зӯроварӣ ва ҳуҷум ба ҳукумати қонунӣ мекунад, ва мусалмоноро аз ҳам ҷудо намуда тафриқаандозӣ менамояд".

Шамил Аляутдинов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Шамил Аляутдинов: ба ҷаҳон маърифатнокии динӣ ва ходимони дин намерасад

Бояд исломӣ анъанавӣ ягона манбаи фаҳмиши дини ислом бошад, на бархе аз намояндагони тафриқаандоз.

Чӣ тавр ҷавоноро бояд ҳимоят кард

Ифродгароён асосан ҷавононро аз роҳ мебароранд ва худро салафӣ ном медиҳанд.  Рӯзноманигорон бошад бо истифодаи истилоҳи террористон, ғайриихтиёрӣ одамонеро дастгирӣ мекунанд, ки аз номи дин баромад мекунанд. Ҳама гуна бадбахтӣ аз ҷаҳолати инсон ба вуҷуд меояд, мегӯянд ходимони дини исломӣ. Муаррифии нодуруст ва қабули нодуруст ба ҳақиқатҳои дурӯғин оварда мерасонад.

Танҳо дар як ҳолат метавон ба ҳақиқат расид- бояд ба ҳар як чиз номи худашро дод: ваҳҳобиҳоро ваҳҳобӣ номид, ифродгароёнро ифродгаро, террористонро террорист.

Намояндагони ислом мегӯянд, ки ифодаҳоеро ба монанди ифродгароии исломӣ на бояд истифода бурд, дар байни пайравони дигар динҳо низ ҷинояткорон ҳастанд, аммо мо ҳеҷ гоҳ тариқи телевизион ва ё радио ибораи экстремизми христианӣ ва ё буддиро намешудавем. Дар ислом экстремизм ва ё терроризм мавҷуд нест, ислом динест, ки ба сулҳ ва некӣ даъват меорад.

На бояд ташкилоти террористиро "Давлати исломӣ" номид. Мувофиқи шариати ислом ин гуна ибора ғайриимкон аст.

Ба ақидаи ходимони дин, барои аз ҳақиқат дур нашудан, бояд аз ибораи "бо ном…" камтар истифода бурд. Барои ин гуна давлатҳо бояд номи "Давлати шайтони"- ро дод, боварӣ доранд олимони дин.

Ғайр аз ин ифродгароёнро дар ислом муҷоҳид номидан хатост, барои он ки ҷиҳод маънои ҷаҳд намуданро дорад, ки  он кӯшиш дар роҳи Аллоҳ мебоашд ва мубориза барои дин аст. Нисбат ба террористон ин ибораро на бояд истифода бурд, ки ба ин восита, амали онҳоро тасдиқ мекунанд.

Ҳоло ҷараёни ваҳҳобия паҳн шуда истодааст. Пайравони ин ҷараёни диниву сиёсӣ худро салафӣ ном медиҳанд, ки ин ҳам нодуруст аст. Салафиён онҳое мебошанд, ки аз пайғамбар Муҳаммад (с) сар карда, то се асри даврони мо зиндагии кардаанд. Ваҳҳобиён бошанд, ин номро ба худ касб кардаанд.

Ҳеҷ кас инкор намекунад, ки дар дохили ислом ҳамавақт ихтилоф буд ва вуҷуд дорад. Ҳоло бошад мушкилиҳо аз сектаҳое сар мезанад, ки онҳо дигар мусалмононро ғайримусалмон эълон мекунанд, мегӯяд муфтии Чечния Салоҳҳоҷӣ Маҷиев.- Ҳоло беш аз ҳама бояд муттаҳид буд.

Ходимони дини ислом мегӯянд, ки аксар вақт дигарон аз арзишҳои исломӣ хабар надоранд ва барои ҳамин куштор ва ё инфиҷорро ба ислом марбут мекунанд, ки он асос надорад.

Лентаи хабарҳо
0