WT: Русия ҳақ аст, ИМА ҳампаймони “Давлати исломӣ” мебошад

© Sputnik / Антон Денисов / Гузариш ба медиабонкПлатформаҳои нафтӣ дар баҳри Хазар (Каспий). Акс аз бойгонӣ
Платформаҳои нафтӣ дар баҳри Хазар (Каспий). Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамагӣ чанде қабл неруҳои ҳавоии Амрико фармони бомборони нақлиёти нафткаши гуруҳи ҷангиёни “ДИИШ”-ро дарёфт карданд. Ба назари шореҳи Washington Times, ин ҳам аз он сабаб шуд, ки Русия ИМА-ро дар як ҳолати ногувор қарор дод.

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. ИМА муддати мадид аз зарбазании мавқеъҳои ҷангиён ва мақарри истихроҷи нафти "ДИИШ" худдорӣ меварзид, аз ин рӯ онҳоро ҳампаймонҳои террористон номидан мумкин аст, менависад шореҳи Washington Times Тодд Вуд дар матлаби "Русия ҳақ аст: Кохи сафед ба ДИИШ дар фурӯши ғайриқонунии нафт кӯмак мекунад", иттилоъ медиҳад РИА Новости.

Қаблан Вазорати дифоъи Русия аз он нигаронӣ кард, ки ИМА ҳамлу нақли нафтро тавассути террористон ба қаламрави Туркия намебинад.

"Вақте мақомоти амрикоӣ эълон мекунанд, ки интиқоли ғайриқонунии нафтро тавассути нақлиёти террористон ба Туркия намебинанд, ин аллакай нишонии ноогоҳӣ не, балки ҳамдаст будани онҳоро дар ин амал нишон медиҳад",- қайд мекунанд дар вазорати дифоъ.

Фиристодаи вижаи ИМА дар умури энергетикаи байналмилалӣ Амос Хокстайн изҳор дошт, ки ҳаҷми нафти ба таври қочоқ интиқолёфта ба Туркия аз ҷониби террористон на он қадар бузург аст. Ин баёния нахустин қадами худсафедкунӣ аст, меафзояд шореҳи Washington Times.

ИМА мегӯяд, аз бомборони инфрасохтори нафтии террористон барои он худдорӣ карданд, ки аз қурбон шудани аҳолии осоишта ва вазъи муҳитзист бим доштанд.

Путин: Су-24 барои ҳимояти интиқоли нафт аз ДИ ба Туркия сарнагун шуд

Фақат чанде пештар НҲН-и ИМА фармони бомборони нақлиёти нафткаши ҷангиёнро дастрас карданд. Ба андешаи Вуд, ин ҳам бо он сабаб, ки Русия ИМА-ро дар ҳолати ногувор қарор дод.

"Ҷониби Кохи сафед як навъ бемавқеъ ба назар мерасад, менависад рӯзноманигор. — Аз ин рӯ метавон гуфт, ки ҳукумати Амрико дар ҳар амале, ки барои тақвияти ДИИШ нигаронида шуда бошад, даст дорад".

Раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон харидории нафти террористонро аз ҷониби Анқара рад карда, онро тӯҳмат дар ҳаққи худу ҳукуматаш хонд. Ӯ гуфт, агар исбот шавад, ки Туркия аз ДИИШ нафт мехарад, омода аст ба истеъфо равад.

Лентаи хабарҳо
0