Назарбоев: монеаи асосӣ барои нест кардани ДИИШ нофаҳмиҳо миёни кишварҳои абарқудрат аст

© Sputnik / Алексей ДружининПрезиденти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев. Акс аз бойгонӣ
Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар сурати шикасти “ДИИШ” дар Сурия ва Ироқ ҷангиёни ин созмони террористӣ метавонанд, дар Афғонистон, дар марз бо Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон фаъол шаванд

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бар он аст, ки нофаҳмиҳо миёни роҳбарони кишварҳои абарқудрати ҷаҳон ба гурӯҳи ҷиноии "Давлати Исломӣ" фазои зист фароҳам меорад.

Ба қавли Нурсултон Назарбоев дар сурати муттаҳид шудани роҳбарони давлатҳои адарқудрат имкон аст, ки ҷангиёни "Давлати исломӣ" бартараф  ва мағлуб карда шаванд.

Виталий Наумкин, Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Наумкин: набояд “ДИИШ”- ро давлати исломӣ хонд

Ҳудуди хурди ДИИШ ё  "Давлати исломӣ"…. чандин ҳазор аъзоро дар бар мегирад. Онҳоро метавон мағлуб кардан. Агар ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан роҳбарони давлатҳои бузург ба ҳам биёянд. Имрӯз дар ҷаҳон нофаҳмиҳо, ҷудоиҳо сар задаанд ва аз ин ҳама гуна қувваҳои  террористӣ истифода мекунад",-гуфт ӯ дар мусоҳиба бо шабакаи  "Россия 24".

Ба гуфти роҳбари Қазоқистон нофаҳмиҳо миёни давлатҳои абарқудрати ҷаҳон ба террористон ва экстремистон "фазои зист"-ро фароҳам меорад.

"Хатар аст, вале он метавонад набошад, агар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳама якдилона барои нест кардани он камар банданд",-бовар дорад президенти Қазоқистон.

Ӯ ҳамчунин ибрози андеша намуд, ки дар  сурати шикасти "ДИИШ" дар Сурия ва Ироқ ҷангиёни ин созмони террористӣ метавонанд, дар Афғонистон, дар марз бо Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон пайдо шаванд. Дар чунин вазъият қувваҳои СПАД посухи ҷавобӣ хоҳад дод.

"Дар ҳоли ҳозир шукри Худо дар ҳудуди мамлакат таҳдидҳо ҳис намешаванд, вале эҳтимол ҳаст….Он замон бояд мудофиаи коллективии мо, ҷавоби якҷояи мо омода бошад",-гуфт ӯ.

Президенти Қазоқистон ҳамчунин қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир омодагии Иттиҳоди Аврупоро барои ҳамкорӣ бо Иттиҳоди АвруОсиё намебинад.

Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Афғонистон: танҳо баробарию бародарӣ метавонад сулҳ биёрад

Дар баробари  ин ӯ қайд кард, ки роҳбарони мамолики Аврупо "эҳтимолияти ҳамкорӣ ва самаранокии онро" қайд карданд.

"Агар дар бораи оянда фикр кунем, бармеояд, ки Аврупо ба мо лозим аст, мо ба онҳо лозимем. Яъне Аврупо, Осиё, махсусан мо ва Аврупо ба ҳам таваҷҷӯҳ дорем",-қайд кард президенти Нурсултон Назарбоев.

Ба қавли ӯ дар рафти вохӯрӣ бо роҳбарони якқатор кишварҳои Аврупои Шарқӣ ҳамтоёни ӯ хостори рушди ҳамкориҳо шудаанд. "Ҳамаи онҳо хоҳиши барқарор намудани ҳакориҳо ва муколамаро доранд. Захираҳои мо ба онҳо лозиманд, мо ҳам ба технологияи онҳо ниёз дорем. Инҳоро бояд ба ҳам овард",-гуфт Назарбоев.

Қаблан президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири умури хориҷии Қазоқистон Эрлан Идрисовро ба ҳузур пазируфта, вазъияти кунунии ҷаҳон, пешгирии таҳдидҳои муосир ва таҳкими сарҳад бо Афғонистонро муҳокима кард.

Лентаи хабарҳо
0