ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Иштирокчиёни конфронси "Бесуботиҳои сиёсии тирамоҳи соли 2016 дар Афғонистон: хатарҳо барои кишвар ва мамлакатҳои минтақа", ки дар Маскав баргузор гардид, мегӯянд, ки "ҳалли вазъияти Афғонистон аз мувозинати байни ҳамаи қувваҳо-дохилӣ, хориҷӣ, минтақавӣ ва глобалӣ вобаста аст. Вале чӣ корҳоро метавон боз анҷом дод?
Ба гуфти роҳбари маркази таҳқиқотии Афғонистон Азиз Ориёнфар вазъи Афғонистон аз баробарии ҳамаи қувваҳо вобастагӣ дорад.
— Чун анъана ҳукумат ҳамеша дар дасти пуштуҳо, ки ба ҳамтоёни ғарби худ такя мекунанд, мебошад. Барои ҳамин ҳам элитаи пушту доиман хостори ҳузури кишварҳои хориҷӣ дар мамлакат аст. Вале таҳкими миллатгароёни пушту, ки нисбат ба Покистон даъвоҳои ҳудуӣ доранд, метавонад ба якпорчагии Покистон хатар дошта бошад, мегӯяд ӯ.-Барои ҳамин ҳам Покистон доиман исломгароёни фундаменталистро дастгирӣ карда, барои нигоҳ доштани пуштуҳо хостори ҳузури толибон дар ҳудуди Афғонистон аст.
Ӯ қайд менамояд, ки ҳузури толибон натанҳо хости Покистон ҳаст, балки ИМА ва шарикони минтақавии он, чун-Арабистони Саудӣ, Қатар, Туркия, ки аз кам шудани таъсири толибон ва зиёд шудани роҳбарони ҷониби шимол, ки чун анъана бештар бо Русия ва Эрон ҳамкорӣ доранд, мебошад.
Покистон бошад дар байни ИМА ва Чин мақоми мобайниро ишғол кардааст, аз Пекин барои танг кардани ҳузури амрикоӣ дар Афғонистон пул гирифта ба Амрико барои пурзур кардани таъсири Вашингтон дар Афғонистон кумак мекунад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Афғонистон бояд бо Покистон шартномаеро ба имзо расонад, ки аз се шарт иборат бошад: дахолат накардан ба сиёстаи дохилии якдигар, ҳуҷум накардан ва хотима додан ба баҳсҳои ҳудудӣ,-мегӯяд Ориёнфар.
Александр Князев-коршинос оид ба Афғонистон низ бар он аст, ки бидуни рушди ҳамкориҳои дуҷониба бо Покистон пойдории сулҳ дар Афғонистон амри маҳол аст.
— Ҳукумати Афғонистон доиман Покистонро дар ноором сохтани вазъияти дохилӣ ва нигоҳдории гурӯҳҳои мухолиф гунаҳкор мекунад. Вале аз нуқтаи назари таъмини амният дар кишвар Афғонистон набояд бо Покистон муноқиша кунад, балки роҳҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳоро ҷӯяд,-мегӯяд ӯ.
Аммо қабл аз ҳама дар Афғонистон бояд бӯҳрони сиёсии ҳукумат ҳал шавад, сарқонун ба самти кам кардани ваколатҳои президент тағйир дода шавад.
"Ҳар як гурӯҳи этникӣ бояд дар ҳукумат ҷои худро дошта бошад".
Барои ин бошад бояд оҷилан ҷаласаи Ҷиргаи парлумон, маҷлиси рӯҳониёни кишвар даъват карда шавад.
— Дар ҳақиқат ҳам, низоми қулайтарин дар даврони Наҷибуллоҳ буд, замоне, ки президент пушту, нахуствазир-тоҷик ва чор муовинонаш намояндагони миллатҳои гуногун буданд. Ҳумумати маҳаллӣ бояд тариқи раъйпурсӣ интихоб карда шавад, бигзор мардум волӣ, шаҳрдор ва роҳбарони вилоятҳоро худ интихоб кунанд. Дар ҳоли ҳозир бошад, роҳбарони ин ё он минтақа аз Кобул таъин карда мешавад ва аксари онҳо бо шароиту буду боши ин ё он минтақа шинос ҳам нестанд,-меӯяд Азиз Ориёнфар.
Сармуҳаррири рӯзномаи Etilaatroz —и Кобул Заки Даряби бовар дорад, ки вазъияти низомию иқтисодии Афғонистон ба ниҳояти худ расид ва бояд ислоҳоти фаврӣ қабул кард.
— Зиёда аз 40 фоизи ҳудуди Афғонистон дар дасти толибон аст. Ҳукумат наметавонад бо ин гурӯҳи радикалӣ забон ёбад ё муқобилият нишон диҳад. Ва мо намедонем, ки кадом вақт ин вазъият ҳал мешавад, мегӯяд ӯ. —Бӯҳрони навбатӣ ин сарқонун аст. Шакли президентӣ барои Афғонистон наонқадар қулай аст. Ваколатҳои президентро бояд бо дигар намояндагони ҳукумат тақсим кард.
Намояндагони ваҳдати миллӣ ҳанӯз ду сол қабл дар бораи даъвати Ҷирга ва тағйирот ба низоми раъйпурсии кишвар дода буданд, вале то ҳол кореро дар ин самт анҷом надодаанд, илова кард Даряби.
Ӯ бо боварӣ илова намуд, ки имрӯзҳо Ғанӣ ва Абдулло ҳатто бо ҳам робитае ҳам надоранд. Агар чунин давом кунад, баъди чанде Афғонистон чун давлати ягона за байн хоҳад рафт.
Рӯзноманигори тоҷик Илҳом Нарзиев, коршинос оиди Афғонистон низ вобаста ба ин мавзӯъ ибрози андеша кард.
— Сулҳ дар Афғонистон то замоне, ки ҳар як гурӯҳи этникӣ ҷою мақоми худро дар ҳукумат наёфтааст, барпо нахоҳад шуд. Шӯрое, чун Ҷирга махсусан барои ҳалли чунин масъалаҳои мушкил ташкил шуда буд. Танҳо ин ташкилот метавонад тамоми гурӯҳҳои этникӣ ва миллатҳои гуногуни Афғонистонро ба ҳам биёрад. Вале дахолати беруна дар давоми солҳои тӯлонӣ намегузорад, ки вазифаҳои сиёсӣ баробар тақсим карда шаванд,-қайд кард ӯ.
Вохӯрии рӯзноманигорон ва коршиносони Афғонистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Олмон аз ҷониби Маркази Лев Гумелёви Маскав ташкил карда шуд.