Бозиҳои Рио: бо олимпичиёни Тоҷикистон шинос мешавем

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкРамзи Бозиҳои олимпӣ дар Рио
Рамзи Бозиҳои олимпӣ дар Рио - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Олимпиадаи XXXI-ум аз 5 то 21 август дар Рио-де-Жанейро (Бразилия) баргузор мегардад. Дар бозиҳои олимпӣ шумораи рекордии медалҳо (306) ва иштироки рекордии кишварҳои ҷаҳон (206) дар назар аст. Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи бонуфузи ҷаҳонӣ ҳафт варзишгар аз рӯи чор намуди варзиш-варзиши сабук, дзюдо, муштзанӣ ва шиноварӣ муаррифӣ мекунанд.

Дар арафаи маросими кушодашавии Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро Sputnik Тоҷикистон пешниҳод менамояд, то аз наздик бо олимпичиёни тоҷик шинос шавед.

ДИЛШОД НАЗАРОВ, гурзандозӣ

© AFP 2023 / FRANCK FIFE Дилшод Назаров
Дилшод Назаров. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дилшод Назаров

6 майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.

Рекорди шахсӣ: 80,71 метр.

Хатмкунандаи донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (2001) ва Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон (2006). Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мураббиён: Зайтуна Назарова, Ғайрат Негматов, Юрий Пискунов, Владимир Машко.

Дилшод Назаров бо ордени Шараф сарфароз гардид. 28 августи соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ба Дилшод Назаров ордени Шараф супурд

Дастовардҳо: дорандаи медали нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2015 (Чин, Пекин), ғолиби секаратаи Бозиҳои Осиё дар соли 2006 (Қатар, Доха), 2010 (Чин,Гаунҷоу) ва 2015 (Кореяи ҷанубӣ, Инчхон), қаҳрамони секаратаи Осиё дар соли 2009 (Чин,Гаунҷоу), 2013 (Ҳиндустон, пуна), 2015 (Чин, Ухан). Бори чорум дар Бозиҳои олимпии тобистона баромад мекунад.

Барандаи Бозиҳои 5-уми Осиёи Миёна (Душанбе, 2003), дорандаи медали нуқраи бозиҳои Африқо ва Осиё (Ҳиндустон, 2003), ғолиб ва ҷоизадори мусобиқаҳои байналмиллалӣ. Соли 2015 бо ордени Шараф дараҷаи II мукофотонида шудааст.

Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҶТ ва президенти Федератсияи варзиши сабуки кишвар.

Пешгӯӣ: ҷои 2-3. Дилшод Назаров-яке аз беҳтарин варзишгарони тоҷик, лидери варзиши сабук мебошад. Бозиҳои Рио-2016 дар таҷрибаи варзишии ӯ олимпиадаи чорум мебошад. Ӯ-умеди мо аст. Назаров дар ҳоли ҳозир дар қуллаи баландтарини фаъолияти варзишиаш қарор дорад. Аз ҳама муҳимаш дар ҳолати хуби ҷисмонӣ будан аст. Рақиби асосии ӯ варзишгар аз Полша-Павел Файдек мебошад.

КОМРОНШОҲИ УСТОПИРИЁН, дзюдо, 90 кг

7 январи соли 1993 дар Мастҷоҳи вилояти Суғд ба дунё омадааст. Хатмкунандаи факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар соли 2015 мебошад.

Шурӯъ аз соли 2012 ба дзюдо машғул аст. Қаблан дар намуди варзиши самбо машқ мекард. Мураббии аввалини ӯ падараш-Усто Устопиров буда, баъдан бародараш Фаридун Устопиров ӯро машқ додааст. Дар ҳоли ҳозир таҳти роҳбарии Владимир Николаевич Елчанинов машқ мекунад. Устоди варзиши байналмиллалӣ мебошад.

Комроншоҳи Устопириён. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Нахустин дастоварди дзюдочиёни тоҷик дар таърихи осиёии мусобиқот

Дастовардҳо: дар мусобиқаи Ҷоми Аврупо соли 2013 дар Киев (Украина) ҷои 1 гирифта дар сабқат барои дарёфти Ҷоми Владимир Путин соли 2013 дар Хасавюрт (Доғистон)-3-юм шуд. Дар Гран при дар Алмато (Қазоқистон) ҷои 3. Дар Гран при дар Тошканд (Узбакистон, 2013)-ҷои 3. Дар ҷоми Осиё дар Тайван (2014)-ҷои 2. Дар Бозиҳио 17-уми Осиёгӣ дар Инчхон (Кореяи Ҷанубӣ,2014)-ҷои 5. Дар Гран при дар Остона (Қазоқистон,2014)-ҷои 1, дар чемпионати Осиё дар Қувайт дар соли 2015 мақоми сеюм, дар Ҷоми Осиё дар Тайван (2015) ҷои панҷум, дар Гран при дар Тошканд (2016), мақоми аввалро соҳиб шуд. Ҳамчунин иштирокчии чандинкаратаи мусобиқаҳои байналмиллалӣ мебошад.

Пешгӯӣ: ҷои 3-5. Дзюдочии ҷавон баъди Расул Боқиев дуюмин варзишгари тоҷик шуд, ки бо ба даст овардани холҳои зиёд соҳиби иҷозатномаи иштирок дар Рио гардид. Қаблан ӯ ба намуди варзиши самбо шуғл дошт, вале баъдтар пурра ба дзюдо машғул шуд.

Аз Комроншоҳи Устопириёни низ умедҳои калон дорем, ӯ чандин мартибаҳо дар мусобиқаҳои бонуфуз парчамбардори кишвар гардида аст.

МУҲАММАДМУРОД АБДУРАҲМОНОВ, дзюдо, +100 кг

© SputnikМуҳаммадмурод Абдураҳмонов
Таджикский дзюдоист Махмадмурод Абдурахмонов - Sputnik Тоҷикистон
Муҳаммадмурод Абдураҳмонов

29 ноябри соли 1986 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ба дунё омадааст.

Соли 2014 Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро хатм намудааст. Шурӯъ аз соли 2003 ба дзюдо машғул аст. Мураббии аввалин-Носир Бозоров, Айни замон таҳти роҳбарии Фаррухрӯз Собиров машқ мекунад. Устоди варзиши байналмиллалӣ мебошад. Мураббии калони нерӯҳои дохилии ВКД Тоҷикистон аст.

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Муҳаммадмурод ба Бозиҳои Рио де Жанейро роҳ ёфт

Дастовардҳо: дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон соли 2011 (Алмато, Қазоқистон) ҷои 5-ро сазовор шуда, дар Бозиҳио 16-уми Осиёӣ дар (Гуандҷо, Чин, 2010) ва Бозиҳои Осиё дар Инчхон (Кореяи ҷанубӣ, 2014) соҳиби мақоми 5-ум шуд. Дар Гран при (Тошканд, Узбакистон, 2014)-3-юм шуда, дар мусобиқаи Ҷоми Осиё дар Тайван (2015) ҷои 1-умро гирифт. Ду маротиба гирандаи Ҷоми президенти Тоҷикистон-дар солҳои 2014 ва 2015. Соли 2013 бошад сазовори мақоми аввал гардид. Ғолиби мусобиқаи байналмиллалии ба номи Саидмуъмин Раҳимов мебошад (2014).

Пешгӯӣ: ҷои 5-10. Абдураҳмонов дзюдочии таҷрибадор мебошад. Ӯ иштирокчии мусобиқаҳои зиёди байналмиллӣ ва Осиё ба шумор меравад. Мутаассифона ӯ ба рӯйхати топ-22 наафтод, вале бо квотаи минтақавӣ соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ шуд.

АНВАР ЮНУСОВ, бокс, 60 кг

© AFP 2023 / JUNG YEON-JEАнвар Юнусов (аз тарафи рост)
Анвар Юнусов (справа). Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Анвар Юнусов (аз тарафи рост)

1 феврали соли 1987 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.

Хатмкунандаи донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (2009) мебошад. Шурӯъ аз 12 солагӣ ба бокс машғул аст. Мураббии аввалини ӯ Борис Ковтун буд. Баъд таҳти роҳбарии Мирзо Шамсиев машқ кардааст. Айни замон мураббии ӯ Аббос Негматуллоев мебошад. Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Анвар Юнусов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Анвар Юнусов: ба Бразилия барои гирифтани медал меравам

Дастовардҳо: дар чемпионати ҷаҳон дар Боку (2011)-3-юм шуда, дар қаҳрамонии Осиё (Кореяи Ҷанубӣ, 2011) соҳиби ҷои 1-ум гардид. Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Иордания (2013)-мақоми сеюмро ба даст овард. Дар Ҷоми ҷаҳон (Русия,2013)-1 —ум шуд. Ғолиби чандинкаратаи мусобиқаҳои байналмиллаӣ мебошад. Бори сеюм аст, ки дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад. Дар олимпиадаи Пекин-2008 ӯ соҳиби ҷои 5-ум шуда дар Бозиҳои олимпии 2012 шикаст хӯрд.

Пешгӯӣ: ҷои 3-8. Анвар борҳо ғолиби мусобиқаҳои бонуфуз аз ҷумла Ҷоми Осиё гардидааст. Бозиҳои олимпӣ дар Рио дар фаъолияти варзишии ӯ сеюмин мебошанд.Соли 2015 дасти Анвар сахт лак хӯрда буд. Вале хушбахтона ӯ боз ба бокс баргашт ва аз миёни муштзанони тоҷик, иҷозатномаи иштирок дар Бозиҳои олимпиро ба даст овард.

Ӯ муштзани ботаҷриба аст. Вале боз ҳамааш аз ҳолити ҷосмонии ӯ ва рақибонаш вобаста хоҳад буд. Дар сурати муофиқ омадани ҳолатҳо бо пуррагӣ метавон ба ғолибияти ӯ боварӣ дошт.

КРИСТИНА ПРОНЖЕНКО, давидан ба масофаи 200 м

© SputnikКристина Пронженко
Кристина Пронженко. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кристина Пронженко

10 декабри соли 1988 дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ба дунё омадааст.

Хатмкунандаи факултаи тарбияи ҷисмонии донишгоҳи давлатии вилояти Суғд (2012) мебошад. Устоди варзиши байналмиллалӣ аст. Мураббӣ-Леонид Николаевич Пронженко. Ба варзиши сабук аз соли 2000-ум машғул аст.

Дастовардҳо: қаҳрамони чандинкаратаи Тоҷикистон, ғолиби чандинкаратиа мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Бишкек (Қирғизистон), Алмато (Қазоқистон), Тошканд (Узбакистон). Рекордчии Тоҷикистон аз рӯи намуди гуногуни варзиши сабук. Иштирокчии қаҳрамонии ҷаҳон дар Пекин (2015), Бозиҳои Осиёӣ (Кореяи Ҷанубӣ, 2014), чемпиони Осиё дар Пуна (Ҳиндустон, 2013) ва (Чин, 2015), қаҳрамонии Осиё (Қатар, Доха, 2016). Рекорди шахсӣ дар масофаи 200 метр-25,19 сония.

Мураббии варзиши сабук дар мактаби кӯдакона дар ноҳияи Мастчоҳ ва муаллимаи факултаи тарбияи ҷисмонии донишгоҳи давлатии вилояти Хуҷанд мебошад.

ОЛИМ ҚУРБОНОВ, шиноварӣ, ба масофаи 50 м намуди тарзи озод

21 июни соли 1998 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.

Шиноварӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Олимпиадаи Бразилия ду намояндаи Тоҷикистон шино мекунанд

Имсол мактаби миёнаи рақами №8-ро хатм кардааст. Аз соли 2012 ба шиноварӣ машғул аст. Мураббии аввалин-Ҳақназар Бедимоғов буда, баъд таҳти мураббигии Али-Сомон Алиаҳмадзода машқ кардааст. Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дастовардҳо: ғолиби чандинкаратаи Тоҷикистон аз рӯи намуди гуногуни шиноварӣ. Дар мусобиқаи шиноварӣ ба масофаи 50 метр дар Қазон соли 2016 соҳиби ҷои сеюм шуд. Дар Бозиҳои Осиёӣ дар (Корияи Ҷанубӣ) дар гурӯҳи худ соҳиби мақоми сеюм гардид. Рекорди шахсӣ ба масофаи 50 метр аз рӯи намуди тарзи озод-20,12 сония.

АНАСТАСИЯ ТЮРИНА, шиноварӣ ба масофаи 50 м намуди тарзи озод

© SputnikАнастасия Тюрина
Анастасия Тюрина. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Анастасия Тюрина

29 сентябри соли 2001 дар Душанбе ба дунё омадааст.

Шурӯъ аз соли 2012 ба шиноварӣ машғул аст. Мураббӣ-Катерина Измайлова. Номзад ва устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дастовардҳо: қаҳрамони чандинкаратаи Тоҷикистон аз рӯи шиноварӣ. Дар мусобиқаи қаҳрамониии ҷаҳон дар (Қатар,2014) ва Қазон (Русия,2015) иштирок кардааст.

Хонандаи синфи 8-уми мактаби миёнаи №28-и шаҳри Душанбе.

Пешгӯии умумӣ барои дорандагони квота: дорандагони квотаҳо эҳтимолан дар гурӯҳҳои худ дар сабқатҳои пешакӣ ба гирифтани ҷойҳои 6-8-ум сазовор шаванд. Агар ошкоро  гӯем, аён аст, ки аз квотадоронамон мо онқадар умеди баланд надорем. Муҳимаш бо мувафаққият баромад намудан ва натиҷаҳои хуб ба даст овардан аст. Рақобат дар намуди шиноварӣ ва давидан чунон зиёд аст, ки гирифтани ҷой имкон нахоҳад дошт.

Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Рио-2016

 6-16 август — Анвар ЮНУСОВ (бокс, дар вазни то 56 кг)

10 август - Комроншоҳ УСТОПИРИЁН (дзюдо, дар вазни то 90 кг)

12 август- Муҳаммадмурод АБДУРАҲМОНОВ (дзюдо, дар вазни +100 кг)

11-12 август — Олим ҚУРБОНОВ (шиноварӣ бо тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни мардон)

12-13 август- Анастасия ТЮРИНА (шиноварӣ бо тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни занон)

15-17 август — Кристина ПРОНЖЕНКО (давидан ба масофаи 200 метр миёни занон)

17, 19 август — Дилшод НАЗАРОВ (гурзандозӣ)

Рӯзи 20 август, маросими супурдани медалҳо ба ғолиб ва ҷоизадорони мусобиқаи гурзандозӣ баргузор мешавад.

© SputnikОлимпичиени Точикистон дар Рио
Олимпичиени Точикистон дар Рио - Sputnik Тоҷикистон
Олимпичиени Точикистон дар Рио

 

Лентаи хабарҳо
0