Муҳаммадмурод ба Бозиҳои Рио де Жанейро роҳ ёфт

© Sputnik / Игорь ЛекаркинМуҳаммадмурод Абдураҳмонов. Акс аз бойгонӣ
Муҳаммадмурод Абдураҳмонов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Паҳлавони шинохтаи тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио де Жанейро роҳхат гирифт.

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Дзюдочии номдори тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов барои иштирок дар Олимпиадаи тобистонаи Рио де Жанейро соҳиби иҷозатномаи гардид.

Варзишгари тоҷикистонӣ тавассути ба даст овардани квотаи минтақавӣ ба Бозиҳои олимпӣ роҳ ёфт. Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар рейтинги охири Федератсияи байналмиллалии ҷудо дар вазни аз 100 кило зиёд миёни 188 довталаб дар зинаи 48-ум ҷой гирифтааст.

Олимпиадаи Лондон-2012. Мавзуна Чориева парчами Тоҷикистонро мебарад - Sputnik Тоҷикистон
Олимпиада-2016: варзишгарони тоҷик дар “роҳ” ба Рио

Ёдовар мешавем, ки Муҳаммадмурод Абдураҳмонов сеюмин варзишгари тоҷик аст, ки ба Бозиҳои Олимпии Бразилия роҳхат гирифтааст. Аз ин қабл Дилшод Назаров дар риштаи гурзандозӣ ва Комроншоҳи Устопириён дар намуди варзиши ҷудо соҳиби иҷозатномаи иштирок дар Бозиҳои Олимпии 2016 гардида буданд.

Қаблан хабар дода шуд, ки боз як варзишгари тоҷик аз ҷониби рейтинги Осиё соҳиби иҷозатномаи иштирок дар бозиҳои ҷаҳонӣ хоҳад шуд. Ба ин иҷозатнома аз ҷумҳурии мо ду варзишгар- Саидҷалол Саидов ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов пешбарӣ карда шудаанд. Гирифтани иҷозатнома баъди натиҷаҳои мусобиқаи моҳи май маълум мегардад.

Мавзуна Чориева. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқарнаева ба финал баромада натавонистанд

Ёдрас мешавем, ки Олимпиадаи XXXI-ум  аз 5 то 21 август дар Рио-де-Жанейро (Бразилия) баргузор мегардад. Ин бозиҳои олимпии аввалин дар Америкаи Ҷанубӣ, дуввумин дар Америкаи Лотинӣ (баъди Олимпиадаи соли 1968) ва аввалинин сабқати олимпӣ пас аз соли 2000 инҷониб дар нимкураи ҷанубист.

Дар бозиҳои олимпӣ шумораи рекордии медалҳо (306) ва иштироки  рекордии  кишварҳои ҷаҳон (206) дар назар аст, аз ҷумла мамлакатҳои Косово ва Судани Ҷанубӣ бори нахуст дар Олимпиада ширкат хоҳанд варзид.

То имрӯз наздики 146 кишвар роҳхати ба Рио рафтанро гирифтаанд, ки теъдоди варзишгаронашон ба 5412 нафар мерасад. Дар бозиҳои олимпии соли 2016 аз рӯи 28 намуди варзиш медалҳо соҳибонашонро интизоранд.

Лентаи хабарҳо
0