Нахустин дастоварди дзюдочиёни тоҷик дар таърихи осиёии мусобиқот

Обуна шудан
Се ҷои аввалро дар ҳисобҳои умумидаставӣ тимҳои Ҷопон, ки ватани дзюдо маҳсуб мешавад, инчунин дастаҳои Муғулистон ва Қазоқистон ба даст оварданд.

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Паҳлавони маъруфи тоҷик, Комроншоҳи Устопириён ба унвони қаҳрамони Осиё дар риштаи ҷудо (дзюдо) соҳиб гардид.

Вай дар шаҳри Тошканди Ӯзбакистон, дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо, ки 15-17-уми апрел баргузор шуд, дар вазни то 90 килограмм сабқат карда, ҳамаи ҳарифонашро мағлуб кард.

Ҷудочии тоҷик Комроншоҳи Устопириён аснои сабқат. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Рақобати варзишгарони тоҷик барои имтиёзҳои олимпӣ дар Тошканд

Ин аввалин дастоварди баландтарини варзишгарони Тоҷикистон дар таърихи куштии ҷудо дар сабқатҳои осиёӣ буда, дар айни ҳол мураббии ӯ Владимир Елчанинов мебошад.

Пас аз ин пирӯзӣ, Комроншоҳи Устопириён дар арафаи Бозиҳои олимпии тобистона, ки аз 5 то 21 августи соли равон дар пойтахти Бразилия шаҳри Рио-де-Жанейро баргузор мегарданд, ба маҷмӯи имтиёзҳои (баллҳои) олимпии худ боз 400 имтиёзи дигар зам намуд.

Дар Чемпионати Осиё дар Тошканд ҳамчунин се нафар варзишгарони мо Шӯҳратҷони Фахризода, Саидҷалол Саидов ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ҷойҳои ҳафтумро соҳиб шуда, чаҳор гуштигири дигари тоҷик дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрданд.

Ғалабаи Устопириён ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон имкон дод, ки миёни 31 тими иштирокчӣ мавқеъи 6-умро касб карда, аз дастаҳои мунтахаби Ӯзбакистон, Эрон, Ҳиндустон ва Корея пеш гузарад.

Лентаи хабарҳо
0