Дар Олимпиадаи Бразилия ду намояндаи Тоҷикистон шино мекунанд

© Sputnik / Фред Гринберг / Гузариш ба медиабонкШиноварӣ. Акс аз бойгонӣ
Шиноварӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шиноварони тоҷик дар ин мавсим дар якқатор мусобиқаҳои литсензионӣ иштирок накарданд, вале ба Бозиҳои Рио-2016 бо шарафи ҷудо гардидани ду иҷозатнома ба кишварамон роҳ ёфтанд.

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Чуноне дар Федератсияи миллии шиноварӣ қайд намуданд, барои дар мусобиқаҳои литсензионӣ ширкат кардан имконият набудааст.

Сабаби асосӣ-набудани дастгирӣ. Ба ин нигоҳ накарда интизориҳои федератсия барои гирифтани иҷозатнома тасдиқ гардиданд. Федератсияи байналмиллалӣ барои шиноварон ду иҷозатнома ҷудо кард (барои мард ва зан).

Ҳамин тавр Тоҷикистонро дар Бразилия ду шиновар-Анастасия Тюрина ва Олим Қурбонов муаррифӣ хоҳанд кард.

Олимпиадаи Лондон-2012. Мавзуна Чориева парчами Тоҷикистонро мебарад - Sputnik Тоҷикистон
Олимпиада-2016: варзишгарони тоҷик дар “роҳ” ба Рио

Дар Олимпиадаи қалбӣ аз Тоҷикистон як варзишгар-Катерина Измайлова дар намуди шиноварии тарзи озод ба масофаи 50 метр иштирок карда буд. Дар фаъолияти варзишии ӯ Бозиҳои Лондон сеюм буданд. Дар ин сабқат Измайлова соҳиби ҷои панҷум гардида буд.

Соли гузашта Федератсияи шиноварии Тоҷикистон лоиҳаи рушди ин намуди варзишро дар Тоҷикистон роҳандозӣ намуд.Махсусан бо мақсади баланд бардоштани ин намудаи варзиш дар ҷумҳурӣ коршинос Валерий Негиевич даъват шуда буд.

Ӯ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд бо варзишгарон машқҳои омӯзӣ гузаронида малакаи назариявии мураббиёни ин намуди варзишро пурратар кард.

"Дар бораи ин намуди варзиш дар Тоҷикистон чи гуфтан мумкин? Имрӯзҳо намуди шиноварӣ дар Тоҷикистон дар зинаи аввали рушд қарор дорад,-гуфт коршинос.-Дар баробари ин ман заминаи моддию техникӣ, набудани ҳавзҳои шиноварӣ бо оби ҳарораташ на кам аз 27,5 дараҷаро дар назар дорам".

Ба қавли ӯ дар бастагӣ бо чунин мушкилотҳо омода намудани шиноварони касбӣ дар ҷумҳурӣ айни замон аз имкон дур аст. Ҳамчунин мактаби махсус бояд барои тайёр намудани шиноварони ҷавон ташкил шавад.

"Ман мушкилоти асосиро қайд намуда, роҳҳо ҳалли онро пешниҳод менамоям. Дар навбати аввал бояд ҳавзҳои нави шиноварӣ бунёд, ё ҳавзҳои мавҷудбуда таъмир гарданд. Ташкил додани барномаи рушди шиноварӣ дар ҷумҳурӣ бисёр муҳим аст. Аз зинаи аввал омӯзиши хурдсолон шурӯъ карда то ҷавонон ва баъд варзиши донишҷӯӣ бояд барқарор шавад. Масъалаи дигари бисёр муҳим ҷалби мураббиёни касбӣ мебошад",-хулоса кард Валерий Негиевич.

Лентаи хабарҳо
0