ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Рушди вобастагии носолим аз бозиҳои компютерӣ кӯкадонро ба фарбеҳшавӣ, бехобӣ, кори номӯътадили дилу раг оварда мерасонад, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба маҷаллаи Plos One.
"Вобастагӣ аз бозӣ-ин падидаи бисёр муҳим аст. Дар вақтҳои охир мо бештар ба кӯдаконе вомехӯрем, ки аз бозиҳои компютерӣ вобастагӣ доранд. Ин падида қисми осебпазири ҷомеа-кӯдаконро дар бар гирифта, ба зиндагии иҷтимоӣ ва саломатии онҳо таъсири манфӣ мерасонад",-изҳор дошт Кэтрин Моррисон аз донишгоҳи Калифорния дар Фуллертон (ИМА).
Мориссон ва ҳамкоронаш дар натиҷаи санҷиши ҳолати кӯдаконе, ки аз бозиҳои компютерӣ вобастагӣ доранд дар қиёс бо ҷавонони ҳамин синну сол, ки аз бозиҳои компютерӣ вобаста нестанд ба чунин хулоса омаданд.
Барои муайян намудани натиҷа олимон ба ҳар як иштирокчӣ соатҳои "махсус" доданд, ки тавассути он метавон аз фаъолияти ҳаррӯзаи кӯдак: фишори хун, набз, низоми хоб ва дигар хусусиятҳои физиологиашон бохабар гардид. Дар баробари ин равоншиносон ба ҷавонон савол медоданд ва сатҳи вобастагии онҳоро аз бозиҳои компютерӣ аз рӯи 14 нишондод муайян мекарданд.
Чуноне аз таҷриба маълум гардид, дар ҳақиқат ҳам вобастагӣ аз бозиҳои компютерӣ дар навбати аввал ба давомнокии хоби кӯдакон таъсири мусбат мерасонад. Оқибати камхобӣ бошад ба фарбеҳшавӣ оварда мерасонд, чунки кам будани давомнокии хоб ба вайрон шудани кори аъзои бадан ва зиёд шудани равған дар бадани кӯдакон оварда мерасонид.
Аз ҷумла наврасоне, ки дар давраи санҷиш аз 10 то 14 нишондод (яъне вобастагии баланд аз бозиҳои компютери)-ро нишон медоданд, дар қиёс бо кӯдаконе, ки наонқадар аз дунёи вертуалӣ вобастаанд, бештар аз фарбеҳшавӣ, баланд шудани сатҳи холестерин дар бадан ва вайрон шудани ҳазми хӯрок азият мекашиданд.
Чуноне олимон қайд мекунанд, чунин хулосаҳо танҳо дар бораи кӯдакон ва наврасон бароварда шудаанд. Вобастагӣ аз бозиҳои компютерии калонсолон ҳоло омӯхта нашудааст. Дар ояндаи наздик Моррисон ва ҳамкоронаш нақша доранд, ки вобастагии калонсолонро аз бозиҳои компютерӣ ва дар умум вобастагии инсониятро аз бозиҳои вертуалӣ омӯзанд.