Олимон гени сактаи мағзиро пайдо карданд

Озмоишгоҳ. Акс аз бойгонӣ
Озмоишгоҳ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гени FoxF2 имкон медиҳад, то дар ҳолати “хавфи баланд” қарор доштани бемор муайян гардида, барои мустаҳкам намудани рагҳои мағзи сар доруи мувофиқ тайёр шавад, мегӯяд профессори Донишкадаи кимиё ва биологияи молекулярии назди донишгоҳи Гетербург.

ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Гурӯҳи олимон дар Гетербург генеро пайдо карданд, ки чаро баъзе одамон нисбати дигарҳо хавфи баланди ба сактаи мағзӣ дучор шуданро доранд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба рӯзномаи шведии Göteborgs-Posten.

Номи гени кашфшуда FoxF2 мебошад. Ин ген дар вуҷуди ҳама ҷой дошта, дар вуҷуди бархе намуди дигар дорад. Ба назари олимон маҳз ҳамин дигаргунӣ хавфи баландро ба вуҷуд меорад.

Пизишкон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Олимон роҳи пешгирии сактаи мардонро пайдо намуданд

"Ҳар як инсон дер ё зуд ба ин беморӣ дучор мегардад. Аммо акнун метавон муайян намуд, ки чаро бархе аз одамон нисбати дигарон пештар қурбони ин маризӣ мегарданд", —гуфт Петер Карлссон, профессори Донишкадаи кимиё ва биологияи молекулярии назди донишгоҳи Гетербург.

Натиҷаҳои таҳлили маълумоти тиббӣ ва генетикии зиёда аз 150 ҳазор нафар нишон дод, ки гени FoxF2 хосиятҳои беназири рагҳои хунгузари майнаи сарро (гематоэнтсефалический барер) таъмин менамояд.

Ба қавли Петер Карлссон, ин кашфиёт дастоварди олӣ барои тадқиқоти сактаи мағзӣ буда, имкон медиҳад то фишори хуни беморон ҳангоми хавфи баланд коҳиш дода шавад. Барои муйян намудани ин хавф бояд тағйроти нишондоди гениро муфассал сабт намуд.

Дар баробари ин дарёфти ген барои тайёр намудани маводи доруӣ барои муолиҷаи бемор кӯмак мекунад.

"Дар чунин сурат тағйир додани тарзи ҳаёти солим, масалан ба варзиш машғул шудан ё аз сигоркашӣ даст кашидан, дар мавриде, ки дар хавфи баланд қарор доштани бемор маълум шавад осонтар аст",-илова кард Петер Карлссон.

Профессор дар навбати худ қайд намуд, ки ба  бемористон бо мақсади таҳқиқу муолиҷа равон кардани натиҷаи кор ҳоло барвақт аст. Таъсири намуди генҳоро ба рагҳои мағзи сар "дар ояндаи наздик" олимон маълум хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0