ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Сабқат дар Варзишгоҳи ҷумҳуриявии Душанбе соати 18:00 баргузор мегардад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо рақибони худ дар Душанбе 4 маротиба вохӯрӣ гузаронида, дар се бозӣ пирӯзӣ ба даст оварда ва як бозиро мусовӣ анҷом додааст.
Дар умум бошад, дастаи Тоҷикистон бо Қирғизистон 11 маротиба бозӣ кардаанд. Ҳамаи мо бохти Тоҷикистонро дар бозии интихобии Ҷоми КФО- 2014 хуб дар ёд дорем. Он вақт футболбозони тоҷик таҳти роҳбарии Никола Кавазович бо ҳисоби 0:1 аз дастаи Қазоқистон шикаст хӯрда, аз идомаи бозиҳо маҳрум гардиданд.
Баъдтар, бо роҳбарии Муҳсин Муҳаммадиев дастаи мо бо ҳисоби 4:1 футболбозони қирғизро мағлуб карданд. Дар бозии аввал дар Бишкек вохӯрӣ бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт. Бозии ниҳоиро доварон аз Узбакистон ҳакамӣ хоҳанд кард.
Ҳакам дар майдон довари 35-солаи ФИФА Азиз Асимов мебошад. Қабл аз бозӣ сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Мубин Эргашев бо сабаби бемории қалб дар бемористони Марказии миллии Душанбе бистарӣ шуд.
Тавре гуфта шуд, мутахассиси 42-сола вақтҳои охир худро бад ҳис мекардааст. Табибон ба ӯ ҷиддӣ тавсия доданд, ки аз футбол худдорӣ ва фавран барои табобат дар беморхона бистарӣ шавад.
Қаблан дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо Австралия бозӣ карда бо ҳисоби 0:7 бохт. Пеш аз ин бозӣ Мубин Эргашев изҳор дошта буд, ки вазифаи аввалиндараҷаи дастаи Тоҷикистон ин ба финали бозиҳои Ҷоми Осиё соли 2019 баромадан аст.
"Мутаассифона, бароямон натиҷаи бозиҳо хуб набуданд. Мо бозиҳои интиҳоӣ бозиҳои ҷаҳонии 2018-ро ғайриоддӣ ба анҷом хоҳем расонид. Бозии асосии ин силсиларо бо Қирғизистон рӯзи 29 март хоҳем анҷом дод",- изҳор дошт мураббӣ.
Ёдовар мешавем, ки бузургтарин бохти тими Тоҷикистон, ин мағлубият дар бозӣ бо мунтахаби Ҷопон дар бозиҳои интихобӣ барои қаҳрамонии ҷаҳон буд.
11 октябри соли 2011 дар Осака дастаи Тоҷикистон аз соҳибони майдон бо ҳисоби 0:8 мағлуб шуд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Аделанд дар муддати 90 дақиқа ягон гол ба дарвозаи рақиб ворид накард.
Дастаи Австралия бошад, ки дар бозӣ бартарии комил дошт, ба дарвозаи Алишер Туйчиев 30 зарба зада, 13-тои онҳо ба поячӯб расида, 7- тои дигар ба тӯри давроза ворид шуданд.
Баъди бозии Австралия- Тоҷикистон (дар гурӯҳи интихобии В) Австралия бо касби 18 имтиёз дар садри ҷадвал қарор дорад. Урдун соҳиби 13 (ҷои дуввум) ва Қирғизистон бо 11 имтиёз дар мақоми саввум қарор доранд. Тоҷикистон 5 хол (дар 7 бозӣ) ба даст оварда, Бангладеш ҳамагӣ 1 имтиёз гирифтааст.