ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон, пас аз бохти навбатии дастаи миллӣ бо сабаби бемории қалб дар Маркази тиббӣ бистарӣ шуд, иттилоъ медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
"Саломатии мутахассиси 42-сола чанд вақт боз хуб набуд. Табибон ба ӯ ҷиддӣ тавсия доданд, ки аз футбол худдорӣ ва фавран барои табобат дар беморхона бистарӣ шавад",- меафзояд манбаъ.
Чанде қабл дар варзишгоҳи "Аделаида Овал"-и Австралия дар даври нуҳуми марҳилаи дуввуми сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 тими миллии Тоҷикистон аз мунтахаби Австралия бо ҳисоби бузурги 0:7 мағлуб шуда буд.
Баъди бозгашт мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ба омодагиҳо барои бозии охирини марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 бидуни Мубин Эргашев шурӯъ кардааст, зеро саломатии ӯ хуб набуда, дар Маркази миллии тиббӣ бистарӣ гардидааст.
Маврид ба ёдоварист, Мубин Эргашев ҳамзамон сармураббии дастаи "Истиқлол"-и Душанбе маҳсуб мешавад.
Дастаи миллии Тоҷикистон дар бозии даври ниҳоии марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар гуруҳи "В" таҳти раҳбарии мураббии калони даста Роман Пилипчук ба майдон меояд.
Имрӯз, 28-уми март дар даври ниҳоии сабқати интихобӣ дастаи футболи Тоҷикистон бо мунтахаби Қирғизистон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе вориди рақобат мешавад.