ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Озмуни байналмиллалии ба номи Стенин, ки аз ҷониби "Россия сегодня" таҳти ҳимояти Комисссияи ФР оид ба равобит бо ЮНЕСКО гузаронида шуд, 6000 кори аккосони ҷавонро аз 71 кишвари дунё ҷалб кард. Ҷуғрофияи байналмиллалии озмун панҷ қитъаро дар бар гирифта, иштирокчиён аз Аврупо, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Ховари Миёна, Ҳиндустон ва Ҷанубу Шарқи Осиё, инчунин Африқо ширкат варзиданд.
Ҷуғрофияи минтақаҳои Русия бошад, шурӯъ аз Калининграду Маскав, Санкт Петербургу Владивосток то Ялта расид. Аз ҳама мавзӯъи машҳуртарини шумораи дархостҳо ин "Кишвари ман", "Акс. Қаҳрамони замони мо" ва "Рангҳои дунё. Ҳамоҳангии ҳаёт" буданд. Маросими ҷоизасупорӣ моҳи августи соли 2016 дар Маскав баргузор хоҳад шуд. Ғолибонро мукофотҳои пулӣ ва ба намоиш гузоштани аксҳояшон дар Русия ва хориҷи кишвар интизор аст.
"Имсол аз ҷиҳати иштироки ҷуғрофӣ мо ба нишондоди рекордӣ расидем-суратгирон аз панҷ қитъаи дунё дар озмун ширкат карданд. Чунин фарогирии байналмиллалӣ нишон медиҳад, ки озмуни барои ташкилотҳои русию байналмиллалии аксбардорӣ талаботи вижа дорад. Майдони асосиаш Русия буда, номҳои нави аккосонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамояд. Мо ба ҳамаи ширкаткунандагон изҳори сипос мекунем ва ба онҳо муваффақият таманно дорем", — қайд кард Александр Штол, директори идораи муштараки маълумоти аккосии МИА "Россия сегодня".
Наздики 60% дархост аз суратгирони Русия ба қайд гирифта шудааст.Иштирокчиёни фаъолтарин аз қитъаҳои Марказии Шимолу Ғарбии Урал, минтақаҳои Назди Волга ва Приморскийи округҳои федеролӣ буданд. Минтақаи марказӣ аз ҷониби аккосон аз Маскав, Белгород ва Ярославл; минтақаҳои Шимолу Ғарбӣ аз Калининград, Санкт Петербург, Новгород, Псков ва ғайраҳо; минтақаи Урал аз ҷониби Челябинск, Екатеринбург ва Тагили поён; вилояти Назди Волга аз Нижний Новгород, Қазон, Уфа,Оренбург ва ғайра; округи федеролии Сибир аз ҷониби Красноярск,Новосибирск, Омск ва ғайра муаррифӣ шуданд.
Мукофоти пулӣ барои ҷойҳои аввал, дуюм ва сеюм 50, 35 ва 25 ҳазор рубли русӣ дар панҷ мавзӯъ: "Кишвари ман", "Рангҳои дунё. Ҳамоҳангии ҳаёт", "Акс. Қаҳрамони замони мо", "Хабарҳои муҳимтарин" ва "Варзиш"-ро ташкил медиҳад. Мукофоти махсуси озмун "Гран-при", аз ҷониби доварон интихоб гардида, ғолиб соҳиби мукофоти пулӣ ба қадри 500 ҳазор рубли русӣ мегардад.
Мақсади асосии Озмуни байналмиллалии фотожурналистикаи ба номи Андрей Стенин дастгирии аксбардорони ҷавон ва ҷалби диққати омма ба фотожурналистикаи муосир мебошад. Озмун- майдони ягонаест, ки ҷомеаи аксбардории байналмиллалӣ номҳои нав ба нави журналистони суратгирро муаррифӣ намуда, онҳоро дастгирӣ мекунад ва имкон медиҳад, то меъёрҳои аксбардорӣ рушд кунад ва тавлиди аксҳои ҳуҷҷатӣ дар Русия ва ҷаҳон рушд намоянд.
Соли 2015 озмун калонтарин майдони аксбардорони ҷавон гардид, ки зиёда аз 5000 ангораҳоро аз 54 кишвари дунёро ҷамъ кард. Дар озмун аз чор қитъаи дунё, Аврупо, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Ховари Миёна,Ҳиндустон ва Ҷанубу Шарқи Осиё аксбардорон ширкат карданд. Иштирокчиён аз Русия низ аз шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург, Владивосток ва Находка фаъолияти худро ба маърази тамошо гузоштанд. Маросими ҷоизасупорӣ дар шаҳри Маскав баргузор шуд ва корҳои аккосон дар ҷашнвораҳои гуногуни ватанию берун аз он ба намоиш гузошта шуда буданд.